Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

[2] «Ба банӣ‐Исроил бигӯ: агар зан ҳомила шуда, писар зояд, ҳафт рӯз нопок хоҳад буд, мисли рӯзҳои ҳайзаш нопок хоҳад буд.

[3] Ва дар рӯзи ҳаштум ғилофаки бача хатна карда мешавад.

[4] Ва сию се рӯз вай бояд дар хуни покии худ бимонад, ба ҳеҷ чизи муқаддас нарасад, ва ба қудс надарояд, то даме ки рӯзҳои покияш пур шавад.

[5] Ва агар вай духтар зояд, ду ҳафта мисли муддати ҳайзаш нопок хоҳад буд; ва шасту шаш рӯз вай бояд дар хуни покии худ бимонад.

[6] Ва чун рӯзҳои покияш барои писар ё духтар пур шавад, вай бояд барраи яксола барои қурбонии сӯхтанӣ ва чӯҷаи кабӯтар ё фохта барои қурбонии гуноҳ назди дари хаймаи ҷомеъ ба коҳин биёрад.

[7] Ва ӯ инро ба ҳузури Худованд тақдим карда, барои вай кафорат менамояд, ва вай аз ҷараёни хуни худ пок хоҳад шуд. Ин аст қонуни зане ки писар ё духтар зоида бошад.

[8] Ва агар овардани барра барояш дастрас набошад, бигзор ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар оварад, ки яке барои қурбонии сӯхтанӣ ва дигаре барои қурбонии гуноҳ аст; ва коҳин барои вай кафорат хоҳад намуд, ва вай пок хоҳад шуд».

Китоби сеуми Мусо, Ибодат — Chapters