[1] Чун Исо инро гуфт, бо шогирдони Худ ба он тарафи водии Қидрӯн рафт, ки дар он ҷо боғе буд, ва Ӯ ва шогирдонаш ба он даромаданд.
[2] Ва Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ он ҷойро медонист, чунки Исо бо шогирдонаш борҳо дар он ҷо ҷамъ омада буд.
[3] Пас Яҳудо як даста сарбозон ва мулозимонро аз саркоҳинон ва фарисиён гирифта, бо чароғҳо ва машъалҳо ва аслиҳа ба он ҷо омад.
[4] Исо, ки огоҳ буд аз он чи бояд ба Ӯ рӯй диҳад, берун омада, ба онҳо гуфт: «Киро ҷустуҷӯ мекунед?»
[5] Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Исои Носириро». Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳастам». Яҳудои таслимкунандаи Ӯ низ бо онҳо истода буд.
[6] Чун Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳастам», — онҳо ақибақиб рафта, ба замин афтоданд.
[7] Боз аз онҳо пурсид: «Киро ҷустуҷӯ мекунед?» Гуфтанд: «Исои Носириро».
[8] Исо ҷавоб дод: «Ман ба шумо гуфтам, ки Ман ҳастам; пас, агар Маро ҷустуҷӯ мекунед, бигзоред инҳо бираванд», —
[9] То он сухане ки Ӯ гуфта буд, ба амал ояд: «Аз онҳое ки ба Ман додӣ, якеро талаф накардаам».
[10] Он гоҳ Шимъӯни Петрус, ки шамшер дошт, онро кашида, ба ғуломи саркоҳин, ки Малхус ном дошт, зад, ва гӯши рости вайро бурида партофт.
[11] Исо ба Петрус гуфт: «Шамшери худро ғилоф кун; наход ки он косаеро, ки Падарам ба Ман додааст, нанӯшам?»
[12] Он гоҳ дастаи сарбозон ва мириҳазор ва мулозимони яҳудиён Исоро дастгир карда, бастанд,
[13] Ва аввал Ӯро назди Ҳонон, падарарӯси Қаёфо, ки ҳамон сол саркоҳин шуд, бурданд:
[14] Ва ин ҳамон Қаёфо буд, ки ба яҳудиён маслиҳат дода буд, ки беҳтар аст як кас барои қавм бимирад.
[15] Шимъӯни Петрус ва як шогирди дигар аз ақиби Исо рафтанд; азбаски он шогирд ба саркоҳин шинос буд, бо Исо ба даруни ҳавлии саркоҳин даромад;
[16] Аммо Петрус дар берун, назди дар истод. Баъд он шогирди дигар, ки ба саркоҳин шинос буд, берун омада, ба дарбон чизе гуфт ва Петрусро ба дарун бурд.
[17] Он канизе ки дарбон буд, ба Петрус гуфт: «Оё ту низ аз шогирдони Ин Шахс нестӣ?» Вай гуфт: «Нестам».
[18] Дар ин миён ғуломон ва мулозимон оташ афрӯхта буданд, зеро ки ҳаво сард буд, ва даври оташ истода, худро гарм мекарданд; Петрус низ бо онҳо истода, худро гарм мекард.
[19] Саркоҳин аз Исо дар бораи шогирдонаш ва таълимаш пурсид.
[20] Исо ба вай ҷавоб дод: «Ман ба ҷаҳон ошкоро сухан гуфтаам; Ман ҳар вақт дар куништ ва дар маъбад, ки дар он ҷо яҳудиён ҳамеша ҷамъ меомаданд, таълим додаам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам;
[21] Чаро аз Ман мепурсӣ? Аз онҳое ки шунидаанд, бипурс, ки Ман ба онҳо чӣ гуфтаам; инак, онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам».
[22] Вақте ки инро гуфт, яке аз мулозимон, ки дар он ҷо истода буд, Исоро як торсакӣ зада, гуфт: «Ба саркоҳин ин тавр ҷавоб медиҳӣ?»
[23] Исо ба вай ҷавоб дод: «Агар бад гуфтам, ба бадӣ шаҳодат деҳ; ва агар хуб гуфтам, барои чӣ Маро мезанӣ?»
[24] Ҳонон Ӯро дастбаста назди Қаёфои саркоҳин фиристод.
[25] Ва Шимъӯни Петрус истода, худро гарм мекард. Ба вай гуфтанд: «Ту низ аз шогирдони Ӯ нестӣ?» Вай инкор карда, гуфт: «Нестам».
[26] Яке аз ғуломони саркоҳин, хеши он касе ки Петрус гӯшашро бурида буд, гуфт: «Магар ман туро дар боғ бо Ӯ надидам?»
[27] Петрус боз инкор кард; ва ҳамон дам хурӯс бонг зад.
[28] Аз ҳавлии Қаёфо Исоро ба сарбозхона бурданд. Ва субҳ буд; ва онҳо ба сарбозхона надаромаданд, то ки наҷис нашаванд ва барраи фисҳро бихӯранд.
[29] Пилотус назди онҳо баромада, гуфт: «Чӣ даъвое бар Ин Шахс доред?»
[30] Онҳо дар ҷавоби вай гуфтанд: «Агар Ӯ бадкор намебуд, ба ту таслим намекардем».
[31] Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо Ӯро бигиред ва мувофиқи шариати худ бар Ӯ доварӣ кунед». Яҳудиён ба вай гуфтанд: «Ба мо ҷоиз нест, ки касеро бикушем»,
[32] То он сухани Исо ба амал ояд, ки Ӯ дар бораи чигунагии мурдани Худ ишора карда гуфта буд.
[33] Он гоҳ Пилотус боз ба сарбозхона даромада, Исоро хонд ва ба Ӯ гуфт: «Оё Ту Подшоҳи Яҳудиён ҳастӣ?»
[34] Исо ба вай ҷавоб дод: «Оё ту инро аз худ мегӯӣ, ё ки дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтаанд?»
[35] Пилотус ҷавоб дод: «Магар ман яҳудӣ ҳастам? Қавми Ту ва саркоҳинон Туро ба ман таслим кардаанд; чӣ кор кардаӣ?»
[36] Исо ҷавоб дод: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест; агар Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон мебуд, мулозимони Ман меҷангиданд, то ки Ман ба яҳудиён таслим карда нашавам; лекин акнун Подшоҳии Ман аз ин ҷо нест».
[37] Пилотус ба Ӯ гуфт: «Пас, Ту Подшоҳ ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ту мегӯӣ, ки Ман Подшоҳ ҳастам; Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам; ва ҳар кӣ аз ростист, овози Маро мешунавад».
[38] Пилотус ба Ӯ гуфт: «Ростӣ чист?» Чун инро бигуфт, боз назди яҳудиён баромад ва ба онҳо гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айбе намеёбам;
[39] Лекин шумо одате доред, ки бандиеро дар иди фисҳ барои шумо озод кунам; оё мехоҳед, ки Подшоҳи Яҳудиёнро барои шумо озод кунам?»
[40] Онҳо боз фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро не, балки Бараббосро». Бараббос як роҳзан буд.