Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба коҳинон, яъне ба писарони Ҳорун сухан ронда, ба онҳо бигӯ: касе аз онҳо худро бо мурдае аз миёни қавми худ наҷис нагардонад,

[2] Балки фақат бо ҳамҷисми ба худаш наздик: бо модараш ва падараш ва писараш ва духтараш ва бародараш,

[3] Ва хоҳари бокирааш, ки ба ӯ наздик буда, ҳанӯз шавҳар накардааст, — метавонад худро наҷис гардонад;

[4] Ҳамчун шахси зандор набояд ӯ худро дар миёни қавми худ бо мурдае наҷис гардонида, палид шавад.

[5] Бигзор онҳо мӯи сари худро нагиранд, ва канораи риши худро натарошанд, ва бадани худро харош накунанд.

[6] Онҳо бояд барои Худои худ муқаддас бошанд, ва исми Худои худро беҳурмат накунанд, зеро ки онҳо қурбониҳои оташини Худовандро, яъне нони Худои худро тақдим менамоянд, ва бояд муқаддас бошанд.

[7] Зани зинокор ва беисматро набояд бигиранд, ва зани аз шавҳараш талоқгирифтаро набояд бигиранд, зеро ки коҳин барои Худои худ муқаддас аст.

[8] Ва ту ӯро тақдис намо, зеро ки ӯ нони Худои туро тақдим менамояд; бигзор ӯ барои ту муқаддас бошад, зеро Ман, Худованде ки шуморо тақдис менамоям, қуддус ҳастам.

[9] Ва агар духтари коҳин бо зинокорӣ худро палид созад, вай падари худро палид месозад; бигзор вай дар оташ сӯзонида шавад.

[10] Ва коҳине ки аз бародарони худ бузург аст, яъне бар сараш равғани тадҳин рехта шудааст, ва барои пӯшидани либосҳо баргумошта шудааст, — бигзор сари худро накшояд, ва либосҳои худро чок назанад,

[11] Ва ба ҳеҷ каси мурда наздик нашавад: худро ҳатто бо падараш ва модараш наҷис нагардонад,

[12] Ва аз қудс берун набарояд, ва қудси Худои худро палид накунад, зеро ки афсари равғани тадҳини Худои ӯ бар ӯст. Ман Худованд ҳастам.

[13] Ва ӯ бояд зани бокирае бигирад.

[14] Бева, талоқгирифта, палидшуда ва фоҳишаро ӯ набояд бигирад, балки бояд бокирае аз миёни қавми худ ба занӣ бигирад.

[15] Ва набояд насли худро дар қавми худ палид созад, зеро Ман Худованде ҳастам, ки ӯро тақдис менамоям».

[16] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

[17] «Ба Ҳорун сухан ронда, бигӯ: ҳеҷ кас аз зурьёти ту дар наслҳои онҳо, ки маъюбие дошта бошад, набояд наздик ояд, то ки нони Худои худро тақдим намояд,

[18] Яъне ҳар касе ки маъюб аст, наздик наояд: на кӯр, на ланг, на пучуқ, на аъҷуба,

[19] На шахси шикастапой ё шикастадаст,

[20] На кӯзпушт, на лоғарбадан, на шахсе ки ба чашмаш гул афтодааст, на пес, на кал, на шахсе ки байзаҳояш маҷақ шудааст.

[21] Хар касе ки аз насли Ҳоруни коҳин маъюбӣ дошта бошад, набояд наздик ояд, то ки қурбониҳои оташини Худовандро тақдим намояд; азбаски вай маъюб аст, набояд барои тақдим кардани нони Худои худ наздик ояд.

[22] Нони Худои худро вай аз он чи қудси қудсҳост, ва аз он чи ҳадияҳои муқаддас аст, метавонад бихӯрад.

[23] Аммо бигзор вай назди парда наояд, ва ба қурбонгоҳ наздик нашавад, зеро ки вай маъюб аст, ва қудсҳои Маро палид насозад, зеро Ман Худованд ҳастам, ки онҳоро тақдис менамоям».

[24] Ва Мусо ба Ҳорун ва писаронаш, ва ба тамоми банӣ‐Исроил сухан ронд.

Китоби сеуми Мусо, Ибодат — Chapters