[1] Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:
[2] «Одаме ки бар пӯсти баданаш вараме, ё хушкие, ё доғи равшане пайдо мешавад, ва ин бар пӯсти баданаш монанди захми махав аст, — ӯ бояд назди Ҳоруни коҳин ё назди яке аз писарони коҳинаш оварда шавад.
[3] Ва коҳин он захмро, ки бар пӯсти бадан аст, мебинад, ва агар мӯйҳои рӯи захм сафед шуда, намуди захм аз пӯсти баданаш чуқуртар бошад, — ин захми махав аст; ва коҳин инро дида, ӯро наҷис эълон мекунад.
[4] Ва агар доғи равшани сафеде бар пӯсти баданаш бошад, вале намуди он аз пӯст чуқуртар набошад, ва мӯйҳояш сафед нашуда бошад, — коҳин чунин захмдорро ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.
[5] Ва дар рӯзи ҳафтум коҳин варо мебинад, ва инак, захм дар ҳолати аввала мондааст, ва захм дар пӯст паҳн нашудааст, — коҳин дуюмбора варо ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.
[6] Ва коҳин дуюмбора варо дар рӯзи ҳафтум мебинад, ва инак, захм камранг шудааст, ва захм дар пӯст паҳн нашудааст, — коҳин варо пок эълон мекунад; ин хушкии пӯст аст, ва бигзор вай либосҳояшро бишӯяд, ва пок хоҳад буд.
[7] Ва агар хушкӣ дар пӯст паҳн шавад баъд аз он ки вай худро ба коҳин нишон дода, пок эълон карда шудааст, вай бояд дуюмбора назди коҳин ҳозир шавад.
[8] Ва коҳин мебинад, ва инак, хушкӣ дар пӯст паҳн шудааст, — коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин махав аст.
[9] Агар захми махав дар бадани касе бошад, вай бояд назди коҳин оварда шавад.
[10] Ва коҳин мебинад, ва инак, варами сафеде бар пӯст намоён аст, ва мӯйҳоро он сафед гардонидааст, ва гӯшти зиндае дар варам пайдо шудааст, —
[11] Ин бар пӯсти бадани вай махави кӯҳна аст; ва коҳин варо наҷис эълон мекунад, варо ҳатто ҷудо намегузорад, зеро ки вай бешубҳа наҷис аст.
[12] Ва агар махав бар пӯст паҳн шуда бошад, ва махав тамоми пӯсти беморро аз сараш то поҳояш пӯшонида бошад, ба андозае ки чашмони коҳин метавонад бубинад;
[13] Ва коҳин мебинад, ва инак, махав тамоми бадани варо пӯшонидааст, ӯ покии беморро эълон менамояд: азбаски тамоми бадани вай сафед шудааст, вай пок аст.
[14] Вале вақте ки бар вай гӯшти зинда намоён шавад, вай наҷис хоҳад буд.
[15] Ва ҳамин ки коҳин гӯшти зиндаро бубинад, варо наҷис эълон мекунад: гӯшти зинда наҷис аст, зеро ки махав аст.
[16] Ва агар гӯшти зинда тағьир ёфта, сафед шавад, вай бояд назди коҳин биёяд;
[17] Ва коҳин варо мебинад, ва инак, он захм сафед шудааст, ва коҳин беморро пок эълон менамояд; вай пок аст.
[18] Ва агар бар пӯсти бадани касе обила пайдо шуда, сиҳат ёфта бошад,
[19] Ва дар ҷои он обила варами сафедранге, ё доғи равшани сафеди сурхтобе ба вуҷуд омада бошад, — вай бояд онро ба коҳин нишон диҳад.
[20] Ва коҳин мебинад, ва инак, намуди он аз пӯст пасттар аст, ва мӯйҳон он сафед шудааст, — ва коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин захми махав аст, ки дар обила ба вуҷуд омадааст.
[21] Вале агар коҳин онро бубинад, ва инак, мӯйҳои сафед бар он нест, ва он аз пӯст пасттар нест, ва он камранг аст, — коҳин варо ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.
[22] Ва агар он бар пӯст паҳн шуда равад, — коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин захм аст.
[23] Ва агар он доғи равшан дар ҷояш монда, паҳн нашавад, ин омоси обила аст; ва коҳин варо пок эълон мекунад.
[24] Ё агар бар пӯсти бадани касе доғи оташ бошад, ва бар гӯшти зиндаи он доғи равшани сафеди сурхтоб ё сафед пайдо шуда бошад, —
[25] Коҳин онро мебинад, ва инак, мӯйҳо бар он доғи равшан сафед шудааст, ва намудаш аз пӯст чуқуртар аст, — ин махав аст, ки дар он доғи оташ ба вуҷуд омадааст; ва коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин захми махав аст.
[26] Ва агар коҳин онро бубинад, ва инак, бар доғи равшан мӯйҳои сафед нест, ва он аз пӯст пасттар нест, ва он камранг аст, — коҳин варо ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.
[27] Ва коҳин варо дар рӯзи ҳафтум мебинад: агар он бар пӯст паҳн шуда бошад, коҳин варо наҷис эълон мекунад: ин захми махав аст.
[28] Вале агар он доғи равшан дар ҷояш монда, бар пӯст паҳн нашавад, ва он камранг бошад, — ин варами доғи оташ аст, ва коҳин варо пок эълон мекунад, зеро ки ин омоси доғи оташ аст.
[29] Ва агар захме бар сар ё бар занахи марде ё зане бошад, —
[30] Коҳин он захмро мебинад, ва инак, намуди он аз пӯст чуқуртар аст, ва мӯйҳон зарди борик бар он намоён аст, — варо коҳин наҷис эълон мекунад: ин калӣ, яъне махави сар ё занах аст.
[31] Вақте ки коҳин ин захми калиро мебинад, ва инак, намуди он аз пӯст чуқуртар нест, ва мӯйҳои сиёҳ бар он нест, — коҳин он шахси гирифтори захми калиро ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.
[32] Ва дар рӯзи ҳафтум коҳин он захмро мебинад, ва инак, он калӣ паҳн нашудааст, ва мӯйҳои зард дар он нест, ва намуди калӣ аз пӯст чуқуртар нест, —
[33] Пас, мӯйҳои вай бояд тарошида шавад, вале ҷои калӣ тарошида нашавад, ва коҳин он шахси гирифтори калиро дуюмбора ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.
[34] Ва коҳин он калиро дар рӯзи ҳафтум мебинад, ва инак, он калӣ бар пӯст паҳн нашудааст, ва намуди он аз пӯст чуқуртар нест; он гоҳ коҳин варо пок эълон мекунад, ва вай либосҳояшро шуста, пок мешавад.
[35] Ва агар, баъд аз пок шуданаш, калӣ бар пӯст паҳн шавад, —
[36] Коҳин варо мебинад, ва инак, калӣ бар пӯст паҳн шудааст, — бигзор коҳин мӯйҳои зардро ҷустуҷӯ накунад: вай наҷис аст.
[37] Вале агар калӣ дар ҳолати аввала монда, мӯйҳои сиёҳ бар он рӯида бошад, — калӣ сиҳат ёфтааст: вай пок аст, ва коҳин варо пок эълон мекунад.
[38] Ва агар марде ё зане бар пӯсти баданашон доғҳои равшан, яъне доғҳои сафед дошта бошанд, —
[39] Коҳин мебинад, ва инак, бар пӯсти баданашон доғҳои равшани камранги сафед намоён аст, — ин баҳақ аст, ки бар пӯст пайдо шудааст; он пок аст.
[40] Ва касе ки мӯи сараш рехта бошад, вай ақраъ аст; вай пок аст.
[41] Ва агар мӯи сари вай аз тарафи пешонияш рехта бошад, вай тоссар аст; вай пок аст.
[42] Вале агар дар ҷои бемӯи ақраъ ё тоссар захми сафеди сурхтобе бошад, — ин махав аст, ки бар сари ақраъ ё тоссар пайдо шудааст.
[43] Ва коҳин варо мебинад, ва инак, варами захми сафеди сурхтобе бар ҷои бемӯи ақраъ ё тоссар намоён аст, ки ба намуди махави пӯсти бадан монанд аст, —
[44] Пас, вай махавист, вай наҷис аст; коҳин бояд варо наҷис эълон кунад; захми вай бар сари вай аст.
[45] Ва махавие ки гирифтори ин захм аст, либосҳояш бояд чок карда шавад, ва сараш шонаро набинад, ва он то мӯйлабаш пӯшонида шавад, ва вай фарьёд занад: „Наҷис! Наҷис!“
[46] Тамоми айёме ки он захм бар вай бошад, вай наҷис хоҳад буд; вай наҷис аст, вай бояд танҳо зиндагӣ кунад, яъне масканаш берун аз ӯрдугоҳ бошад.
[47] Ва агар бар либосе асари захми махав намоён бошад, хоҳ либосе аз пашм бошад, хоҳ аз катон,
[48] Хоҳ бар тори он бошад, хоҳ бар пуди он катон ва пашм, хоҳ бар чарм бошад, хоҳ бар ҳар маснӯи чармин;
[49] Ва агар он захм сабзтоб ё сурхтоб буда, бар либос, ё бар чарм, ё бар тор, ё бар пуд, ё бар ҳар колои чармин бошад, — ин захми махав аст, ва бояд ба коҳин нишон дода шавад.
[50] Ва коҳин он захмро мебинад, ва он захмдорро ҳафт рӯз ҷудо мегузорад.
[51] Ва он захмро ӯ дар рӯзи ҳафтум мебинад, ва агар он бар либос паҳн шуда бошад, хоҳ бар тор, хоҳ бар пуд, хоҳ бар чарм, яъне бар ҳар маснӯе ки аз чарм сохта шудааст, — он захм махави муфсид аст; он наҷис аст.
[52] Ва ӯ бояд он либосро бисӯзонад, хоҳ тор бошад хоҳ пуд, хоҳ аз пашм бошад хоҳ аз катон, хоҳ ҳар колои чармине ки захм бар он бошад, — зеро ки он махави муфсид аст; он бояд дар оташ сӯзонида шавад.
[53] Ва агар коҳин бубинад, ки инак, он захм бар либос паҳн нашудааст, хоҳ бар тор бошад хоҳ бар пуд, хоҳ бар ҳар колои чармин, —
[54] Коҳин амр мефармояд, ва он чиро, ки захм бар он аст, мешӯянд; ва ӯ онро дуюмбора ҷудо мегузорад.
[55] Ва коҳин захмро баъд аз шустан мебинад, ва инак, захм ҳолати аввалаи худро дигаргун накардааст, ва захм агарчи паҳн нашудааст, — он наҷис аст, онро дар оташ бисӯзон; ин фарсудагие дар абраи он ё дар астари он мебошад.
[56] Ва агар коҳин бубинад, ки инак, захм баъд аз шустани он камранг шудааст, — бигзор онро аз либос, ё аз чарм, ё аз тор, ё аз пуд дарронида ҷудо кунад.
[57] Ва агар он боз бар либос, ё бар тор, ё бар пуд, ё бар ҳар колои чармин намоён гардад, — ин махавест, ки шукуфта паҳн мешавад; он чиро, ки дорои ин захм аст, дар оташ бисӯзон.
[58] Вале он либос, ё тор, ё пуд, ё ҳар колои чарминро, ки шустаӣ, ва захм аз онҳо нест шудааст, дуюмбора бишӯй ва онҳо пок хоҳад буд».
[59] Ин аст қонун дар бораи захми махав бар либоси пашмин ё катон, ё бар тор, ё бар пуд, ё бар ҳар колои чармин, барои пок ё наҷис эълон кардани он.