[1] Ва агар қурбонии касе забҳи саломатӣ бошад, — агар ӯ аз говони хоҳ нар ва хоҳ мода тақдим намояд, — бигзор беайби онҳоро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.
[2] Ва дасти худро бар сари қурбонии худ мемонад, ва онро назди дари хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад; ва писарони Ҳорун, коҳинон, хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.
[3] Ва ӯ аз забҳи саломатӣ инҳоро ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд тақдим менамояд: чарбуе ки амъоро мепӯшонад, ва тамоми чарбуе ки бар амъо мебошад,
[4] Ва ду гурда, ва чарбуе ки бар онҳо то худи ронҳо мебошад, ва қабати чарбуе ки бар ҷигар аст, — бигзор онро бо гурдаҳо ҷудо кунад.
[5] Ва писарони Ҳорун онро бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонанд, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.
[6] Ва агар қурбонии забҳи саломатии ӯ барои Худованд аз рама бошад, бигзор чорпои нар ё модаи беайбро тақдим намояд.
[7] Агар ӯ гӯсфанде қурбонӣ кунад, бигзор онро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.
[8] Ва ӯ дасти худро бар сари қурбонии худ мемонад, ва онро назди хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.
[9] Ва аз забҳи саломатӣ инҳоро ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд тақдим менамояд: чарбуи он, тамоми дунбаи он, ки то худи думғоза ҷудо карда шуда бошад, ва чарбуе ки амъоро мепӯшонад, ва тамоми чарбуе ки бар амъо мебошад.
[10] Ва ду гурда ва чарбуе ки бар онҳо ва бар ронҳо мебошад, ва қабати чарбуе ки бар ҷигар аст, — бигзор онро бо гурдаҳо ҷудо кунад.
[11] Ва коҳин онро бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин хӯроки қурбонии оташин аст барои Худованд.
[12] Ва агар қурбонии ӯ буз бошад, бигзор онро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.
[13] Ва ӯ дасти худро бар сари он мемонад, ва онро назди хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.
[14] Ва қурбонии худро, ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд, аз он тақдим менамояд: чарбуе ки амъоро мепӯшонад, ва тамоми чарбуе ки бар амъо мебошад,
[15] Ва ду гурда, ва чарбуе ки бар онҳо ва бар ронҳо мебошад, ва қабати чарбуе ки бар ҷигар аст, — бигзор онро бо гурдаҳо ҷудо кунад.
[16] Ва коҳин онҳоро бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин хӯроки қурбонии оташин барои атри гуворост; тамоми чарбу аз они Худованд аст.
[17] Қонуни абадӣ барои ҳамаи наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо ин аст, ки ҳеҷ чарбу ва ҳеҷ хунро нахӯред».