Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 6:18

[1] Дар байни фарисиён шахсе ки Ниқӯдимус ном дошт, аз сардорони яҳудиён буд.

[2] Вай шабона назди Исо омада, гуфт: «Эй Устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ; зеро мӯъҷизотеро, ки Ту нишон медиҳӣ, ҳеҷ кас наметавонад нишон диҳад, ҷуз ин ки Худо бо вай бошад».

[3] Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад».

[4] Ниқӯдимус ба Ӯ гуфт: «Чӣ гуна мумкин аст, ки одаме ки пир шуда бошад, таваллуд ёбад? Оё метавонад боз ба шиками модараш баргашта, таваллуд ёбад?»

[5] Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Малакути Худо даромада наметавонад:

[6] Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст.

[7] Аз он чи ба ту гуфтам, тааҷҷуб накун: бояд шумо аз олами боло таваллуд ёбед.

[8] Бод ҳар ҷо ки хоҳад мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳолати ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад».

[9] Ниқӯдимус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Чӣ тавр мумкин аст, ки чунин шавад?»

[10] Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ту ки як устоди Исроил ҳастӣ, инҳоро намедонӣ?

[11] Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: Мо аз он чи медонем, сухан мегӯем ва бар он чи дидаем, шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед;

[12] Вақте ки ба шумо аз чизҳои заминӣ сухан гуфтам, бовар накардед, пас ҳар гоҳ аз чизҳои осмонӣ сухан ронам, чӣ сон имон хоҳед овард?

[13] Ҳеҷ кас ба осмон сууд накардааст, магар фақат Он ки аз осмон нузул кардааст, яъне Писари Одам, ки ҷояш дар осмон аст;

[14] Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад,

[15] То ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.

[16] Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.

[17] Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.

[18] Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, маҳқум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст.

[19] Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале мардум торикиро бештар аз рӯшноӣ дӯст доштанд, чунки аъмоли онҳо бад аст.

[20] Зеро ҳар киро кирдор бад бошад, аз рӯшноӣ нафрат дорад ва пеши рӯшноӣ намеояд, то ки аъмолаш ошкор нашавад;

[21] Лекин ҳар кӣ росткор аст, пеши рӯшноӣ меояд, то ошкор бошад, ки аъмолаш ба василаи Худо содир шудааст».

[22] Пас аз он Исо бо шогирдонаш ба сарзамини Яҳудо омад ва дар он ҷо бо онҳо сокин шуда, таъмид медод.

[23] Ва Яҳьё низ дар Энӯн, ки дар наздикии Солим аст, таъмид медод, чунки дар он ҷо об бисьёр буд, ва мардум омада, таъмид меёфтанд;

[24] Зеро ки Яҳьё ҳанӯз дар зиндон андохта нашуда буд.

[25] Ва дар байни шогирдони Яҳьё ва яҳудиён дар масъалаи татҳир баҳсу мунозира рӯй дод;

[26] Ва назди Яҳьё омада, ба вай гуфтанд: «Эй устод! Он Касе ки дар он тарафи Урдун бо ту буд, ва ту дар ҳаққи Ӯ шаҳодат дода будӣ, ҳоло таъмид медиҳад, ва ҳама назди Ӯ меоянд».

[27] Яҳьё дар ҷавоб гуфт: «Кас наметавонад чизе ба зиммаи худ бигирад, магар ин ки аз осмон ба вай дода шавад.

[28] Шумо худ шоҳидони ман ҳастед, ки гуфтам: „Ман Масеҳ нестам, балки фақат пешопеши Ӯ фиристода шудаам“.

[29] Касе ки арӯс дорад, домод аст; аммо дӯсти домод, ки истода, ба овози вай гӯш медиҳад, аз шунидани овози домод бисьёр шод мегардад: ҳамин шодии ман акнун комил шудааст;

[30] Ӯ бояд нашъунамо ёбад, ва ман завол ёбам.

[31] Он ки аз боло меояд, аз ҳама болотар аст; ва он ки аз замин аст, заминӣ бошад ва чун заминӣ сухан гӯяд; Он ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст.

[32] Ва он чи дидааст ва шунидааст, бар он шаҳодат медиҳад, ва ҳеҷ кас шаҳодати Ӯро қабул намекунад.

[33] Ва касе ки шаҳодати Ӯро қабул кард, тасдиқ кардааст, ки Худо рост аст.

[34] Зеро Он Касе ки Худо фиристод, каломи Худоро мегӯяд; зеро Худо Рӯҳро бамизон ато намекунад.

[35] Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст.

[36] Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад. Ва ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ғазаби Худо бар вай мемонад».

Инҷили Юҳанно — Chapters