[1] Ва дар рӯзи ҳаштум чунин воқеъ шуд, ки Мусо Ҳорун ва писарони ӯ ва пирони Исроилро даъват намуд.
[2] Ва ба Ҳорун гуфт: «Гӯсолаи наре барои қурбонии гуноҳ ва қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ бигир, ки ҳар ду беайб бошанд, ва ба ҳузури Худованд тақдим намо.
[3] Ва ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: „Нарбузе барои қурбонии гуноҳ, ва гӯсола ва барраи яксолае ки беайб бошанд, барои қурбонии сӯхтанӣ бигиред,
[4] Ва барзагов ва қӯчқоре барои забҳҳои саломатӣ, то ки ба ҳузури Худованд забҳ карда шавад, ва ҳадияи ордии бо равған омехташуда; зеро ки имрӯз Худованд ба шумо зоҳир хоҳад шуд“».
[5] Ва он чиро, ки Мусо амр фармуда буд, назди хаймаи ҷомеъ оварданд; ва тамоми ҷамоат наздик омада, ба ҳузури Худованд истоданд.
[6] Ва Мусо гуфт: «Ин аст он чи Худованд амр фармудааст, ки ба амал оваред, ва ҷалоли Худованд ба шумо зоҳир хоҳад шуд».
[7] Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ба қурбонгоҳ наздик биё, ва қурбонии гуноҳи худ ва қурбонии сӯхтании худро тақдим карда, барои худат ва барои ҷамоат кафорат намо; ва қурбонии қавмро тақдим карда, барои онҳо кафорат намо, чунон ки Худованд амр фармудааст».
[8] Ва Ҳорун ба қурбонгоҳ наздик омада, гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худаш буд, забҳ кард.
[9] Ва писарони Ҳорун хунро назди ӯ оварданд, ва ӯ ангушти худро дар хун ғӯтонида, бар шохҳои қурбонгоҳ молид; ва хунро бар буньёди қурбонгоҳ рехт.
[10] Ва чарбу, ва гурдаҳо, ва қабати чарбуи рӯи ҷигари қурбонии гуноҳро бар қурбонгоҳ сӯзонид, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
[11] Ва гӯшт ва пӯстро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ сӯзонид.
[12] Ва қурбонии сӯхтаниро забҳ кард, ва писарони Ҳорун хунро назди ӯ оварданд, ва ӯ онро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.
[13] Ва андом ва каллаи қурбонии сӯхтаниро назди ӯ оварданд, ва ӯ бар қурбонгоҳ сӯзонид.
[14] Ва амъо ва почаҳоро шуста, бо қурбонии сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ сӯзонид.
[15] Ва қурбонии қавмро наздик овард, ва нарбузи гуноҳро, ки барои қавм буд, гирифт, ва онро забҳ карда, монанди қурбонии пешина, барои гуноҳ тақдим намуд.
[16] Ва қурбонии сӯхтаниро наздик оварда, бар тибқи дастур тақдим намуд.
[17] Ва ҳадияи ордиро наздик овард, ва мушташро аз он пур карда, илова ба қурбонии сӯхтании субҳ бар қурбонгоҳ сӯзонид.
[18] Ва барзагов ва қӯчқорро, ки забҳи саломатӣ барои қавм буд, забҳ намуд; ва писарони Ҳорун хунро назди ӯ оварданд, ва ӯ онро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.
[19] Ва низ чарбуи барзагов ва қӯчқорро: дунба ва он чи амъоро мепӯшонад, ва гурдаҳо, ва қабати чарбуи рӯи ҷигарро, —
[20] Ва чарбуро бар синаҳо монданд; ва ӯ чарбуро бар қурбонгоҳ сӯзонид.
[21] Ва Ҳорун синаҳо ва соқи ростро, ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ, ба хузури Худованд ҷунбонид, чунон ки Мусо амр фармуда буд.
[22] Ва Ҳорун дастҳои худро сӯи қавм боло бардошта, онҳоро баракат дод, ва баъд аз тақдим кардани қурбонии гуноҳ ва қурбонии сӯхтанӣ ва забҳи саломатӣ фурӯд омад.
[23] Ва Мусо ва Ҳорун ба хаймаи ҷомеъ даромаданд, ва берун омада, қавмро баракат доданд; ва ҷалоли Худованд ба тамоми қавм зоҳир шуд.
[24] Ва оташе аз ҳузури Худованд берун омада, қурбонии сӯхтанӣ ва чарбуро бар қурбонгоҳ сӯзонид, ва тамоми қавм инро дида, ба ваҷд омаданд, ва бар рӯи худ афтоданд.