Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 5:39

[1] Дар рӯзи якшанбе, бомдодон, ки ҳаво ҳанӯз торик буд, Марьями Маҷдалия бар сари қабр омад ва дид, ки санг аз қабр бардошта шудааст;

[2] Вай дартоз назди Шимъӯни Петрус ва он шогирди дигаре ки Исо дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: «Худовандро аз қабр бурдаанд, ва намедонем, ки Ӯро куҷо гузоштаанд».

[3] Дарҳол Шимъӯни Петрус ва он шогирди дигар берун омада, ба ҷониби қабр рафтанд.

[4] Ҳар ду бо ҳам медавиданд, вале он шогирди дигар зудтар давида, аз Петрус пеш гузашт ва аввал бар сари қабр омад,

[5] Ва хам шуда, кафанро гузошта дид; лекин ба дарун надаромад.

[6] Аз ақиби вай Шимъӯни Петрус омада, ба қабр даромад ва кафанро гузошта дид

[7] Ва рӯймолеро, ки бар сари Ӯ буд, на бо кафан, балки дар гӯшае алоҳида печида дид.

[8] Он шогирди дигар, ки аввал бар сари қабр омада буд, низ ба дарун даромад, ва дид, ва имон овард;

[9] Зеро онҳо ҳанӯз Навиштаро нафаҳмида буданд, ки Ӯ бояд аз мурдагон эҳьё шавад.

[10] Ва шогирдон ба ҳонаи худ баргаштанд.

[11] Аммо Марьям дар беруни қабр истода, гирья мекард; ва чун мегирист, хам шуда, ба даруни қабр нигоҳ кард

[12] Ва ду фариштаи сафедпӯшро дид, ки дар он ҷое ки Ҷасади Исо гузошта шуда буд, яке ба тарафи сар ва дигаре ба тарафи пой нишаста буданд.

[13] Онҳо ба вай гуфтанд: «Эй зан! Чаро гирья мекунӣ?» Ба онҳо гуфт: «Худованди маро бурдаанд, ва намедонам, ки Ӯро куҷо гузоштаанд».

[14] Чун инро гуфт, ба ақиб рӯ овард ва Исоро истода дид; вале надонист, ки ин Исост.

[15] Исо ба вай гуфт: «Эй зан! Чаро гирья мекунӣ? Киро ҷустуҷӯ мекунӣ?» Вай ба гумони он ки ин боғбон аст, ба Ӯ гуфт: «Эй оғо! Агар ту Ӯро бурда бошӣ, ба ман бигӯ, ки Ӯро куҷо гузоштӣ, то ки ман Ӯро гирифта барам».

[16] Исо ба вай гуфт: «Эй Марьям!» Вай рӯ оварда, ба Ӯ гуфт: «Раббунӣ!» — яъне: «Устод!»

[17] Исо ба вай гуфт: «Ба Ман даст нарасон, зеро ки ҳанӯз назди Падари Худ сууд накардаам; лекин назди бародарони Ман рафта, ба онҳо бигӯ: Ман назди Падари Худ ва Падари шумо, назди Худои Худ ва Худои шумо сууд мекунам».

[18] Марьями Маҷдалия омада, ба шогирдон хабар дод, ки: «Ман Худовандро дидаам, ва ба ман чунин гуфт».

[19] Бегоҳии худи ҳамон рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон дар хонае ҷамъ омада, аз тарси яҳудиён дарҳои онро баста буданд, Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод!»

[20] Чун инро гуфт, дастҳо ва қабурғаи Худро ба онҳо нишон дод. Шогирдон Худовандро дида, шод гардиданд.

[21] Боз Исо ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод! Чунон ки Падар Маро фиристод, Ман низ шуморо мефиристам».

[22] Чун инро гуфт, бар онҳо дамид ва гуфт: «Рӯҳулқудсро пайдо кунед:

[23] Гуноҳи касеро, ки афв намоед, омурзида мешавад; ва касеро, ки афв накунед, омурзида намешавад».

[24] Лекин Тумо, ки яке аз он дувоздаҳ буд ва Экизак номида мешуд, вақте ки Исо омад, бо онҳо набуд.

[25] Шогирдони дигар ба вай гуфтанд: «Мо Худовандро дидаем». Вай ба онҳо гуфт: «То дар дастҳои Ӯ ҷои мехҳоро набинам, ва ангушти худро дар ҷои мехҳо нагузорам, ва дасти худро бар қабурғаи Ӯ наниҳам, бовар нахоҳам кард».

[26] Баъд аз ҳашт рӯз боз шогирдони Ӯ дар хона буданд, ва Тумо низ бо онҳо буд, ва дарҳо баста. Исо омада, дар миёни онҳо биистод ва гуфт: «Салом бар шумо бод!»

[27] Пас аз он ба Тумо гуфт: «Ангушти худро ба ин ҷо биёр ва дастҳои Маро бубин; ва дасти худро биёр ва бар қабурғаи Ман бигузор; ва беимон набош, балки имон дошта бош».

[28] Тумо дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Худованди ман ва эй Худои ман!»

[29] Исо ба вай гуфт: «Ба хотири он ки Маро дидаӣ, имон овардӣ: хушо касоне ки надида, имон меоваранд».

[30] Боз бисьёр мӯъҷизоти дигаре Исо дар назди шогирдонаш нишон дод, ки дар ин китоб навишта нашуд;

[31] Аммо ин қадараш навишта шуд, то шумо имон оваред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худост; ва имон оварда, ба исми Ӯ ҳаёт ёбед.

Инҷили Юҳанно — Chapters