Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 11:11

[1] Пас аз он Исо ба он тарафи баҳри Ҷалил, ё баҳри Табария раҳсипор шуд;

[2] Ва мардуми бисьёре аз ақиби Ӯ равона шуданд, зеро он мӯъҷизотеро, ки ба беморон нишон медод, медиданд.

[3] Исо ба кӯҳе баромада, бо шогирдони Худ дар он ҷо нишаст.

[4] Иди фисҳи яҳудиён наздик буд.

[5] Исо чашм андохта, дид, ки мардуми бисьёре назди Ӯ меоянд, ва ба Филиппус гуфт: «Аз куҷо нон бихарем, ки инҳо бихӯранд?»

[6] Лекин инро барои озмоиш ба вай гуфт; зеро Худ медонист, чӣ бояд кард.

[7] Филиппус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Дусад динор барои онҳо кифоят намекунад, то ки ҳар яке андаке нон бихӯранд».

[8] Яке аз шогирдонаш, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус, ба Ӯ гуфт:

[9] «Дар ин ҷо писаре ҳаст, ки панҷ нони ҷав ва ду моҳӣ дорад; лекин барои ин қадар одам чӣ мешавад?»

[10] Исо гуфт: «Мардумро шинонед». Дар он ҷо сабза бисьёр буд, ва мардум, ки қариб панҷ ҳазор мард буданд, нишастанд.

[11] Исо нонҳоро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон дод, ва шогирдон ба нишастагон доданд, ва ҳамчунин аз моҳиҳо низ ба қадре ки хостанд.

[12] Ва чун сер шуданд, Исо ба шогирдон гуфт: «Пораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, то ки чизе талаф нашавад».

[13] Ва ҷамъ карда, аз пораҳои панҷ нони ҷав, ки аз хӯрандагон зиёдатӣ монда буд, дувоздаҳ сабадро пур карданд.

[14] Вақте ки мардум ин мӯъҷизаро, ки Исо нишон дод, диданд, гуфтанд: «Ин ҳақиқатан Он Пайғамбар аст, ки бояд ба ҷаҳон биёяд».

[15] Лекин Исо чун дарьёфт, ки мехоҳанд омада, Ӯро ба зӯрӣ баранд ва подшоҳ кунанд, боз танҳо ба кӯҳ баромад.

[16] Шомгоҳон шогирдонаш ба лаби баҳр фуромаданд

[17] Ва ба каиқе савор шуда, ба он тарафи баҳр, сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Ва ҳаво торик шуд, ва Исо назди онҳо наомада буд.

[18] Ва боди шадиде вазида, баҳр ба талотум омад.

[19] Вақте ки ба дурии тақрибан бисту панҷ ё сӣ стадия қаиқ ронда буданд, Исоро диданд, ки бар баҳр қадам зада, ба қаиқ наздик меояд, ва ҳаросон шуданд.

[20] Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Ин Манам, натарсед».

[21] Онҳо мехостанд Ӯро ба қаик дароваранд; ҳамон дам қаиқ ба соҳиле ки сӯи он равона буданд, расид.

[22] Фардои он, мардуме ки дар он тарафи баҳр истода буданд, диданд, ки дар он ҷо ҳеҷ қаиқе набуд, ҷуз он ки шогирдони Ӯ дохили он шуда буданд, ва Исо бо шогирдони Худ ба он надаромада буд, балки шогирдонаш танҳо рафта буданд;

[23] Лекин қаиқҳои дигаре аз Табария наздики ҳамон ҷое ки пас аз баракат додани Худованд нон хӯрда буданд, расиданд;

[24] Ва чун мардум диданд, ки Исо ва шогирдонаш дар он ҷо нестанд, онҳо низ ба қаиқҳо савор шуда, ба ҷустуҷӯи Исо ба Кафарнаҳум омаданд.

[25] Ва Ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Кай ба ин ҷо омадӣ?»

[26] Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Маро на ба сабаби мӯъҷизоте ки дидед, балки ба он сабаб ҷустуҷӯ мекунед, ки нон хӯрда, сер шудед.

[27] На аз барои ғизои фонӣ, балки барои ғизое саъю кӯшиш кунед, ки то ҳаёти ҷовидонӣ боқӣ мемонад, ва Писари Одам онро ба шумо хоҳад дод; зеро ки Худои Падар бар Ӯ мӯҳр задааст».

[28] Ба Ӯ гуфтанд: «Чӣ бояд кунем, ки аъмоли писандидаи Худоро ба ҷо оварда бошем?»

[29] Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Амали писандидаи Худо ин аст, ки ба Он Касе ки Ӯ фиристод, имон оваред».

[30] Ба Ӯ гуфтанд: «Пас, чӣ аломате Ту нишон медиҳӣ, то ки дида, ба Ту имон оварем? Чӣ кор мекунӣ?

[31] Падарони мо дар биёбон манн хӯрдаанд, чунон ки навишта шудааст: „Аз осмон ба онҳо нон ато кард, то бихӯранд“».

[32] Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Мусо нонро ба шумо аз осмон надодааст, балки Падари Ман нони ҳақиқиро ба шумо аз осмон медиҳад;

[33] Зеро нони Худо Он Касест, ки аз осмон нозил шуда, ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад».

[34] Он гоҳ ба Ӯ гуфтанд: «Эй оғо! Ҳамеша ин нонро ба мо бидеҳ».

[35] Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна нахоҳад монд, ва касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад монд.

[36] Лекин Ман ба шумо гуфтам, ки Маро низ дидаед, ва имон намеоваред.

[37] Ҳар он чи Падар ба Ман ато кунад, назди Ман хоҳад омад, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд.

[38] Зеро аз осмон нозил шудаам на аз барои он ки ба иродаи Худ амал кунам, балки ба иродаи Фиристандаи Худ.

[39] Ва иродаи Падаре ки Маро фиристод, ин аст, ки аз он чи ба Ман ато кард, чизе талаф накунам, балки дар рӯзи вопасин онро эҳьё кунам;

[40] Ва иродаи Фиристандаи Ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро дид ва ба Ӯ имон овард, ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошад; ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард».

[41] Яҳудиён аз Ӯ шикоят карданд, зеро ки гуфта буд: «Манам он ноне ки аз осмон нозил шуд».

[42] Ва гуфтанд: «Оё ин Исои писари Юсуф нест, ки мо падару модари Ӯро мешиносем? Пас чӣ тавр мегӯяд, ки „Ман аз осмон нозил шудаам“?»

[43] Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба якдигар шикоят накунед:

[44] Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад; ва Ман вайро дар рӯзи вопасин эҳьё хоҳам кард.

[45] Дар суҳафи анбиё навишта шудааст: „Ва ҳама аз Худо таълим хоҳанд ёфт“. Ва ҳар кӣ аз Падар шунида ва таълим гирифта бошад, назди Ман меояд.

[46] На ин ки касе Падарро дидааст, чуз Он ки аз ҷониби Худост: Ӯ Падарро дидааст.

[47] Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад.

[48] Ман нони ҳаёт ҳастам.

[49] Падарони шумо дар биёбон манн хӯрданд ва мурданд;

[50] Валекин ин ҷо нонест, ки аз осмон нозил шуд, то ҳар кӣ аз он бихӯрад, намирад.

[51] Ман ҳастам он нони зинда, ки аз осмон нозил шуд: касе ки аз ин нон бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд; ва ноне ки Ман ато мекунам, Бадани Ман аст, ки онро барои ҳаёти ҷаҳон мебахшам».

[52] Яҳудиён бо ҳамдигар мубоҳиса карда, мегуфтанд: «Чӣ тавр Ин Шахс метавонад Бадани Худро бидиҳад, то мо бихӯрем?»

[53] Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар Бадани Писари Одамро нахӯред ва Хуни Ӯро нанӯшед, дар худ ҳаёт надоред;

[54] Ҳар кӣ Бадани Маро бихӯрад ва Хуни Маро бинӯшад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад, ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард;

[55] Зеро ки Бадани Ман ғизои ҳақиқист, ва Хуни Ман нӯшокии ҳақиқист;

[56] Ҳар кӣ Бадани Маро бихӯрад ва Хуни Маро бинӯшад, дар Ман мемонад, ва Ман дар вай;

[57] Чунон ки Падари Ҳай Маро фиристод, ва Ман ба василаи Падар зинда ҳастам, ҳамчунин касе ки Маро бихӯрад, ба василаи Ман зинда хоҳад монд;

[58] Ин аст ноне ки аз осмон нозил шуд; на ончунон ки падарони шумо маннро хӯрданд ва мурданд; ҳар кӣ ин нонро бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд».

[59] Ин суханонро, ҳангоме ки дар Кафарнаҳум таълим медод, дар куништ гуфт.

[60] Бисьёре аз шогирдони Ӯ, инро шунида, гуфтанд: «Ин сухани сахт аст; кӣ метавонад онро бишнавад?»

[61] Чун Исо дар дили Худ донист, ки шогирдонаш дар ин бобат шикоят мекунанд, ба онҳо гуфт: «Оё ин шуморо ба васваса меандозад?

[62] Пас агар Писари Одамро бинед, ки ба мақоми аввалааш сууд мекунад, чӣ хоҳед гуфт?

[63] Рӯҳ аст, ки ҳаёт мебахшад, лекин аз ҷисм фоидае нест; суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, рӯҳ ва ҳаёт аст;

[64] Лекин баъзе аз шумо ҳастанд, ки имон надоранд». Зеро Исо аз ибтидо медонист, ки киҳо имон надоранд ва кӣ Ӯро таслим хоҳад кард.

[65] Ва гуфт: «Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки ҳеҷ кас наметавонад назди Ман биёяд, магар ин ки Падари Ман инро ба вай ато кунад».

[66] Аз он вақт бисьёре аз шогирдонаш аз Ӯ дур шуда, дигар Ӯро пайравӣ накарданд.

[67] Ва Исо ба он дувоздаҳ гуфт: «Оё шумо ҳам мехоҳед Маро тарк кунед?»

[68] Шимъӯни Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Худовандо! Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст,

[69] Ва мо имон овардаем ва донистаем, ки Ту Масеҳ, Писари Худои Ҳай ҳастӣ».

[70] Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Оё Ман шумо дувоздаҳро интихоб накардаам? Ва ҳол он ки яке аз шумо иблис аст».

[71] Инро Ӯ дар бораи Яҳудо писари Шимъӯни Исқарьют гуфт, зеро вай, ки яке аз он дувоздаҳ буд, мехост Ӯро таслим кунад.

Инҷили Юҳанно — Chapters