[1] «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба оғили гӯсфанд аз дар надарояд, балки аз роҳи дигар дохил шавад, вай дузд ва роҳзан аст;
[2] Лекин ҳар кӣ аз дар дарояд, вай чӯпони гӯсфандон аст:
[3] Дарбон дарро барои вай мекушояд, гӯсфандон ба овози вай гӯш медиҳанд, вай гӯсфандони худро ном ба ном мехонад ва берун мебарорад;
[4] Чун гӯсфандони худро баровард, пешопеши онҳо меравад; ва гӯсфандон аз ақиби вай мераванд, чунки овозашро мешиносанд;
[5] Лекин аз ақиби каси бегона намераванд, балки аз вай мегурезанд, чунки овози бегонаро намешиносанд».
[6] Ҳамин масалро Исо ба онҳо гуфт. Лекин онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо чӣ гуфт.
[7] Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман барои гӯсфандон дар ҳастам.
[8] Ҳамаи касоне ки пеш аз Ман омаданд, дузд ва роҳзан ҳастанд; лекин гӯсфандон ба овози онҳо гӯш надоданд.
[9] Ман дар ҳастам: ҳар кӣ ба василаи Ман дохил шавад, наҷот меёбад, ва ба дарун ва берун меравад, ва чарогоҳ пайдо мекунад.
[10] Дузд меояд, то ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад; Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд.
[11] Ман чӯпони некам: чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад;
[12] Лекин муздуре ки чӯпон нест, ва гӯсфандон аз они худаш нестанд, чун бубинад, ки гург меояд, гӯсфандонро монда мегурезад, ва гург гӯсфандонро мегирад ва пароканда мекунад;
[13] Муздур мегурезад, чунки муздур аст, ва ғами гӯсфандонро намехӯрад.
[14] Ман чӯпони некам, ва мансубони Худро мешиносам, ва мансубонам Маро мешиносанд:
[15] Чунон ки Падар Маро мешиносад, Ман ҳам Падарро мешиносам, ва ҷони Худро барои гӯсфандон фидо мекунам.
[16] Ман гӯсфандони дигар низ дорам, ки аз ин оғил нестанд, ва онҳоро низ бояд оварам: онҳо низ овози Маро хоҳанд шунид, ва як рамаю як чӯпон хоҳанд шуд.
[17] Аз ин сабаб Падар Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони Худро фидо мекунам, то ки онро боз ёбам;
[18] Ҳеҷ кас онро аз Ман намегирад, балки Худи Ман онро фидо мекунам: қудрат дорам, ки онро фидо кунам, ва қудрат дорам, ки онро боз ёбам; ин ҳукмро аз Падари Худ гирифтаам».
[19] Ба сабаби ин суханон боз дар байни яҳудиён ихтилоф афтод.
[20] Бисьёре аз онҳо гуфтанд: «Ӯ дев дорад ва девона аст; чаро ба суханонаш гӯш медиҳед?»
[21] Дигарон гуфтанд: «Ин суханони девона нест; оё дев метавонад чашми кӯронро воз кунад?»
[22] Дар Ерусалим иди таҷдид барпо шуд, ва зимистон буд.
[23] Ва Исо дар маъбад, дар равоқи Сулаймон мегашт.
[24] Яҳудиён гирди Ӯро гирифта, ба Ӯ гуфтанд: «То кай моро дар тардид мегузорӣ? Агар Ту Масеҳ бошӣ, ошкоро бигӯ».
[25] Исо ба онҳо чавоб дод: «Ман ба шумо гуфтам, ва имон наовардед; аъмоле ки Ман ба исми Падари Худ ба ҷо меоварам, бар Ман шаҳодат медиҳад;
[26] Лекин шумо имон намеоваред, зеро ки аз гӯсфандони Ман нестед, чунон ки ба шумо гуфтам;
[27] Гӯсфандони Ман ба овози Ман гӯш медиҳанд, ва Ман онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд,
[28] Ва Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшам, ва онҳо то абад талаф нахоҳанд шуд, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Ман кашида гирад;
[29] Падаре ки онҳоро ба Ман дод, аз ҳама бузургтар аст, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирад:
[30] Ман ва Падар як ҳастем».
[31] Боз яхудиён санг бардоштанд, то ки Ӯро сангсор кунанд.
[32] Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Аз ҷониби Падари Худ ба шумо бисьёр аъмоли нек нишон додаам; аз барои кадоми онҳо Маро сангсор мекунед?»
[33] Яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Туро барои амали нек сангсор намекунем, балки барои куфр, зеро Ту, ки одам ҳастӣ, Худро Худо мехонӣ».
[34] Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дар шариати шумо навишта нашудааст: „Ман гуфтам: шумо худоён ҳастед“?
[35] Агар онҳоеро, ки каломи Худо сӯяшон нозил шуд, худоён хондааст, ва Навишта наметавонад ботил шавад, —
[36] Пас ба Касе ки Падар Ӯро тақдис карда, ба ҷаҳон фиристод, чӣ тавр шумо мегӯед, ки: „Куфр мегӯӣ“, чунки гуфтаам: „Писари Худо ҳастам“?
[37] Агар аъмоли Падари Худро ба ҷо намеоварам, ба Ман имон наоваред;
[38] Ва агар ба ҷо меоварам, ҳарчанд шумо ба Ман имон намеоваред, пас ба аъмол имон оваред, то бидонед ва бовар кунед, ки Падар дар Ман аст, ва Ман дар Ӯ».
[39] Он гоҳ бори дигар хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин Ӯ аз дасташон раҳо шуд.
[40] Ва боз ба он тарафи Урдун, ба ҳамон ҷое ки пештар Яҳьё таъмид медод, рафт ва дар он ҷо монд.
[41] Ва бисьёр касон назди Ӯ омаданд ва гуфтанд: «Яҳьё ҳеҷ мӯъҷизае нишон надод; лекин ҳар он чи Яҳьё дар бораи Ин Шахс гуфт, рост буд».
[42] Ва бисьёр касон дар он ҷо ба Ӯ имон оварданд.