Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 5:24

[1] Ва боз ба куништ даромад; дар он ҷо одаме буд, ки дасти хушкшудае дошт.

[2] Ва аз паи Ӯ мепоиданд, ки шояд вайро дар рӯзи шанбе шифо дихад, то ки Ӯро айбдор кунанд.

[3] Пас ба марди дастхушк гуфт: «Дар миёнҷо биист».

[4] Ва ба онҳо гуфт: «Дар рӯзи шанбе кадом кор ҷоиз аст — некӣ кардан, ё бадӣ кардан? Ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?» Лекин онҳо хомӯш монданд.

[5] Ва ба онҳо бо ғазаб назар афканда ва аз сахтдилиашон маҳзун гашта, ба он одам гуфт: «Дасти худро дароз кун». Чун дароз кард, дасташ шифо ёфт.

[6] Фарисиён фавран берун рафта, бо ҳиродиён дар ҳаққи Ӯ машварат намуданд, ки чӣ тавр Ӯро ҳалок кунанд.

[7] Лекин Исо бо шогирдонаш сӯи баҳр омад, ва мардуми бисьёре аз Ҷалил ва Яҳудо аз паи Ӯ равона шуданд,

[8] Ва аз Ерусалим, Адӯм ва он тарафи Урдун ва аз музофоти Сӯр ва Сидӯн издиҳоми бузурге, чун амалиёти Ӯро шуниданд, назди Ӯ омаданд.

[9] Ва ба шогирдони худ фармуд, ки ба сабаби бузургии издиҳом қаиқе барои Ӯ муҳайё бошад, то ки Ӯро фишор надиҳанд.

[10] Зеро бисьёр касонро Ӯ шифо дода буд, бинобар ин ҳар киро захме буд, назди Ӯ мешитофт, то Ӯро ламс кунад.

[11] Ва арвоҳи палид, чун Ӯро медиданд, пешаш меафтоданд ва фарьёдзанон мегуфтанд: «Ту Писари Худо ҳастӣ».

[12] Лекин Ӯ онҳоро сахт таъкид мекард, ки Ӯро шӯҳрат надиҳанд.

[13] Пас аз он бар фарози кӯҳе баромада, ҳар киро, ки хост, назди Худ даъват намуд; онҳо назди Ӯ омаданд.

[14] Ва дувоздаҳ нафарро таъин кард, ки ҳамроҳи Ӯ бошанд, то ки онҳоро барои мавъиза фиристад,

[15] Ва онҳоро қудрати он бошад, ки беморонро шифо диҳанд ва девҳоро берун кунанд.

[16] Ва таъин кард Шимъӯнро, ки Петрус ном ниҳод;

[17] Ва Яъқуб ибни Забдой ва Юҳанно бародари Яъқубро, ки ба онҳо Бӯнарҷис, яъне «писарони раъд» ном ниҳод;

[18] Ва Андриёс ва Филиппус ва Барталмо ва Матто ва Тумо ва Яъкуб ибни Ҳалфой ва Таддо ва Шимъӯни Қанно

[19] Ва Яхудои Исқарьютро, ки Ӯро таслим кард.

[20] Ва чун ба хонае даромаданд, боз мардум фароҳам омаданд, ба дараҷае ки онҳо фурсати нон хӯрдан ҳам надоштанд.

[21] Ва хешони Ӯ, чун шуниданд, барои дастгир кардани Ӯ омаданд, зеро мегуфтанд, ки Ӯ бехуд шудааст.

[22] Китобдононе ки аз Ерусалим омада буданд, мегуфтанд, ки Ӯ Баал‐Забул дорад ва ба воситаи калони девҳо девҳоро берун мекунад.

[23] Пас онҳоро наздаш талабида, ба онҳо бо масалҳо сухан гуфт: «Чӣ гуна метавонад шайтон шайтонро берун кунад?

[24] Агар салтанате бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он салтанат устувор истода наметавонад;

[25] Ва агар хонае бар зидди худ аз ҳам ҷудо шавад, он хона устувор истода наметавонад;

[26] Ва агар шайтон бар зидди худ ба қиём бархоста, аз ҳам ҷудо шуда бошад, вай устувор истода наметавонад, балки ҳалок мешавад.

[27] Ҳеҷ кас наметавонад ба хонаи шахси зӯроваре даромада, чизҳои вайро ғорат кунад, бе он ки аввал он зӯроварро бибандад, — ва пас аз он хонаи вайро ғорат мекунад.

[28] Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳамаи гуноҳҳои фарзандони одам ва ҳар гуна куфр, ки гуфта бошанд, омурзида мешавад;

[29] Лекин ҳар кӣ ба Рӯҳулкудс куфр гӯяд, то абад омурзида нашавад, балки ба азоби абадӣ маҳкум гардад».

[30] Зеро ки гуфтанд: «Ӯ рӯхи палид дорад».

[31] Модар ва бародарони Ӯ омада, дар берун истоданд ва ба Ӯ касеро фиристода, Ӯро талаб намуданд.

[32] Дар гирди Ӯ мардум нишаста буданд. Ва ба Ӯ гуфтанд: «Инак модари Ту ва бародарони Ту дар берун истода, Туро металабанд».

[33] Ва ба онҳо ҷавоб дода, гуфт: «Кист модари Ман ва бародарони Ман?»

[34] Ва ба онҳое ки гирди Ӯ нишаста буданд, назар афканда, гуфт: «Инак модари Ман ва бародарони Ман;

[35] Зеро ҳар кӣ хости Худоро ба ҷо оварад, ҳамон кас бародару хоҳару модари Ман аст».

Инҷили Марқӯс — Chapters