Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

[2] «Ба тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯ: муқаддас бошед, зеро ки Ман, Худованд Худои шумо, қуддус ҳастам.

[3] Ҳар яке аз модари худ ва аз падари худ тарсон бошед, ва шанбеҳои Маро риоя намоед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

[4] Ба бутҳо рӯ наоваред, ва худоҳои рехташуда барои худ насозед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

[5] Ва ҳангоме ки қурбонии саломатӣ барои Худованд забҳ мекунед, онро тавре забҳ кунед, ки сазовори таваҷҷӯҳ гардед.

[6] Дар рӯзе ки онро забҳ мекунед, ва фардояш он бояд хӯрда шавад, ва он чи то рӯзи сеюм боқӣ мемонад, бояд дар оташ сӯзонида шавад.

[7] Ва агар дар рӯзи сеюм хӯрда шавад, ин қабеҳ аст, сазовори таваҷҷӯҳ намегардад.

[8] Ва ҳар кӣ онро бихӯрад, барои гуноҳаш ҷазо хоҳад ёфт, зеро ки чизи муқаддаси Худовандро беҳурмат кардааст, ва он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.

[9] Ва ҳангоме ки ҳосили замини худро дарав мекунед, канораи киштзори худро то ба охир дарав накунед, ва хӯшаҳои аз бандҳо афтодаро начинед.

[10] Ва токзори худро доначинӣ накун, ва шингилҳои афтодаи токҳоятро начин: онҳоро барои бенаво ва ғариб бимон. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

[11] Дуздӣ накунед, ва мункир нашавед, ва ба якдигар дурӯғ нагӯед.

[12] Ва ба исми Ман қасами дурӯғ нахӯред, ки исми Худои худро бо ин беҳурмат хоҳед кард. Ман Худованд ҳастам.

[13] Ҳаққи ёри худро нахӯр ва ғоратгарӣ накун, музди меҳнати муздурро назди худ то субҳ нигоҳ надор.

[14] Карро ҳақорат накун, ва пеши кӯр монеае нагузор, — аз Худои худ тарсон бош. Ман Худованд ҳастам.

[15] Дар мурофиа беинсофӣ накун, ба камбағал рӯбинӣ нанамо ва ба шахси бузург тамаллуқ накун; ёри худро аз рӯи инсоф доварӣ намо.

[16] Дар миёни қавми худ ғайбатгӯӣ накун, нисбат ба хуни ёри худ бепарво набош. Ман Худованд ҳастам.

[17] Ба бародарат дар дили худ адоват накун; ёратро мазаммат намо, ва барои ӯ гуноҳкор нахоҳӣ шуд.

[18] Аз фарзандони қавми худ интиқом накаш ва кина ба дил нагир, ва ёратро мисли худат дӯст дор. Ман Худованд ҳастам.

[19] Фароизи Маро риоят кунед; чорпои худро бо ҷинси ғайр ҷуфтӣ нанамо; киштзори худро бо ду навъ тухмӣ кишт накун; ва либоси иборат аз ду навъ матоъ, яъне аз пашм ва катон, напӯш.

[20] Ва агар марде бо зане хобида нутфа резад, ва он зан каниз ва номзади касе бошад, вале ҳанӯз барояш фидия дода нашуда бошад, ё озодӣ ба вай дода нашуда бошад, — онҳо бояд ба ҷазо мустаҳиқ карда шаванд, аммо набояд кушта шаванд, зеро ки вай озод карда нашудааст.

[21] Бигзор он мард қурбонии ҷурми худро, яъне қӯчқори қурбонии ҷурмро барои Худованд назди дари хаймаи ҷомеъ биёрад.

[22] Ва коҳин варо бо қӯчқори қурбонии ҷурм ба ҳузури Худованд барои гуноҳе ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ аз гуноҳе ки кардааст, омурзида хоҳад шуд.

[23] Ва ҳангоме ки ба замин дохил шавед ва ҳар навъ дарахти мевадор шинонед, — меваи онро номахтун ҳисоб кунед: се сол он бояд барои шумо номахтун ҳисоб ёфта, хӯрда нашавад.

[24] Ва дар соли чорум тамоми меваи он бояд барои иди ҳамду санои Худованд тақдис карда шавад.

[25] Ва дар соли панҷум меваи онро метавонед бихӯред, ва ҳосили он барои шумо афзун хоҳад шуд. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

[26] Ҳеҷ чизро бо хун нахӯред; фол накушоед ва афсун накунед.

[27] Канораи мӯи сари худро гирдогирд қайчӣ накунед, ва канораи риши худро натарошед.

[28] Ва бадани худро барои мурда нахарошед, ва ҳеҷ нақше бар худ вашм накунед. Ман Худованд ҳастам.

[29] Духтари худро беисмат намуда, ба роҳи фаҳш наандоз, то ки замин ба зино дода нашавад, ва замин пур аз фисқу фуҷур нагардад.

[30] Шанбеҳои Маро риоя намоед, ва қудси Маро ҳурмат кунед. Ман Худованд ҳастам.

[31] Ба ҷодугарон ва азоимхонон рӯ наоваред; аз паи он нашавед, ки худро аз онҳо наҷис гардонед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

[32] Пеши мӯйсафед бархез ва пирро эҳтиром намо, ва аз Худои худ тарсон бош. Ман Худованд ҳастам.

[33] Ва ҳангоме ки ғарибе бо шумо дар замини шумо маскан гирад, варо озор надиҳед.

[34] Ғарибе ки дар миёни шумо маскан гирифтааст, бигзор барои шумо мисли тубҷоии шумо бошад; ва ӯро мисли худат дӯст дор, зеро ки шумо дар замини Миср ғариб будед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.

[35] Дар мурофиа, дар андоза, дар вазн ва дар паймоиш беинсофӣ накунед.

[36] Бигзор шуморо тарозуи дуруст, сангҳои дуруст, эфаи дуруст ва ҳини дуруст бошад. Ман Худованд Худои шумо ҳастам, ки шуморо аз замини Миср берун овардаам.

[37] Пас, тамоми фароизи Маро ва ҳамаи дастурҳои Маро риоя намоед, ва онҳоро ба амал оваред. Ман Худованд ҳастам».

Китоби сеуми Мусо, Ибодат — Chapters