[1] Ва чун мерафт, як кӯри модарзодро дид.
[2] Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсида, гуфтанд: «Эй Устод! Кӣ гуноҳ кард: ин одам ё падару модараш, ки вай кӯр зоида шуд?»
[3] Исо ҷавоб дод: «На ин одам гуноҳ кард ва на падару модараш, балки барои он ки дар вай аъмоли Худо ошкор гардад;
[4] То вақте ки рӯз аст, Ман бояд аъмоли Фиристандаи Худро ба ҷо оварам; шаб ки ояд, ҳеҷ кас наметавонад коре бикунад;
[5] То вақте ки Ман дар ҷаҳон ҳастам, нури ҷаҳонам».
[6] Инро гуфта, оби даҳан бар замин андохт, ва бо он об гил сохт, ва он гилро ба чашмони кӯр молид,
[7] Ва ба вай гуфт: «Бирав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ, ки маънояш „Фиристода“ мебошад, худро бишӯй». Вай рафта, худро шуст, ва бино шуда, омад.
[8] Ҳамсоягон ва касоне ки пеш аз он вайро дар ҳолати кӯрӣ дида буданд, гуфтанд: «Оё ин ҳамон нест, ки нишаста, гадоӣ мекард?»
[9] Баъзе гуфтанд: «Ҳамон аст». Ва баъзе гуфтанд: «Фақат ба вай монанд аст». Вале худи вай гуфт: «Ман ҳамонам».
[10] Ба вай гуфтанд: «Пас чӣ тавр чашмони ту воз шуд?»
[11] Вай дар ҷавоб гуфт: «Касе ки Исо номида мешавад, гил сохта, ба чашмонам молид ва гуфт: „Бирав ва дар ҳавзи Шилӯаҳ худро бишӯй“. Ман рафта, худро шустам ва бино шудам».
[12] Ба вай гуфтанд: «Ӯ куҷост?» Гуфт: «Намедонам».
[13] Он одамро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд.
[14] Ва он рӯзе ки Исо гил сохта, чашмони вайро воз кард, рӯзи шанбе буд.
[15] Фарисиён низ аз вай пурсиданд, ки чӣ тавр бино шуд. Ба онҳо гуфт: «Гил сохта, ба чашмонам гузошт, ва ман худро шуста, бино шудам».
[16] Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Он Шахс аз ҷониби Худо нест, чунки шанберо нигоҳ намедорад». Дигарон гуфтанд: «Чӣ тавр як шахси гуноҳкор чунин мӯъҷизот нишон дода метавонад?» Ва дар байни онҳо ихтилоф афтод.
[17] Боз ба он кӯр гуфтанд: «Дар бораи Ӯ, ки чашмони туро кушод, чӣ мегӯӣ?» Гуфт: «Пайғамбар аст».
[18] Яҳудиён бовар накарданд, ки вай кӯр буду бино шуд, то ин ки падару модари он биношударо даъват намуда,
[19] Аз онҳо пурсиданд: «Оё ин аст писари шумо, ки мегӯед: кӯр зоида шудааст? Пас чӣ тавр вай алҳол бино шудааст?»
[20] Падару модари вай дар ҷавоби онҳо гуфтанд: «Мо медонем, ки ин писари мост, ва кӯр зоида шудааст;
[21] Лекин алҳол чӣ тавр бино шудааст, намедонем; ва чашмони вайро кӣ воз кардааст, намедонем; вай болиғ аст, аз худаш пурсед, то аҳволи худро баён кунад».
[22] Падару модараш чунин гуфтанд, чунки аз яҳудиён метарсиданд; зеро ки яҳудиён аллакай забон як карда буданд, ки ҳар кӣ Ӯро чун Масеҳ эътироф намояд, аз куништ биронанд;
[23] Аз ин сабаб падару модараш гуфтанд, ки «вай болиғ аст, аз худаш пурсед».
[24] Он гоҳ бори дигар он одамро, ки кӯр буд, талабида, гуфтанд: «Худоро сано гӯй; мо медонем, ки Он Шахс гуноҳкор аст».
[25] Дар ҷавобашон гуфт: «Оё гуноҳкор аст ё не, намедонам; як чизро медонам, ки кӯр будам ва ҳоло бино ҳастам».
[26] Боз ба вай гуфтанд: «Бо ту чӣ кор кард? Чӣ тавр чашмони туро воз кард?»
[27] Ба онҳо ҷавоб дод: «Аллакай ба шумо гуфтам, ва гӯш надодед: чаро мехоҳед дубора бишнавед? Оё шумо низ мехоҳед шогирдони Ӯ шавед?»
[28] Вайро мазаммат намуда, гуфтанд: «Ту шогирди Ӯ ҳастӣ, мо шогирдони Мусоем;
[29] Мо медонем, ки Худо ба Мусо сухан гуфт; лекин Ин Шахсро намедонем аз куҷост».
[30] Он одам дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ва ҳол он ки Ӯ чашмони маро воз кард.
[31] Мо медонем, ки Худо дуои гуноҳкоронро намешунавад, лекин агар касе худотарс бошаду иродаи Ӯро ба ҷо оварад, дуояшро мешунавад;
[32] Ҳаргиз шунида нашудааст, ки касе чашмони кӯри модарзодро воз карда бошад;
[33] Агар Ӯ аз ҷониби Худо намебуд, ҳеҷ кор карда наметавонист».
[34] Дар ҷавоби вай гуфтанд: «Ту, ки комилан дар гуноҳ таваллуд ёфтаӣ, моро таълим медиҳӣ?» Пас вайро бадар ронданд.
[35] Исо чун шунид, ки вайро бадар рондаанд, вайро ёфта, гуфт: «Оё ту ба Писари Одам имон дорӣ?»
[36] Дар ҷавоб гуфт: «Эй оғо, Ӯ кист, то ки ба Ӯ имон оварам?»
[37] Исо ба вай гуфт: «Ту Ӯро дидаӣ, ва Ӯ ҳамон аст, ки ҳоло бо ту гуфтугӯ мекунад».
[38] Гуфт: «Имон дорам, Худовандо!» Ва ба Ӯ саҷда кард.
[39] Ва Исо гуфт: «Ман барои доварӣ ба ин ҷаҳон омадаам, то ки кӯрон бино ва биноён кӯр шаванд».
[40] Баъзе аз фарисиён, ки назди Ӯ буданд, чун шуниданд, ба Ӯ гуфтанд: «Наход ки мо ҳам кӯр бошем?»
[41] Исо ба онҳо гуфт: «Агар кӯр мебудед, гуноҳ намедоштед; аммо чун мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳи шумо мемонад».