Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 7:08

[1] Бомдодон фавран саркоҳинон бо пирон ва китобдонон ва тамоми шӯрои пирон машварат карданд ва Исоро баста бурданду ба Пилотус таслим карданд.

[2] Пилотус аз Ӯ пурсид: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб дода гуфт: «Ту мегӯӣ».

[3] Ва саркоҳинон Ӯро бисьёр айбдор мекарданд.

[4] Пилотус боз аз Ӯ пурсид: «Ту ҳеҷ ҷавобе намедиҳӣ? Бингар, ки чӣ қадар Туро айбдор мекунанд».

[5] Лекин Исо боз ҳеҷ ҷавоб надод, ба тавре ки Пилотус дар ҳайрат монд.

[6] Дар ҳар ид вай як бандиро, ки мехостанд, барои онҳо озод мекард.

[7] Бараббос ном касе бо шариконаш дар ҳабс буд, ки онҳо дар вақти исьён одам кушта буданд.

[8] Ва мардум фарьёд зада, илтимос карданд, ки он чиро, ки ҳамеша барои онҳо мекард, ба ҷо оварад.

[9] Вай ба ҷавоби онҳо гуфт: «Оё мехоҳед, Подшоҳи Яҳудиёнро барои шумо озод кунам?»

[10] Зеро медонист, ки саркоҳинон Ӯро аз рӯи ҳасад таслим карда буданд.

[11] Лекин саркоҳинон мардумро барангехта буданд, ки Бараббосро барои онҳо озод кунад, беҳтар аст.

[12] Пилотус боз ба ҷавоби онҳо гуфт: «Пас чӣ мехоҳед бикунам бо он Касе ки Ӯро Подшоҳи Яҳудиён меномед?»

[13] Онҳо боз фарьёд заданд: «Ӯро маслуб кун!»

[14] Пилотус ба онҳо гуфт: «Ӯ чӣ бадӣ кардааст?» Лекин онҳо боз ҳам зиёдтар фарьёд заданд: «Ӯро маслуб кун!»

[15] Пас Пилотус, мардумро хушнӯд карданӣ шуда, Бараббосро барои онҳо озод кард ва Исоро тозиёна зада, барои маслуб кардан таслим кард.

[16] Ва сарбозон Ӯро ба даруни ҳавлӣ, яъне ба сарбозхона бурданд ва тамоми фавҷро гирд оварданд;

[17] Ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд ва тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд;

[18] Ва оғоз ба салом намуданд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!»

[19] Ва қамиш бар сараш заданд ва бар Ӯ туф карданд ва, зону зада, ба Ӯ таъзим карданд.

[20] Пас аз он ки Ӯро басе истеҳзо карданд, ҷомаи арғувонро аз танаш кашида, либоси худашро пӯшонданд ва Ӯро берун бурданд, то маслубаш кунанд.

[21] Ва роҳгузареро аз Қурин, ки Шимъӯн ном дошт ва падари Искандар ва Руфус буд ва аз саҳро меомад, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад.

[22] Ва Исоро ба ҷое бурданд, ки Ҷолҷолто, яъне «Ҷои косахонаи сар» ном дошт.

[23] Ва шароби бо мур омехтаро барои нӯшиданаш доданд; лекин Ӯ нанӯшид.

[24] Ононе ки Ӯро маслуб карданд, либоси Ӯро қуръа партофта тақсим карданд, то ҳар кас чизе бигирад.

[25] Ва соати сеюм буд, ки Ӯро маслуб карданд.

[26] Ва бар Ӯ чунин айбномае навишта шуда буд:«Подшоҳи Яҳудиён».

[27] Бо Ӯ ду роҳзанро, яке аз дасти росташ ва дигаре аз дасти чапаш, маслуб карданд.

[28] Пас ба амал омад он Навиштае ки мегӯяд: «Аз ҷинояткорон шумурда шуд».

[29] Ва роҳгузарон Ӯро дашном дода ва сар чунбонда, мегуфтанд: «Эй! Ту ки маъбадро вайрон карда, дар се рӯз аз нав бино мекунӣ!

[30] Худатро наҷот дода, аз салиб фурӯд ой».

[31] Ҳамчунин саркоҳинон ва китобдонон Ӯро истеҳзо карда, ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медод, лекин Худашро наҷот дода наметавонад!

[32] Масеҳ, Подшоҳи Исроил, бигзор акнун аз салиб фурӯд ояд, то бубинем ва имон оварем». Ва онҳое ки бо Ӯ маслуб шуда буданд, Ӯро дашном медоданд.

[33] Чун соати шашум расид, тамоми заминро то соати нӯҳум торикӣ фаро гирифт.

[34] Ва дар соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: «Элӯҳӣ, Элӯҳӣ! Ламма сабақтанӣ?», яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?»

[35] Баъзе аз ҳозирон, чун шуниданд, гуфтанд: «Инак, Ильёсро меҳонад».

[36] Пас шахсе шитоб карда, исфанҷеро аз сирко пур кард ва бар сари най ниҳода, ба Ӯ нӯшониданӣ шуд ва гуфт: «Биистед, бубинем, ки оё Ильёс меояд, то Ӯро фурӯд оварад?»

[37] Лекин Исо садои баланде бароварда, ҷон дод.

[38] Ва пардаи маъбад аз боло то поён дарида, ду пора шуд.

[39] Мирисаде ки рӯ ба рӯи Ӯ меистод, чун дид, ки Ӯ бо чунин садо ҷон дод, гуфт: «Ба ростӣ ин Одам Писари Худо буд».

[40] Якчанд зан низ буданд, ки аз дур нигоҳ мекарданд: аз он чумла Марьями Маҷдалия ва Марьяме ки модари Яъқуби кӯчак ва Йӯсе буд, ва Салӯмит,

[41] Ки ҳангоми дар Ҷалил буданаш аз ақиби Ӯ мерафтанд ва ба Ӯ хизмат мекарданд, ва бисьёр занони дигар, ки ҳамроҳи Ӯ ба Ерусалим омада буданд.

[42] Ва чун шом шуд, зеро ки рӯзи ҷумъа, яъне бегоҳи шанбе буд,

[43] Юсуф ном шахсе аз Ҳаромот, узви намоёни шӯро, ки худаш низ интизори Малакути Худо буд, омад ва ҷасорат карда назди Пилотус даромад ва Ҷасади Исоро талаб кард;

[44] Пилотус дар ҳайрат афтод, ки Ӯ зуд фавтидааст; ва юзбоширо талабида, аз вай пурсид, ки оё фавтид?

[45] Ва чун аз юзбошӣ фаҳмид, Ҷасадро ба Юсуф дод.

[46] Вай катоне харида ва Ҷасадро аз салиб фуроварда, ба он катон печонд ва ба қабре ки дар дохили санг тарошида буд, ниҳод; ва сангеро бар дари қабр ғелонд.

[47] Ва Марьями Маҷдалия ва Марьями модари Йӯсе диданд, ки куҷо гузошта шуд.

Инҷили Марқӯс — Chapters