[1] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[2] «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: идҳои Худованд, ки онҳоро шумо бояд ҷамъомадҳои муқаддас бихонед, — инҳоянд идҳои Ман:
[3] Шаш рӯз кор бояд кард, ва дар рӯзи ҳафтум шанбеи оромӣ, ҷамъомади муқаддас мебошад; ҳеҷ кор накунед; он дар ҳамаи масканҳои шумо шанбе барои Худованд аст.
[4] Инҳо идҳои Худованд, ҷамъомадҳои муқаддас мебошанд, ки онҳоро шумо бояд дар вақташ даъват намоед:
[5] Дар моҳи якум, дар рӯзи чордаҳуми моҳ, шомгоҳ, фисҳи Худованд аст.
[6] Ва дар рӯзи понздаҳуми ин моҳ фатир барои Худованд аст; хафт рӯз фатир бихӯред.
[7] Дар рӯзи якум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кор накунед.
[8] Ва ҳафт рӯз қурбониҳои оташин барои Худованд тақдим намоед; дар рӯзи ҳафтум ҷамъомади муқаддас аст; ҳеҷ кор накунед».
[9] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[10] «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: чун ба замине ки Ман ба шумо медиҳам, биёед, ва ҳосили онро дарав намоед, — банди аввали навбарҳои даравидаи худро назди коҳин биёред.
[11] Ва ӯ он бандро ба ҳузури Худованд меҷунбонад, то ки шумо сазовори таваҷҷӯҳ гардед; дар рӯзи дуюми ид коҳин онро меҷунбонад.
[12] Ва дар рӯзе ки шумо он бандро меҷунбонед, барраи яксолаи беайбе барои қурбонии сӯхтанӣ ба Худованд тақдим намоед.
[13] Ва ҳадияи ордии он ду ушр орди маҳини омехта бо равған хоҳад буд, то ки қурбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд бошад; ва ҳадияи рехтании он чорьяк ҳин шароб хоҳад буд.
[14] Ва нон, ва хӯшабирьён, ва хӯшаи тару тоза нахӯред то ҳамои рӯзе ки қурбонии Худои худро тақдим намоед; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо.
[15] Ва аз рӯзи дуюми ид, яъне аз рӯзе ки банди ҷунбониданиро меоваред, барои худ ҳафт ҳафта бишуморед, ки онҳо пурра бошанд;
[16] То рӯзи аввали баъд аз ҳафтаи ҳафтум панҷоҳ рӯз бишуморед, ва он гоҳ ҳадияи ордии наве барои Худованд тақдим намоед.
[17] Аз масканҳои худ ду нони чунбониданӣ тақдим намоед, ки аз ду ушр орди маҳин иборат бошад, ва бо хамиртуруш пухта шавад, — ин навбарҳо барои Худованд аст.
[18] Ва бо ин нон ҳафт барраи беайби яксола, ва як гӯсолаи нар, ва ду қӯчқор тақдим намоед; инҳо қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд хоҳад буд, ва ҳадияҳои ордӣ ва рехтании онҳо — қурбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд.
[19] Ва як нарбузро барои қурбонии гуноҳ, ва ду барраи яксоларо барои забҳи саломатӣ тақдим намоед.
[20] Ва коҳин онҳоро бо нони ҷунбонидании навбарҳо ба ҳузури Худованд бо якҷоягии он ду барра бояд биҷунбонад, — онҳо барои Худованд муқаддас буда, ба коҳин тааллуқ хоҳанд дошт.
[21] Ва дар ҳамон рӯз эълон намоед, ки он барои шумо ҷамъомади муқаддас бошад; ҳеҷ кор накунед; ин фаризаи абадист дар ҳамаи масканҳои шумо барои наслҳои шумо.
[22] Ва ҳангоме ки ҳосили замини худро дарав мекунед, канораи киштзори худро дар вақти дарав то ба охир дарав накунед, ва хӯшаҳои дар вақти дарав афтодаро начинед: онҳоро барои бенавоён ва ғарибон боқӣ бигузоред. Ман Худованд Худои шумо ҳастам».
[23] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[24] «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи якуми моҳ, бигзор барои шумо оромӣ бошад, яъне иди ёдгории навохтани карнайҳо ва ҷамъомади муқаддас.
[25] Ҳеҷ кор накунед, ва қурбонии оташин барои Худованд тақдим намоед».
[26] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[27] «Аммо рӯзи даҳуми ин моҳи ҳафтум рӯзи кафорат аст; бигзор барои шумо ҷамъомади муқаддас бошад; ҷонҳои худро азият диҳед, ва қурбонии оташин барои Худованд тақдим намоед.
[28] Ва дар ин рӯз ҳеҷ кор накунед, зеро ки ин рӯзи кафорат аст, то ки шуморо ба ҳузури Худованд Худои шумо кафорат намояд.
[29] Зеро ҳар касе ки дар ин рӯз ҷони худро азият намедиҳад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.
[30] Ва ҳар касе ки дар ин рӯз ягон кор мекунад, Ман ҷони варо аз миёни қавми вай нест хоҳам кард.
[31] Ҳеҷ кор накунед; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо дар ҳамаи масканҳои шумо.
[32] Ин барои шумо мисли шанбеи оромист, ва шумо ҷонҳои худро азият диҳед; дар шомгоҳи рӯзи нӯҳуми моҳ, аз шом то шом, ин шанбеи худро риоя намоед».
[33] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[34] «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: дар рӯзи понздаҳуми ин моҳи ҳафтум — иди хаймаҳо ҳафт рӯз барои Худованд аст.
[35] Дар рӯзи аввал ҷамъомади муқаддас аст: ҳеҷ кор накунед.
[36] Ҳафт рӯз қурбонии оташин барои Худованд тақдим намоед; дар рӯзи ҳаштум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад, ва шумо қурбонии оташин барои Худованд тақдим намоед; ин маҷлиси қавм аст, ҳеҷ кор накунед.
[37] Инҳо идҳои Худованд аст, ки дар онҳо шумо бояд ҷамъомадҳои муқаддасро даъват намоед, то ки қурбониҳои оташин барои Худованд тақдим кунед, яъне қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи ордӣ, забҳҳо ва ҳадияҳои рехтанӣ, — ҳар якеро дар ҳар рӯзе ки барои он муқаррар карда шудааст,
[38] Ба замми қурбониҳои шанбеҳои Худованд, ва ба замми ушрҳои шумо, ва ба замми ҳамаи назрҳои шумо, ва ба замми ҳамаи инъомҳои шумо, ки барои Худованд тақдим менамоед.
[39] Аммо дар рӯзи понздаҳуми моҳи ҳафтум, вақте ки шумо ҳосили замини худро мебардоред, иди Худовандро ҳафт рӯз ид кунед; дар рӯзи аввал оромӣ хоҳад буд, ва дар рӯзи ҳаштум — оромӣ.
[40] Ва дар рӯзи аввал мевае аз дарахти зебо, навдаҳои дарахти хурмо, ва шохаҳои дарахти пурбарг ва бедҳои наҳрро барои худ бигиред, ва ба ҳузури Худованд Худои худ ҳафт рӯз хурсандӣ кунед.
[41] Ва ин идро ҳар сол ҳафт рӯз барои Худованд ид кунед; ин фаризаи абадист барои наслҳои шумо; дар моҳи ҳафтум онро ид кунед.
[42] Ҳафт рӯз дар хаймаҳо сокин бошед; ҳар як тубҷоӣ дар Исроил бояд дар хаймаҳо сокин бошад,
[43] То наслҳои шумо бидонанд, ки Ман банӣ‐Исроилро дар хаймаҳо сокин гардонида будам, вақте ки онҳоро аз замини Миср берун овардам. Ман Худованд Худои шумо ҳастам».
[44] Ва Мусо идҳои Худовандро ба банӣ‐Исроил эълон намуд.