Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 7:24

[1] Ибтидои Инҷили Исои Масеҳ, Писари Худо,

[2] Чунон ки дар суҳафи анбиё навишта шудааст: «Инак, Ман қосиди Худро пешопеши Ту мефиристам, то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад.

[3] Овози нидокунандае дар биёбон: роҳи Худовандро тайёр кунед, тариқи Ӯро рост кунед».

[4] Яҳьёи Таъмиддиҳанда дар биёбон зоҳир шуд ва барои омурзиши гуноҳҳо таъмиди тавбаро мавъиза мекард.

[5] Тамоми мардуми сарзамини Яҳудо ва сокинони Ерусалим берун омада, назди вай мерафтанд ва ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар рӯди Урдун аз вай таъмид меёфтанд.

[6] Яҳьё либосе аз пашми шутур дар бар ва камарбанде аз чарм дар камар дошт, малах ва асали ёбоӣ мехӯрд.

[7] Ва мавъиза карда, мегуфт: «Аз паси ман Тавонотар аз ман меояд, ва ман сазовори он нестам, ки хам шуда, давол пойафзоли Ӯро воз кунам;

[8] Ман шуморо бо об таъмид додам, лекин Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс таъмид хоҳад дод».

[9] Дар он айём чунин воқеъ шуд, ки Исо аз Носираи Ҷалил омада, дар Урдун аз Яҳьё таъмид ёфт.

[10] Чун аз об баромад, дарҳол осмонро дид, ки шикофта аст, ва Рӯҳро, ки монанди кабӯтаре бар Ӯ нозил мешавад.

[11] Ва овозе аз осмон даррасид: «Ту Писари Маҳбуби Ман ҳастӣ, хусни таваҷҷӯҳи Ман бар Туст».

[12] Пас аз он фавран Рӯҳ Ӯро ба биёбон бурд.

[13] Ва Ӯ чиҳил рӯз дар биёбон буд, ва шайтон Ӯро меозмуд; бо даррандагон рӯз мегузаронд, ва фариштагон Ӯро парасторӣ мекарданд.

[14] Пас аз он ки Яҳьё таслим карда шуд, Исо ба Ҷалил омад ва Инҷили Малакути Худоро мавъиза кард,

[15] Ки вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: «Тавба кунед ва ба Инҷил имон оваред».

[16] Ва чун аз канори баҳри Ҷалил мегузашт, Шимъӯн ва бародараш Андриёсро дид, ки дар баҳр тӯр меандохтанд, зеро ки сайёди моҳӣ буданд.

[17] Ва Исо ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, ва Ман шуморо сайёди мардум гардонам».

[18] Дарҳол онҳо тӯри худро монда, аз паи Ӯ равона шуданд.

[19] Чун аз он ҷо каме пеш рафт, Яъқуб ибни Забдой ва бародари вай Юҳанноро дид, ки дар қаиқ тӯрҳои худро таъмир мекунанд,

[20] Ва дарҳол онҳоро даъват намуд. Онҳо падари худ Забдойро дар қаиқ бо коргарон гузошта, аз паи Ӯ равона шуданд.

[21] Ва онҳо ба Кафарнаҳум омаданд; ва дере нагузашта Ӯ дар рӯзи шанбе ба куништ даромада, ба таълим додан шурӯъ намуд.

[22] Ҳама аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро ки онҳоро ҳамчун соҳибқудрат таълим медод, на ҳамчун китобдонон.

[23] Дар куништи онҳо касе буд, ки рӯҳи палид дошт, ва якбора фарьёд зада, гуфт:

[24] «Туро бо мо чӣ кор аст, эй Исои Носирӣ? Ту барои нест кардани мо омадаӣ! Ман медонам, ки Ту кистӣ, эй Куддуси Худо!»

[25] Исо вайро манъ карда, гуфт: «Хомӯш шав ва аз вай берун ой!»

[26] Рӯҳи палид вайро ба ларза андоҳта, бо овози баланд фарьёд заду аз вай берун шуд.

[27] Ҳама ба воҳима афтоданд, ба дараҷае ки аз якдигар мепурсиданд: «Ин чист? Ин чӣ таълимоти навест, ки Ӯ ба арвоҳи палид низ боқудратона амр мефармояд, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»

[28] Ва овозаи Ӯ зуд дар тамоми сарзамини Ҷалил паҳн шуд.

[29] Ва аз куништ баромада, дарҳол бо Яъқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъӯн ва Андриёс омаданд.

[30] Модарарӯси Шимъӯн дар ҳолати табларза хобида буд; ва дарҳол Ӯро аз ин ҳолати вай хабардор карданд.

[31] Ва Ӯ наздик шуда, аз дасти вай гирифту бархезонд; табларзаи вай дарҳол нест шуду вай ба парастории онҳо машғул гашт.

[32] Бегоҳӣ, ки офтоб фурӯ рафта буд, ҳамаи беморон ва девонагонро назди Ӯ оварданд.

[33] Ва тамоми аҳли шаҳр пеши дари хона гирд омаданд.

[34] Ва Ӯ бисьёр касонро, ки ба касалиҳои гуногун гирифтор буданд, шифо бахшид ва бисьёр девҳоро берун кард ва намонд, ки девҳо сухан ронанд, зеро ки Масеҳ будани Ӯро медонистанд.

[35] Пагоҳӣ, хеле бармаҳал хеста, берун рафт ва ба хилватгоҳе расида, дар он ҷо дуо гуфт.

[36] Шимъӯн ва касоне ки наздаш буданд, аз паи Ӯ шитофтанд;

[37] Чун Ӯро ёфтанд, гуфтанд: «Ҳама Туро меҷӯянд».

[38] Ӯ ба онҳо гуфт: «Ба деҳоту шаҳрҳои наздик биравем, то ки Ман дар он ҷо низ мавъиза кунам, зеро ки Ман барои ҳамин омадаам».

[39] Ва Ӯ дар тамоми Ҷалил дар куништҳои онҳо мавъиза менамуд ва девҳоро берун мекард.

[40] Махавие назди Ӯ омада, зорӣ кард ва зону зада гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ».

[41] Исоро бар вай раҳм омад, дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!»

[42] Баъд аз ҳамин сухан махав дарҳол аз баданаш нест шуду вай пок гардид.

[43] Ва ба вай чашм ало карда, дарҳол аз Худ дур намуд

[44] Ва ба вай гуфт: «Зинҳор, ба касе чизе магӯ, балки рафта худро ба коҳин нишон деҳ ва ба бадали пок шудани худ он чи Мусо фармудааст, тақдим кун, то ба онҳо шаҳодате гардад».

[45] Лекин вай берун рафта, ин воқеаро овоза ва нақл кардан гирифт, ба дараҷае ки Ӯ дигар ошкоро ба шаҳр даромада наметавонист, балки берун аз шаҳр, дар ҷойҳои хилват рӯз мегузаронд. Ва мардум аз ҳар сӯ назди Ӯ меомаданд.

Инҷили Марқӯс — Chapters