[1] Дар ибтидо Калом буд, ва Калом бо Худо буд, ва Калом Худо буд.
[2] Он дар ибтидо бо Худо буд.
[3] Ҳама чиз ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҳар он чи вуҷуд ёфт, бе Ӯ вуҷуд наёфт.
[4] Дар Ӯ ҳаёт буд, ва ҳаёт нури одамиён буд.
[5] Ва нур дар торикӣ медурахшид, ва торикӣ онро фаро нагирифт.
[6] Шахсе аз ҷониби Худо фиристода шуда буд, ки Яҳьё ном дошт.
[7] Вай барои шоҳидӣ омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад, то ки ҳама ба воситаи вай имон оваранд.
[8] Вай он Нур набуд, балки омад, ки бар Нур шаҳодат диҳад.
[9] Он Нури ҳақиқӣ, ки ҳар одамро мунаввар мегардонад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.
[10] Ӯ дар ҷаҳон буд, ва ҷаҳон ба воситаи Ӯ ба вуҷуд омад, ва ҷаҳон Ӯро нашиноҳт.
[11] Ӯ назди мансубони Худ омад, ва мансубонаш Ӯро қабул накарданд.
[12] Лекин ба онҳое ки Ӯро қабул карданд ва ба исми Ӯ имон оварданд, қудрат дод, ки фарзандони Худо гарданд,
[13] Ки на аз хун, на аз хоҳиши ҷисм, на аз хоҳиши марде, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.
[14] Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.
[15] Ва Яҳьё бар Ӯ шаҳодат дод, ва нидо карда, мегуфт: «Ин аст Он ки дар бораи Ӯ гуфтам: „Он ки пас аз ман меояд, пеш аз ман будааст, зеро ки бар ман муқаддам буд“».
[16] Ва аз пуррагии Ӯ ҳамаи мо файз бар файз пайдо кардем;
[17] Зеро ки шариат ба воситаи Мусо ато шуд, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.
[18] Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро зоҳир кард.
[19] Ва ин аст шаҳодати Яҳьё дар вақте ки яҳудиён аз Ерусалим коҳинон ва левизодагонро фиристоданд, то аз вай пурсанд, ки: «Ту кистӣ?»
[20] Вай иқрор кард ва инкор накард, балки зътироф намуда, гуфт: «Ман Масеҳ нестам».
[21] Аз вай пурсиданд: «Пас кистӣ? Оё Ильёс ҳастӣ?» Гуфт: «Не». «Оё он набӣ ҳастӣ?» Ҷавоб дод: «Не».
[22] Он гоҳ ба вай гуфтанд: «Пас кистӣ? То ба он касоне ки моро фиристодаанд, ҷавоб диҳем: дар бораи худ чӣ мегӯӣ?»
[23] Гуфт: «Ман овози нидокунанде дар биёбонам: „роҳи Худовандро рост кунед“, чунон ки Ишаъёи набӣ гуфтааст».
[24] Он фиристодагон аз фарисиён буданд;
[25] Ва онҳо аз вай пурсиданд: «Агар ту на Масеҳ ҳастӣ, на Ильёс ва на он набӣ, пас барои чӣ таъмид медиҳӣ?»
[26] Яҳьё дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман бо об таъмид медиҳам; лекин дар миёни шумо Касе истодааст, ки шумо Ӯро намешиносед:
[27] Ӯ Он аст, ки пас аз ман меояд, аммо пеш аз ман будааст; ва ман сазовори он нестам, ки даволи пойафзоли Ӯро воз кунам».
[28] Ин дар Байт‐Абора, ки он тарафи Урдун аст, дар ҷое ки Яҳьё таъмид медод, воқеъ шуд.
[29] Фардои он, Яҳьё Исоро дид, ки ба ҷониби вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад;
[30] Ин аст Он ки ман дар бораи Ӯ гуфтам, ки: „Пас аз ман Марде меояд, ки пеш аз ман будааст, зеро ки Ӯ бар ман муқаддам буд“;
[31] Ман Ӯро намешиноҳтам; лекин барои он ки Ӯ ба Исроил зоҳир гардад, омадам ва бо об таъмид медодам».
[32] Ва Яҳьё шаҳодат дода, гуфт: «Ман Рӯҳро дидам, ки чун кабӯтаре аз осмон нозил шуда, бар Ӯ қарор гирифт;
[33] Ман Ӯро намешиноҳтам; лекин Он ки маро фиристод, то бо об таъмид диҳам, ба ман гуфт: „Бар ҳар кас бубинӣ, ки Рӯҳ нозил шуда, бар Ӯ қарор гирифт, Ӯ Ҳамон аст, ки бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад“.
[34] Ва ман дида, шаҳодат додам, ки Ӯ Писари Худост».
[35] Фардои он, боз Яҳьё бо ду шогирди худ истода буд.
[36] Чун дид, ки Исо аз он ҷо мегузарад, гуфт: «Инак Барраи Худо».
[37] Он ду шогирд суханони вайро шунида, аз паи Исо равона шуданд.
[38] Исо ба ақиб нигоҳ карда, дид, ки онҳо меоянд, гуфт: «Чӣ меҳоҳед?» Ба Ӯ гуфтанд: «Раббӣ», яъне: «эй Устод, дар куҷо истиқомат дорӣ?»
[39] Ӯ гуфт: «Биёед ва бубинед». Онҳо омаданд ва диданд, ки дар куҷо истиқомат дорад, ва он рӯз назди Ӯ бимонданд. Тақрибан соати даҳум буд.
[40] Яке аз он ду нафар, ки суҳанони Яҳьёро шунида, аз паи Ӯ омада буданд, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус буд.
[41] Вай аввал бародари худ Шимъӯнро ёфта, гуфт: «Мо Масеҳро, яъне Христосро ёфтем».
[42] Вайро назди Исо овард. Исо ба вай нигариста, гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юнус ҳастӣ; акнун номат Кифо ҳоҳад шуд, ки маънояш Петрус аст».
[43] Фардои ин, Исо ҳост ба Ҷалил равад, ва Филиппусро ёфта, гуфт: «Аз ақиби Ман биё».
[44] Филиппус аз Байт‐Сайдо, ҳамшаҳрии Андриёс ва Петрус буд.
[45] Филиппус Натанъилро ёфта, гуфт: «Мо Он касеро, ки Мусо дар бораи Ӯ дар Таврот навиштааст, ва анбиё зикр кардаанд, ёфтаем, ки Исо, писари Юсуф, аз Носира аст».
[46] Вале Натанъил ба вай гуфт: «Магар мумкин аст, ки аз Носира чизи некӯе пайдо шавад?» Филиппус ба вай гуфт: «Биё ва бубин».
[47] Исо чун дид, ки Натанъил сӯи Ӯ меояд, дар бораи вай гуфт: «Инак, исроилии ҳақиқӣ, ки дар вай макре нест».
[48] Натанъил ба Ӯ гуфт: «Маро аз куҷо мешиносӣ?» Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Пеш аз он ки Филиппус туро даъват кунад, ҳангоме ки дар зери дарахти анҷир будӣ, Ман туро дидам».
[49] Натанъил дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Устод! Ту Писари Худоӣ, Ту Подшоҳи Исроил ҳастӣ».
[50] Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ту имон овардӣ, зеро ба ту гуфтам, ки: „Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам“; чизҳои бузургтар аз ин хохӣ дид».
[51] Ва ба вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: минбаъд осмонро кушода ва фариштагони Худоро, ки бар Писари Одам сууд ва нузул мекунанд, хоҳед дид».