Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 5:53

[1] Баъд аз он боз Исо дар соҳили баҳри Табария ба шогирдон зоҳир шуд. Зоҳир шуданаш ин тавр буд:

[2] Шимъӯни Петрус, Тумо, ки Экизак номида мешуд, Натанъил, ки аз Қонои Ҷалил буд, писарони Забдой ва ду нафари дигар аз шогирдони Ӯ бо ҳам буданд.

[3] Ва Шимъӯни Петрус ба онҳо гуфт: «Мехоҳам ба сайди моҳӣ биравам». Ба вай гуфтанд: «Мо низ ҳамроҳи ту меравем». Дарҳол рафта, ба қаиқ савор шуданд, ва он шаб чизе сайд накарданд.

[4] Вақте ки субҳ шуд, Исо дар соҳил истода буд, лекин шогирдон надонистанд, ки ин Исост.

[5] Исо ба онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Оё назди шумо хӯроке ҳаст?» Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Не».

[6] Ӯ ба онҳо гуфт: «Тӯрро ба тарафи рости қаиқ биандозед, ва хоҳед ёфт». Онҳо андохтанд, ва аз бисьёрии моҳӣ онро кашида натавонистанд.

[7] Он шогирде ки Исо дӯст медошт, ба Петрус гуфт: «Ин Худованд аст». Чун Шимъӯни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, ҷомаашро ба худ печонд, чунки бараҳна буд, ва худро дар баҳр андохт;

[8] Ва шогирдони дигар бо қаиқ омаданд, — зеро ки аз соҳил дур набуданд, балки қариб ба дусад зироъ , — ва тӯри пур аз моҳиро кашиданд.

[9] Ва чун ба хушкӣ баромаданд, оташи афрӯхта ва моҳии бар он гузошташуда ва нон диданд.

[10] Исо ба онҳо гуфт: «Аз он моҳие ки ҳозир сайд кардед, биёред».

[11] Шимъӯни Петрус рафта, тӯрро пур аз моҳиёни бузург, ки саду панҷоҳу се адад буданд, ба хушкӣ кашид, ва бо вуҷуди бисьёрии моҳӣ тӯр надарид.

[12] Исо ба онҳо гуфт: «Биёед, хӯрок бихӯред». Лекин аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ бипурсад: «Ту кистӣ?» Зеро медонистанд, ки ин Худованд аст.

[13] Ва Исо пеш омада, нонро гирифт ва ба онҳо дод, ва ҳамчунин моҳиро.

[14] Ин бори сеюм буд, ки Исо, пас аз эҳьё шуданаш аз мурдагон, ба шогирдони Худ зоҳир шуд.

[15] Баъд аз хӯрок хӯрданашон, Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Барраҳои Маро бичарон».

[16] Боз бори дигар ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро чӯпонӣ намо».

[17] Ва бори сеюм ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки бори сеюм аз вай пурсид: «Оё Маро дӯст медорӣ?» ва ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ту аз ҳама чиз воқиф ҳастӣ; Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Исо ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро бичарон;

[18] Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: вақте ки ҷавон будӣ, камаратро худат мебастӣ ва ба ҳар ҷо, ки мехостӣ, мерафтӣ; лекин вақте ки пир шавӣ, дастҳоятро дароз хоҳӣ кард, ва дигаре туро баста, ба он ҷое ки намехоҳӣ, туро хоҳад бурд».

[19] Чунин гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна фавт вай бояд Худоро ҷалол диҳад. Ва чун инро гуфт, ба вай фармуд: «Аз ақиби Ман биё».

[20] Петрус ба атроф нигоҳ карда, дид, ки он шогирде ки Исо дӯст медошт, аз ақиби онҳо меояд, ва ин ҳамон буд, ки дар вақти таоми шом бар сандуқи синаи Ӯ такья зада, гуфта буд: «Худовандо! Кист он ки Туро таслим мекунад?»

[21] Чун Петрус вайро дид, ба Исо гуфт: «Худовандо! Оқибати ин чӣ хоҳад буд?»

[22] Исо ба вай гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вақти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад? Аз ақиби Ман биё».

[23] Бинобар ин дар миёни бародарон чунин сухан паҳн шуд, ки он шогирд нахоҳад мурд. Лекин Исо ба вай нагуфт, ки вай нахоҳад мурд, балки гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вақти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад?»

[24] Ва ин шогирдест, ки ба ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва инҳоро навишт; ва мо медонем, ки шаҳодати вай рост аст.

[25] Боз бисьёр аъмоли дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар муфассалан навишта шавад, ба гумонам, тамоми дуньё ҳам он китобҳои навишташударо гунҷоиш дода наметавонист. Омин.

Инҷили Юҳанно — Chapters