[1] Дар рӯзи сеюм дар Қонои Ҷалил тӯи арӯсӣ буд, ва модари Исо дар он ҷо буд.
[2] Исо ва шогирдонашро низ ба тӯй даъват карда буданд.
[3] Чун шароб камӣ кард, модари Исо ба Ӯ гуфт: «Шароб надоранд».
[4] Исо ба вай гуфт: «Туро бо Ман чӣ кор аст, эй зан? Соати Ман ҳанӯз нарасидааст».
[5] Модараш ба хизматгорон гуфт: «Ҳар чи Ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оваред».
[6] Дар он ҷо, мувофиқи оини татҳири яҳудиён, шаш кӯзаи сангин истода буд, ки гунҷоиши ҳар яке ду ё се бат буд.
[7] Исо ба онҳо гуфт: «Зарфҳоро аз об пур кунед». Ва онҳоро лабрез карданд.
[8] Ва гуфт: «Акнун кашида, ба сардори базм баред». Ва онхо бурданд.
[9] Чун сардор оби ба шароб мубаддалшударо чашид ва надонист, ки аз куҷост, зеро фақат хизматгороне ки обро кашида буданд, медонистанд, ва сардор домодро хонда,
[10] Ба вай гуфт: «Ҳар кас аввал шароби хубро медиҳад, ва чун маст шуданд, бадашро меоварад, лекин ту шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ».
[11] Ин ибтидои мӯъҷизоте буд, ки Исо дар Қонои Ҷалил нишон дода, ҷалоли Худро зоҳир кард, ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд.
[12] Пас аз он Ӯ бо модараш, бародаронаш ва шогирдонаш ба Кафарнаҳум омад, ва дар он ҷо айёми каме монданд.
[13] Ва чун иди фисҳи яҳудиён наздик буд, Исо ба Ерусалим рафт.
[14] Ва дид, ки дар маъбад фурӯшандагони гову гӯсфанду кабӯтар ва саррофон нишастаанд.
[15] Ва тозиёнае аз арғамчин сохта, ҳамаро бо гову гӯсфандон аз маъбад пеш кард, ва тангаҳои саррофонро пошида, мизҳошонро чаппа кард;
[16] Ва ба кафтарфурӯшон гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо гирифта баред ва хонаи Падари Маро хонаи савдогарӣ насозед».
[17] Ва шогирдони Ӯ ба хотир оварданд, ки навишта шудааст: «Рашки хонаи Ту Маро хӯрдааст».
[18] Он гоҳ яҳудиён ба Ӯ рӯ оварда, гуфтанд: «Ба мо чӣ аломате нишон медиҳӣ, ки ин корҳоро мекунӣ?»
[19] Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин маъбадро вайрон кунед, ва дар се рӯз Ман онро барпо хоҳам кард».
[20] Яҳудиён гуфтанд: «Ин маъбадро дар зарфи чилу шаш сол бино кардаанд, ва Ту онро дар се рӯз барпо мекунӣ?»
[21] Лекин Ӯ дар бораи маъбади Бадани Худ сухан мегуфт.
[22] Вақте ки Ӯ аз мурдагон эҳьё шуд, шогирдонаш ба хотир оварданд, ки Ӯ инро ба онҳо гуфта буд, ва ба Навиштаҳо ва ба сухане ки Исо гуфта буд, имон оварданд.
[23] Ва ҳангоме ки дар иди фисҳ дар Ерусалим буд, бисьёр касон мӯъҷизотеро, ки Ӯ нишон медод, дида, ба исми Ӯ имон оварданд.
[24] Лекин Исо ба онҳо эътимод накард, зеро ки ҳамаро мешинохт,
[25] Ва эҳтиёҷ надошт, ки касе дар бораи инсон шаҳодат диҳад, зеро ки он чи дар инсон аст, Худ медонист.