Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 7:59

[1] Пас аз он Исо дар Ҷалил мегашт, зеро намехост дар Яҳудо бошад, чунки яҳудиён қасди куштани Ӯ доштанд.

[2] Ва иди яҳудиён, ки иди хаймаҳо бошад, наздик буд.

[3] Пас бародаронаш ба Ӯ гуфтанд: «Ин ҷоро тарк карда, ба Яҳудо равона шав, то ки шогирдонат низ он аъмолеро, ки Ту ба ҷо меоварӣ, бубинанд;

[4] Зеро касе ки мехоҳад машҳур шавад, дар пинҳонӣ амал намекунад; агар Ту чунин аъмолро ба ҷо меоварӣ, Худро ба ҷаҳон бинамо».

[5] Зеро бародаронаш низ ба Ӯ имон наоварда буданд.

[6] Исо ба онҳо гуфт: «Вақти Ман ҳанӯз нарасидааст, лекин барои шумо ҳар вақт муносиб аст;

[7] Ҷаҳон наметавонад ба шумо адоват дошта бошад, лекин ба Ман адоват дорад, чунки Ман бар он шаҳодат медиҳам, ки аъмолаш бад аст;

[8] Шумо ба ин ид биравед, аммо Ман ҳоло ба ин ид намеравам, чунки вақти Ман ҳанӯз пур нашудааст».

[9] Инро ба онҳо гуфта, дар Ҷалил монд.

[10] Вақте ки бародаронаш ба ид омаданд, Ӯ низ омад, на ошкоро, балки пинҳонӣ.

[11] Аммо яҳудиён Ӯро дар ид ҷустуҷӯ намуда, мегуфтанд, ки: «Ӯ куҷост?»

[12] Ва дар миёни мардум дар бораи Ӯ гуфтугӯи бисьёре буд. Баъзеҳо мегуфтанд: «Ӯ некӯст», аммо дигарон мегуфтанд: «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад».

[13] Лекин, аз тарси яҳудиён, ҳеҷ кас дар бораи Ӯ ошкоро сухан намегуфт.

[14] Чун нисфи ид гузашт, Исо ба маъбад омада, таълим дод.

[15] Ва яҳудиён дар ҳайрат афтода, гуфтанд: «Ин Шахс Навиштаҳоро чӣ гуна медонад, дар сурате ки ҳаргиз таълим наёфтааст?»

[16] Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълими Ман аз они Ман нест, балки аз они Фиристандаи Ман аст;

[17] Агар касе хоҳад иродаи Ӯро ба амал оварад, дар бораи ин таълим хоҳад донист, ки оё он аз Худост, ё ки Ман аз Худ сухан мегӯям.

[18] Ҳар кӣ аз худ сухан гӯяд, ҷалоли худро меҷӯяд; вале ҳар кӣ ҷалоли Фиристандаи Худро меҷӯяд, Ӯ ҳақиқист, ва дар Ӯ норостӣ нест.

[19] Оё Мусо ба шумо шариатро надод? Ва касе аз шумо аз рӯи шариат амал намекунад. Чаро мехоҳед Маро бикушед?»

[20] Мардум дар ҷавоб гуфтанд: «Ту дев дорӣ. Кӣ мехоҳад Туро бикушад?»

[21] Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Як кор кардам, ва ҳамаи шумо дар ҳайрат мондед;

[22] Мусо ба шумо хатнаро дод, ки он на аз Мусо, балки аз падарон буд, ва шумо писарони худро дар рӯзи шанбе хатна мекунед.

[23] Модоме ки писаронро дар рӯзи шанбе хатна мекунанд, то ки шариати Мусо вайрон нашавад, пас чаро бар Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи шанбе касеро шифои комил додаам?

[24] Аз рӯи намуди зоҳирӣ доварӣ накунед, балки аз рӯи адолат доварӣ кунед».

[25] Он гоҳ баъзе аз аҳли Ерусалим гуфтанд: «Оё ин Ҳамон Касе нест, ки Ӯро мехоҳанд бикушанд?

[26] Инак, Ӯ ошкоро сухан мегӯяд, ва ба Ӯ чизе намегӯянд: оё сардорон яқин донистаанд, ки Ӯ дар ҳақиқат Масеҳ аст?

[27] Лекин мо медонем, ки Ин Шахс аз куҷост, аммо чун Масеҳ ояд, касе нахоҳад донист, ки Ӯ аз куҷост».

[28] Ва Исо, вақте ки дар маъбад таълим медод, нидо карда, гуфт: «Маро мешиносед, ва низ медонед, ки Ман аз куҷо ҳастам; ва Ман аз Худ наомадаам, вале Фиристандаи Ман ҳақиқист, ки шумо Ӯро намешиносед;

[29] Аммо Ман Ӯро мешиносам, чунки ман аз ҷониби Ӯ ҳастам, ва Ӯ Маро фиристодааст».

[30] Он гоҳ хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале касе даст бар Ӯ наандохт, чунки ҳанӯз соаташ нарасида буд.

[31] Лекин бисьёре аз мардум ба Ӯ имон оварданд ва гуфтанд: «Чун Масеҳ ояд, наход ки аз Ин Шахс бештар аломот нишон хоҳад дод?»

[32] Ва фарисиён шуниданд, ки мардум дар бораи Ӯ чунин мегӯянд, пас фарисиён ва саркоҳинон мулозимонро фиристоданд, то ки Ӯро дастгир кунанд.

[33] Ва Исо гуфт: «Боз муддати каме Ман назди шумо ҳастам, пас аз он назди Фиристандаи Худ меравам;

[34] Шумо Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед».

[35] Ва яҳудиён ба якдигар гуфтанд: «Ӯ ба куҷо мехоҳад биравад, ки мо Ӯро ёфта натавонем? Оё мехоҳад назди онҳое биравад, ки дар байни юнониён пароканда ҳастанд, ва юнониёнро таълим диҳад?

[36] Чист маънои суханоне ки Ӯ гуфт: „Маро хоҳед ҷуст ва нахоҳед ёфт; ва ба он ҷое ки Ман ҳастам, наметавонед биёед“?»

[37] Ва дар рӯзи охир, ки рӯзи бузурги ид буд, Исо истода, нидо кард ва гуфт: «Ҳар кӣ ташна бошад, назди Ман биёяд ва бинӯшад.

[38] Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, чунон ки дар Навиштаҳо гуфта шудааст, аз батни вай наҳрҳои оби ҳаёт ҷорӣ хоҳад шуд».

[39] Ин суханро Ӯ дар бораи Рӯҳ гуфт, ки ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, Онро хоҳад ёфт; зеро ки Рӯҳулқудс ҳанӯз ато нашуда буд, чунки Исо ҳанӯз ҷалол наёфта буд.

[40] Бисьёре аз мардум ин суханро шунида, гуфтанд: «Дар ҳақиқат Ин Шахс ҳамон Пайғамбар аст».

[41] Баъзеҳо гуфтанд: «Ин Масеҳ аст». Лекин дигарон гуфтанд: «Магар Масеҳ аз Ҷалил меояд?

[42] Оё дар Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки Масеҳ аз насли Довуд ва аз Байт‐Лаҳм, ки деҳи Довуд буд, бояд ояд?»

[43] Ба ҳамин тариқ, дар бораи Ӯ дар байни мардум ихтилоф афтод.

[44] Баъзе аз онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, лекин касе ба Ӯ даст наандохт.

[45] Пас мулозимон назди саркоҳинон ва фарисиён баргаштанд, ва онҳо пурсиданд: «Чаро Ӯро наовардед?»

[46] Мулозимон ҷавоб доданд: «Касе ҳаргиз монанди Ин Шахс сухан нагуфтааст».

[47] Фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Оё шумо низ гумроҳ шудаед?

[48] Оё касе аз сардорон ё аз фарисиён ба Ӯ имон овардааст?

[49] Аммо ин мардуме ки шариатро намедонанд, малъун мебошанд».

[50] Ниқӯдимус, ки шабона назди Ӯ омада буд ва яке аз онҳо буд, ба онҳо гуфт:

[51] «Оё шариати мо касеро маҳкум менамояд бе он ки аввал суханашро бишнавад ва бидонад, ки вай чӣ кор кардааст?»

[52] Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд: «Магар ту низ ҷалилӣ ҳастӣ? Таҳқиқ кун ва бубин, зеро ки ҳеҷ пайғамбаре аз Ҷалил зуҳур накардааст».

[53] Пас ҳар кас ба хонаи худ рафт.

Инҷили Юҳанно — Chapters