[1] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[2] «Агар касе гуноҳ кунад, ва дар ҳаққи Худованд хиёнат намояд, ва ба ёри худ дар бобати амонат, ё гарав, ё моли дуздӣ мункир шавад, ё ёри худро фиреб кунад,
[3] Ё чизи гумшударо ёфта, дар ин бобат мункир шавад, ва қасами дурӯғ хӯрад дар яке аз корҳое ки одамизод карда, дар онҳо гуноҳкор мешавад, —
[4] Пас, модоме ки ӯ гуноҳ карда, муҷрим гардидааст, ӯ бояд он чиро, ки дуздидааст, ё он чиро, ки бо роҳи фиреб ба даст овардааст, ё он чиро, ки назди ӯ амонат гузошта шудааст, ё чизи гумшударо, ки ёфтааст, баргардонад.
[5] Қимати ҳар он чиро, ки дар бораи он қасами дурӯғ хӯрдааст, ӯ бояд пурра адо кунад, ва панҷьяки он қиматро бар он илова намуда, ба соҳиби он бидиҳад, дар рӯзе ки қурбонии ҷурми худро тақдим менамояд.
[6] Ва барои қурбонии ҷурми худ бигзор ба Худованд қӯчқори беайбе аз рама, мувофиқи қиматдиҳии ту, ҳамчун қурбонии ҷурм назди коҳин биёрад.
[7] Ва коҳин гуноҳи ӯро ба ҳузури Худованд кафорат менамояд, ва ӯ дар ҳар коре ки карда муҷрим гардидааст, омурзида хоҳад шуд».
[8] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[9] «Ба Ҳорун ва писаронаш амр фармуда, бигӯ: ин аст қонуни қурбонии сӯхтанӣ: бигзор қурбонии сӯхтанӣ тамоми шаб то субҳ бар оташдони қурбонгоҳ бошад, ва оташи қурбонгоҳ бар он бисӯзад.
[10] Ва бигзор коҳин пероҳани катони худро бипӯшад, ва эзори катоне бар бадани худ бипӯшад, ва хокистари қурбонии сӯхтаниро, ки оташ бар қурбонгоҳ сӯзонидааст, бардорад, ва онро назди қурбонгоҳ бимонад;
[11] Ва либосҳои худро кашида, либосҳои дигар бипӯшад, ва хокистарро берун аз ӯрдугоҳ ба макони поке барорад.
[12] Ва оташе ки бар қурбонгоҳ аст, бигзор фурӯзон буда, хомӯш нашавад; ва бигзор коҳин бар он ҳар субҳ ҳезум бисӯзонад, ва қурбонии сӯхтаниро бар он бимонад, ва чарбуи забҳи саломатиро бар он бисӯзонад.
[13] Оташи доимӣ бигзор бар қурбонгоҳ фурӯзон буда, хомӯш нашавад.
[14] Ва ин аст қонун дар бораи ҳадияи ордӣ: писарони Ҳорун бояд онро ба ҳузури Худованд бар қурбонгоҳ тақдим намоянд.
[15] Ва бигзор коҳин аз он як мушт аз орди маҳини ҳадияи ордӣ ва аз равғанаш бо тамоми лебӯное ки бар ҳадияи ордӣ мебошад, бардорад, ва бар қурбонгоҳ бисӯзонад; ин атри гуворост барои ёдгорӣ ба ҳузури Худованд.
[16] Он чи аз он боқӣ мемонад, бигзор Ҳорун ва писаронаш бихӯранд; он бояд бе хамиртуруш дар макони муқаддас хӯрда шавад; дар саҳни хаймаи ҷомеъ бигзор онро бихӯранд.
[17] Он набояд бо хамиртуруш пухта шавад; онро аз ҳадияҳои оташини Худ ҳамчун ҳиссаи онҳо додаам. Он мисли қурбонии гуноҳ ва қурбонии ҷурм қудси қудсҳо мебошад.
[18] Ҳар мардина аз миёни писарони Ҳорун метавонад онро бихӯрад, — ин фаризаи абадӣ барои наслҳои шумо аз ҳадияҳои оташини Худованд мебошад; ҳар кӣ ба онҳо бирасад, тақдис хоҳад ёфт».
[19] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[20] «Ин аст қурбонии Ҳорун ва писаронаш, ки бояд дар рӯзи тадҳин шудани худ ба Худованд тақдим намоянд: даҳьяки эфа аз орди маҳин барои ҳадияи ордии доимӣ; нисфаш барои субҳ ва нисфаш барои шом.
[21] Он бояд бар тоба бо равған тайёр карда шавад; онро бо оби ҷӯш омехта, ҳамчун ҳадияи ордии иборат аз нончаҳои бирьён биёр; барои атри гуворо ба Худованд тақдим намо.
[22] Ва коҳини тадҳиншуда, ки дар ҷои ӯ аз писаронаш хоҳад буд, инро бояд ба амал оварад; ин фаризаи абадист: он бояд комилан барои Худованд сӯзонида шавад.
[23] Ва ҳар ҳадияи ордии коҳин бояд комилан сӯзанда бошад, яъне хӯрда нашавад».
[24] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[25] «Ба Ҳорун ва писаронаш бигӯ: Ин аст қонун дар бораи қурбонии гуноҳ: дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ карда мешавад, қурбонии гуноҳ низ бояд ба ҳузури Худованд дар он ҷо забҳ карда шавад; ин қудси қудсҳост.
[26] Коҳине ки қурбонии гуноҳро ба амал меоварад, метавонад онро бихӯрад; он бояд дар макони муқаддас, дар саҳни хаймаи ҷомеъ хӯрда шавад.
[27] Ҳар чизе ки ба гӯшти он мерасад, тақдис меёбад; ва агар хуни он бар либосе пошида шавад, он чиро, ки бар он пошида шудааст, дар макони муқаддас бишӯй.
[28] Ва зарфи сафолине ки қурбонии гуноҳ дар он пухта шудааст, бояд шикаста шавад; ва агар он дар зарфи мисин пухта шуда бошад, он зарф бояд сайқал дода ва бо об шуста шавад.
[29] Ҳар мардина аз миёни коҳинон метавонад онро бихӯрад; ин қудси қудсҳост.
[30] Вале ҳар қурбонии гуноҳ, ки хунаш ба хаймаи ҷомеъ дароварда мешавад, то ки дар қудс кафорат намояд, набояд хӯрда шавад; он бояд дар оташ сӯзонида шавад.