[1] Ва боз дар канори баҳр ба таълим додан шурӯъ намуд; ва мардуми бисьёре назди Ӯ ҷамъ омаданд, ба тавре ки Ӯ ба қаиқ даромада, дар баҳр қарор гирифт, ва тамоми мардум дар канори баҳр меистоданд.
[2] Ва бо масалҳо онҳоро чизҳои бисьёр меомӯхт ва дар таълими Худ ба онҳо мегуфт:
[3] «Гӯш диҳед, инак корандае барои пошидани тухм берун рафт;
[4] Ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод, ва паррандагон омада, онро барчиданд;
[5] Қадаре бар санглох афтод, дар ҷое ки хок бисьёр набуд, ва бо тезӣ сабзид, зеро ки хок умқ надошт;
[6] Чун офтоб баромад, пажмурда шуд ва, азбаски реша надошт, хушк шуд;
[7] Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо қад кашида, онро пахш карданд, ва самаре надод;
[8] Қадаре дар хоки нағз афтод ва самара дод, ки он сабзид ва нашъунамо ёфт, ва бор овард, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад».
[9] Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
[10] Вақте ки танҳо монд, ҳозирон бо якҷоягии он дувоздаҳ нафар шарҳи ин масалро аз Ӯ пурсиданд.
[11] Ва ба онҳо гуфт: «Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба онҳое ки дар берунанд, ҳама чиз бо масалҳо мешавад,
[12] „Ба тавре ки онҳо бо чашмҳои худ нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, бо гӯшҳои худ мешунаванд, вале намефаҳманд, мабодо ручӯъ кунанд, ва гуноҳҳои онҳо омурзида шавад“».
[13] Ва ба онҳо гуфт: «Оё ин масалро нафаҳмидед? Пас чӣ тавр дигар масалҳоро хоҳед фаҳмид?
[14] Коранда каломро мекорад.
[15] Кошташудагон дар канори роҳ касоне мебошанд, ки дар онҳо калом кошта мешавад, ва чун шуниданд, дарҳол шайтон омада, каломи кошташударо аз дили онҳо мерабояд.
[16] Ҳамчунин кошташудагон дар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, дарҳол онро бо шодӣ қабул мекунанд,
[17] Лекин дар худ реша надоранд ва ноустурованд, ва чун аз боиси калом азияте ё таъқиботе рӯй диҳад, дарҳол ба васваса меафтанд.
[18] Кошташудагон дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд,
[19] Андешаҳои дунёӣ, ҳирси сарват ва ҳаваси чизҳои дигар дохил шуда, каломро пахш мекунанд, ва он бесамар мегардад.
[20] Ва кошташудагон дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, кабул мекунанд ва бор меоваранд, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад».
[21] Ва ба онҳо гуфт: «Оё шамъро меоваранд, то зери зарфе ё кате гузоранд? Оё на аз барои он ки ба шамъдон гузоранд?
[22] Зеро чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад; ва ҳеҷ чизи махфие набошад, ки ба зуҳур наояд.
[23] Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
[24] Ва ба онҳо гуфт: «Пайхас кунед, ки чӣ мешунавед: бо кадом андоза, ки чен кунед, ба шумо чен карда шавад ва ба шумо, ки мешунавед, боз ҳам биафзояд.
[25] Зеро, ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад».
[26] Ва гуфт: «Малакути Худо монанди касест, ки тухм бар замин пошад,
[27] Ва шабу рӯз бихобаду бархезад, ва тухм чӣ гуна сабзаду нашъунамо ёбад, вай надонад;
[28] Зеро замин худ аз худ бор меоварад, аввал майса, баъд хӯша, пас аз он донаи пурра дар хӯша;
[29] Ва чун ҳосил расид, фавран досро ба кор меандозад, зеро ки вақти дарав расидааст».
[30] Ва гуфт: «Малакути Худоро ба чӣ монанд кунем ва бо кадом масал онро тасвир намоем?
[31] Мисли донаи хардалест: вақте ки ба замин кошта мешавад, хурдтарини тухмҳои рӯи замин аст.
[32] Лекин чун кошта шуд, месабзад ва аз ҳамаи наботот бузургтар мегардад ва шохаҳои калон мерасонад, ба тавре ки мурғони ҳаво зери сояи он метавонанд паноҳ баранд».
[33] Ва бо ин гуна масалҳои бисьёр, ба қадре ки тавоноии шунидан доштанд, каломро ба онҳо баён мекард;
[34] Бе масал ба онҳо сухан намегуфт, лекин дар хилват ҳамаи маониро ба шогирдони Худ мефаҳмонд.
[35] Бегоҳии ҳамон рӯз ба онҳо гуфт: «Ба канори дигар бигзарем».
[36] Онҳо мардумро ҷавоб дода, Ӯро ҳамон тавре ки дар қаиқ буд, гирифтанд, ва чанд қаиқи дигар низ ҳамроҳи Ӯ буд.
[37] Ва тундбоди шадиде бархост, ва мавҷҳо ба қаиқ бармехӯрд, ба тавре ки он пур аз об мешуд,
[38] Ва Ӯ дар ақиби қаиқ бар болине хуфта буд. Ӯро бедор карда, гуфтанд: «Эй Устод, оё Туро парвое нест, ки мо ҳалок мешавем?»
[39] Ӯ бархоста, бодро манъ кард ва ба баҳр гуфт: «Хомӯш шав ва ором бош». Бод хомӯш шуд, ва оромии том барқарор гардид.
[40] Ва ба онҳо гуфт: «Барои чӣ шумо чунин ҳаросонед? Чаро имон надоред?»
[41] Ва онҳо хеле ба ҳарос афтода, ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки боду баҳр ҳам ба Ӯ итоат мекунанд?»