[1] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[2] «Ба банӣ‐Исроил амр фармо, ки ба ту равғани зайтуни зулоли кӯфташуда барои рӯшноӣ биёранд, то ки чароғ ба таври доимӣ даргиронида шавад.
[3] Ҳорун бояд онро берун аз пардаи шаҳодат дар хаймаи ҷомеъ, аз шом то субҳ, ба ҳузури Худованд ба таври доимӣ бимонад; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо.
[4] Бигзор чароғҳоро бар чароғдони пок ба таври доимӣ ба ҳузури Худованд бимонад.
[5] Ва орди маҳин бигир, ва аз он дувоздаҳ нон бипаз; барои ҳар нон бояд ду ушри эфа сарф шавад.
[6] Ва онҳоро ду қатор, — шаш адад дар ҳар қатор, — бар мизи пок ба ҳузури Худованд бимон.
[7] Ва бар ҳар қатор лебӯнои соф бимон, ва ин ёдгорӣ барои нон ва қурбонии оташин барои Худованд хоҳад буд.
[8] Дар ҳар рӯзи шанбе он бояд ба таври доимӣ ба ҳузури Худованд аз ҷониби банӣ‐Исроил гузошта шавад: ин аҳди абадист.
[9] Ва он аз они Ҳорун ва писаронаш хоҳад буд, ва онҳо бояд онро дар макони муқаддас бихӯранд, зеро ки ин аз қурбониҳои оташини Худованд барояшон қудси қудсҳост; ин фаризаи абадист».
[10] Ва писари зани исроилӣ, ки падараш марди мисрӣ буд, ба миёни банӣ‐Исроил берун омад, ва писари зани исроилӣ ва марди исроилӣ дар ӯрдугоҳ дастбагиребон шуданд.
[11] Ва писари зани исроилӣ Исмро ба забон ронда, лаънат кард, ва ӯро назди Мусо оварданд; ва номи модараш Шелӯмит бинти Дибрӣ, аз сибти Дон буд.
[12] Ва ӯро ба ҳабс гирифтанд, то даме ки ҷазояш бар тибқи амри Худованд ба онҳо эълон карда шавад.
[13] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[14] «Он лаънаткунандаро аз ӯрдугоҳ барор, ва бигзор ҳамаи онҳое ки шунидаанд, дастҳои худро бар сари ӯ монанд, ва тамоми ҷамоат ӯро сангсор кунанд.
[15] Ва ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: ҳар касе ки Худои худро лаънат кунад, барои ин гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт.
[16] Ва ҳар кӣ исми Худовандро лаънат кунад, бояд кушта шавад: тамоми ҷамоат сангсор кунанд; хоҳ ғариб бошад хоҳ тубҷоӣ, агар Исмро лаънат кунад, бигзор кушта шавад.
[17] Ва агар касе ягон одамро бикушад, вай бояд кушта шавад.
[18] Ва агар касе чорпоеро бикушад, бояд талофии онро бидиҳад: чорпое дар ивази чорпое.
[19] Ва агар касе ёри худро маиб кунад, ба вай ончунон амал бояд кард, чунон ки вай амал кардааст:
[20] Шикаст дар ивази шикаст, чашм дар ивази чашм, дандон дар ивази дандон: ҳар гуна осебе ки ӯ ба касе расонида бошад, он гуна осеб бояд ба ӯ расонида шавад.
[21] Ҳар кӣ чорпоеро кушта бошад, бояд талофии онро бидиҳад; ва ҳар кӣ одамро кушта бошад, бояд кушта шавад.
[22] Барои шумо, хоҳ ғариб бошед, хоҳ тубҷоӣ, як ҳукм хоҳад буд, зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам».
[23] Ва Мусо ба банӣ‐Исроил сухан ронд, ва онҳо лаънаткунандаро ба беруни ӯрдугоҳ бароварданд, ва ӯро сангсор карданд; ва банӣ‐Исроил ончунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, амал карданд.