[1] Пас аз чанд рӯз Ӯ боз ба Кафарнаҳум омад; овоза шуд, ки Ӯ дар хона аст.
[2] Дарҳол мардуми бисьёр ҷамъ омаданд, ба андозае ки назди дари хона низ дигар ҷой набуд; ва Ӯ ба онҳо сухан мегуфт.
[3] Ва назди Ӯ бо мафлуҷе омаданд, ки вайро чор кас бардошта буданд;
[4] Ва чун ба сабаби бисьёрии мардум ба Ӯ наздик омада натавонистанд, боми он ҷоеро, ки Ӯ буд, кушода шикоф карданд ва бистареро, ки мафлуҷ дар болояш хобида буд, поён фуроварданд.
[5] Чун Исо имони онҳоро дид, ба мафлуҷ гуфт: «Эй фарзанд, гуноҳҳои ту омурзида шуд».
[6] Баъзе китобдонон, ки дар он ҷо нишаста буданд, дар дили худ андеша доштанд,
[7] Ки «чаро Ӯ ин тавр куфр мекунад? Ҷуз Худои ягона кист, ки гуноҳҳоро омурзида тавонад?»
[8] Исо дарҳол бар тибқи рӯҳи Худ дарьёфт, ки онҳо чунин андеша доранд, ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ дар дили худ ин тавр андеша доред?
[9] Кадомаш осонтар аст: ба мафлуҷ гуфтани он ки „гуноҳҳои ту омурзида шуд“, ё гуфтани он ки „бархез, бистари худро бардор ва равона шав“?
[10] Лекин то бидонед, ки Писари Одам дар рӯи замин кудрати омурзидани гуноҳҳоро дорад», — ба мафлуҷ гуфт:
[11] «Ба ту мегӯям: бархез, бистари худро бардор ва ба хонаи худ равона шав».
[12] Вай дарҳол бархост ва бистари худро бардошта, дар пеши назари ҳама равона шуд, ба тавре ки ҳама ҳайрон шуданд ва Худоро сипоскунон гуфтанд: «Мисли инро ҳаргиз надидаем».
[13] Ва боз ба канори баҳр рафт; мардум ба назди Ӯ омаданд, ва Ӯ онҳоро таълим медод.
[14] Ҳангоми рафтанаш Левӣ ибни Ҳалфойро дид, ки дар боҷгоҳ нишастааст, ва ба вай гуфт: «Аз паи Ман биё». Вай бархоста, аз паи Ӯ равона шуд.
[15] Ва ҳангоме ки Ӯ дар хонаи вай нишаста буд, бисьёре аз боҷгирон ва гуноҳкорон низ бо Исо ва шогирдонаш менишастанд; зеро ки бисьёр буданд, ва Ӯро пайравӣ менамуданд.
[16] Чун китобдонон ва фарисиён диданд, ки Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад, ба шогирдонаш гуфтанд: «Чаро Ӯ бо боҷгирон ва гуноҳкорон мехӯраду менӯшад?»
[17] Исо ин гапро шунида, ба онҳо гуфт: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд. Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам».
[18] Шогирдони Яҳьё ва фарисиён рӯза медоштанд. Ва назди Ӯ омада гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳьё ва фарисиён рӯза медоранду шогирдони Ту рӯза намедоранд?»
[19] Исо ба онҳо гуфт: «Оё аҳли кӯшки никоҳ, модоме ки домод бо онҳост, рӯза дошта метавонанд? То даме ки домод бо онҳост, наметавонанд рӯза доранд;
[20] Лекин айёме хоҳад расид, ки домод аз онҳо гирифта шавад, ва дар он айём рӯза хоҳанд дошт.
[21] Ҳеҷ кас ба ҷомаи кӯҳна аз матои нав ямоқ намемонад: зеро ямоқи нав аз чизи кӯҳна ҷудо шуда, ҷои даридаи он боз ҳам бадтар мешавад.
[22] Ва ҳеҷ кас шароби навро ба машки кӯҳна намеандозад: зеро шароби нав машкро медарад; шароб ҳам мерезад, машк ҳам талаф мешавад; балки шароби навро дар машки нав андохтан лозим аст».
[23] Ва чунин воқеъ шуд, ки Ӯ рӯзи шанбе аз киштзор мегузашт, ва шогирдонаш дар аснои роҳ ба хӯшачинӣ сар карданд.
[24] Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Бубин, онҳо дар рӯзи шанбе кореро чаро мекунанд, ки раво нест?»
[25] Ӯ ба онҳо гуфт: «Магар ҳаргиз нахондаед, ки Довуд дар эҳтиёчмандӣ чӣ кард, ҳангоме ки вай ва ёронаш гурусна буданд?
[26] Чӣ гуна вай дар айёми Абьётори саркоҳин ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро хӯрд, ки хӯрдани он, ҷуз коҳинон, ба касе раво набуд, ва ба ёрони худ низ дод?»
[27] Ба онҳо гуфт: «Шанбе барои инсон муқаррар шудааст, на инсон барои шанбе;
[28] Бинобар ин Писари Одам оғои рӯзи шанбе низ мебошад».