Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:

[2] «Ба банӣ‐Исроил сухан ронда, ба онҳо бигӯед: агар касе аз ҷисми худ ҷараёне дошта бошад, он чи аз ӯ ҷорӣ мешавад, нопок аст.

[3] Ва ин аст нопокии ӯ ба сабаби ҷараёни ӯ: хоҳ ҷараёни ӯ аз ҷисми ӯ ҷорӣ бошад, хоҳ ҷараёни ӯ дар ҷисми ӯ баста бошад, — ин нопокии ӯст.

[4] Ҳар бистаре ки шахси ҷараёндор бар он мехобад, наҷис аст, ва ҳар ашьёе ки бар он менишинад, наҷис аст.

[5] Ва ҳар кӣ ба бистари ӯ мерасад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

[6] Ва ҳар кӣ бар ашьёе менишинад, ки шахси ҷараёндор бар он нишаста буд, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

[7] Ва ҳар кӣ ба бадани шахси ҷараёндор мерасад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

[8] Ва агар шахси ҷараёндор бар каси пок туф кунад, он кас бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

[9] Ва ҳар зине ки шахси ҷараёндор бар он савор мешавад, наҷис аст.

[10] Ва ҳар кӣ ба ҳар он чи дар таги ӯ буд, мерасад, то шом наҷис хоҳад буд; ва ҳар кӣ он ашьёро мебардорад, бояд либосҳои худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

[11] Ва ҳар касе ки шахси ҷараёндор ба ӯ мерасад, бе он ки дастҳояшро бо об шуста бошад, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

[12] Ва зарфи сафолин, ки шахси ҷараёндор ба он мерасад, бояд шикаста шавад; ва ҳар зарфи чӯбин бояд бо об шуста шавад.

[13] Ва ҳангоме ки шахси ҷараёндор аз ҷараёни худ пок мешавад, ӯ бояд аз вақти пок шуданаш ҳафт рӯз шумурда, либосҳои худро бишӯяд ва бадани худро дар оби равон ғусл диҳад, ва пок хоҳад буд;

[14] Ва дар рӯзи ҳаштум ӯ барои худ ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар мегирад, ва ба хузури Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ, онҳоро ба коҳин медиҳад.

[15] Ва коҳин якеро ҳамчун қурбонии гуноҳ ва дигареро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ тақдим мекунад; ва коҳин ӯро ба ҳузури Худованд аз ҷараёни ӯ кафорат менамояд.

[16] Ва агар аз марде ҷараёни нутфа берун ояд, ӯ бояд тамоми бадани худро дар об ғусл диҳад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

[17] Ва ҳар либос ва ҳар пӯст, ки ҷараёни нутфа бар он бошад, бояд бо об шуста шавад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

[18] Ва агар ба марде, ҳангоме ки бо зане хобида бошад, ҷараёни нутфа рӯй диҳад, бояд онҳо дар об ғусл кунанд, ва то шом наҷис хоҳанд буд.

[19] Ва агар зане ҷараён дошта бошад, яъне ҷараёни хуне ки аз ҷисми вай ҷорӣ мешавад, — вай бояд ҳафт рӯз дар ҳайзи худ бимонад; ва ҳар кӣ ба вай мерасад, то шом наҷис хоҳад буд.

[20] Ва ҳар чизе ки вай дар вақти ҳайзи худ бар он мехобад, наҷис аст; ва ҳар чизе ки вай бар он менишинад, наҷис аст.

[21] Ва ҳар кӣ ба бистари вай мерасад, бояд либоси худро бишӯяд, ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

[22] Ва ҳар кӣ ба ҳар ашьёе мерасад, ки вай бар он нишаста буд, бояд либоси худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

[23] Ва агар бар бистари вай ё бар ашьёе ки вай бар он нишаста буд, чизе бошад, ҳангоме ки касе ба он чиз мерасад, то шом наҷис хоҳад буд.

[24] Ва агар марде бо вай бихобад, — ҳайзи вай бар ӯ хоҳад буд, ва ӯ ҳафт рӯз наҷис хоҳад гардид; ва ҳар бистаре ки ӯ бар он мехобад, наҷис хоҳад буд.

[25] Ва агар зане рӯзҳои бисьёр, бидуни замони ҳайзаш, ҷараёни хун дошта бошад, ё ки ҷараёнаш зиёда аз замони ҳайзаш давом кунад, — тамоми айёми ҷараёни нопокии вай мисли рӯзҳои ҳайзи вай хоҳад буд; вай наҷис аст.

[26] Ҳар бистаре ки вай тамоми айёми ҷараёни худ бар он мехобад, барои вай мисли бистари ҳайзаш хоҳад буд; ва ҳар ашьёе ки вай бар он менишинад, мисли нопокии ҳайзи вай наҷис хоҳад буд.

[27] Ва ҳар кӣ ба он ашьё мерасад, наҷис хоҳад буд, ва бояд либоси худро бишӯяд ва дар об ғусл кунад, ва то шом наҷис хоҳад буд.

[28] Ва ҳангоме ки вай аз ҷараёни худ фориғ мешавад, вай бояд ҳафт рӯз барои худ бишморад, ва баъд аз он пок хоҳад буд.

[29] Ва дар рӯзи ҳаштум вай ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар барои худ мегирад, ва онҳоро ба коҳин, назди дари хаймаи ҷомеъ мебиёрад.

[30] Ва коҳин якеро ҳамчун қурбонии гуноҳ ва дигареро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ тақдим мекунад; ва коҳин варо ба ҳузури Худованд аз ҷараёни нопокии вай кафорат менамояд.

[31] Пас, банӣ‐Исроилро аз нопокии онҳо эҳтиёт кунед, то ки маскани Маро, ки дар миёни онхост, палид гардонида, дар нопокии худ намиранд».

[32] Ин аст қонун дар бораи касе ки ҷараён дорад, ва дар бораи касе ки нутфа аз вай берун омада, варо наҷис мегардонад,

[33] Ва дар бораи зане ки дар вақти ҳайзи худ азият мекашад, ва дар бораи шахсе ки ҷараён дорад, — хоҳ мард бошад хоҳ зан, — ва дар бораи марде ки бо зани нопок мехобад.

Китоби сеуми Мусо, Ибодат — Chapters