[1] Пеш аз иди фисҳ, чун Исо донист, ки соати Ӯ расидааст, то ки аз ин ҷаҳон назди Падар биравад, Ӯ, ки мансубони Худро дар ин ҷаҳон дӯст медошт, онҳоро то ба охир дӯст дошт.
[2] Ва дар вақти таоми шом, ки иблис қасде дар дили Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют андохта буд, ки Ӯро таслим кунад,
[3] Ва Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст, ва Ӯ аз ҷониби Худо омада буд ва ба сӯи Худо меравад,
[4] Аз сари суфра бархоста, либоси Худро кашид ва дастмоле гирифта, ба камар баст;
[5] Баъд аз он ба тағорае об рехта, ба шустани пойҳои шогирдонаш ва хушконидани онҳо бо дастмоле ки ба камараш баста буд, шурӯъ намуд.
[6] Чун назди Шимъӯни Петрус омад, вай гуфт: «Худовандо! Ту пойҳои маро мешӯӣ?»
[7] Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Он чи Ман мекунам, алҳол намедонӣ, лекин баъд хоҳӣ фаҳмид».
[8] Петрус ба Ӯ гуфт: «Пойҳои маро ҳаргиз нахоҳӣ шуст». Исо ба вай ҷавоб дод: «Агар туро нашӯям, туро бо Ман ҳиссае нест».
[9] Шимъӯни Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! На танҳо пойҳои маро, балки низ дастҳо ва сари маро бишӯй».
[10] Исо ба вай гуфт: «Касе ки ғусл кардааст, фақат ба шустани пойҳояш эҳтиёҷ дорад, чунки вай тамоман пок аст; ва шумо пок ҳастед, лекин на ҳама».
[11] Зеро ки таслимкунандаи Худро медонист, бинобар ин гуфт: «На ҳама пок ҳастед».
[12] Чун пойҳои онҳоро шуст, либоси Худро пӯшида, боз нишаст ва ба онҳо гуфт: «Оё медонед, ки барои шумо чӣ кардам?
[13] Шумо Маро Устод ва Худованд мегӯед ва рост мегӯед, зеро ки Ман чунин ҳастам.
[14] Пас, агар Ман, ки Устод ва Худованд ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро бишӯед:
[15] Зеро ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман бо шумо кардам, шумо низ бикунед.
[16] Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ғулом бузургтар аз оғои худ нест, ва расул бузургтар аз фиристандаи худ нест.
[17] Ҳар гоҳ инро донистед, хушо шумо, агар инро ба амал оваред.
[18] Дар бораи ҳамаи шумо намегӯям: онҳоеро, ки баргузидаам, медонам. Лекин ин Навишта бояд ба амал ояд: „Он ки бо Ман нон мехӯрад, пошнаи худро бар Ман баланд кардааст“.
[19] Алҳол, пеш аз вуқӯъ, ба шумо мегӯям, то ки ҳангоми воқеъ шуданаш бовар кунед, ки ин Ман ҳастам.
[20] Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад».
[21] Чун Исо инро гуфт, дар рӯҳ музтариб шуд, ва шаҳодат дода, гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо Маро таслим хоҳад кард».
[22] Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда, дар ҳайрат шуданд, ки инро дар бораи кӣ мегӯяд.
[23] Яке аз шогирдонаш буд, ки бар сандуқи синаи Исо такья мезад: Исо вайро дӯст медошт;
[24] Шимъӯни Петрус ба вай ишорат кард, то бипурсад: он кист, ки дар ҳаққаш чунин гуфт.
[25] Вай ҳамчунон бар сандуқи синаи Исо такья зада, пурсид: «Худовандо! Он кист?»
[26] Исо ҷавоб дод: «Он аст, ки луқмаи нонро ғӯтонда ба вай медиҳам». Ва луқмаро гӯтонда, ба Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют дод.
[27] Пас аз он ки луқмаро гирифт, шайтон дар вай дохил шуд. Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Он чи мекунӣ, ба зудӣ бикун».
[28] Лекин аз нишастагон ҳеҷ кас нафаҳмид, ки чаро ба вай чунин гуфт.
[29] Баъзеҳо гумон карданд, ки чун ҳамьён дар дасти Яҳудост, Исо ба вай фармуд, ки ҳар чи барои ид ба мо лозим аст, харид кунад ё ки чизе ба мискинон бидиҳад.
[30] Вай луқмаро гирифта, дарҳол берун рафт; ва шаб буд.
[31] Чун вай берун рафт, Исо гуфт: «Алҳол Писари Одам ҷалол ёфт, ва Худо дар Ӯ ҷалол ёфт;
[32] Агар Худо дар Ӯ ҷалол ёфт, Худо низ Ӯро дар Худ ҷалол хоҳад дод, ва ба зудӣ Ӯро ҷалол хоҳад дод.
[33] Эй фарзандон! Боз муддати каме бо шумо ҳастам: шумо Маро ҷустуҷӯ хоҳед кард, ва чунон ки ба яҳудиён гуфтам, акнун ба шумо низ мегӯям: „ба он ҷое ки Ман меравам, шумо наметавонед биёед“.
[34] Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред.
[35] Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред».
[36] Шимъӯни Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Куҷо меравӣ?» Исо ба вай ҷавоб дод: «Ба он ҷое ки Ман меравам, алҳол наметавонӣ аз ақиби Ман биёӣ, лекин баъд аз он аз ақиби Ман хоҳӣ омад».
[37] Петрус ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Чаро алҳол аз ақиби Ту наметавонам биёям? Ҷони худро барои Ту фидо хоҳам кард».
[38] Исо ба вай ҷавоб дод: «Ҷони худро барои Ман фидо хоҳӣ кард? Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: пеш аз он ки хурӯс бонг занад, Маро се бор инкор хоҳӣ кард.