Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 8:30

[1] Шаш рӯз пеш аз иди фисҳ Исо ба Байт‐Ҳинӣ омад, ба он ҷое ки Лаъзори мурдаро аз мурдагон эҳьё карда буд.

[2] Дар он ҷо барои Ӯ таоми шом ҳозир карданд, ва Марто хизмат мекард, ва Лаъзор яке аз онҳое буд, ки бо Ӯ бар сари суфра менишастанд.

[3] Он гоҳ Марьям ратле аз равғани атрафшони сунбули холиси гаронбаҳо гирифта, пойҳои Исоро тадҳин кард ва пойҳои Ӯро бо мӯи худ хушконид; ва хона аз бӯи равғани атрафшон пур шуд.

[4] Ва яке аз шогирдонаш, Яҳудо ибни Шимъӯни Исқарьют, ки мехост Ӯро таслим кунад, гуфт:

[5] «Чаро ин равғани атрафшон ба сесад динор фурӯхта нашуд, то ки ба мискинон тақсим карда дода шавад?»

[6] Ва инро на аз барои он гуфт, ки ғамхори мискинон бошад, балки барои он ки дузд буд: ҳамьёни пул дар дасташ буд, ва аз пуле ки дар он меандохтанд, барои худ мегирифт.

[7] Исо гуфт: «Вайро ором гузор; вай инро барои рӯзи дафни Ман саришта карда нигоҳ доштааст;

[8] Зеро ки мискинон ҳар вақт назди шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам».

[9] Бисьёре аз яҳудиён чун хабар ёфтанд, ки Ӯ дар он ҷост, омаданд, то ки на танҳо Исоро, балки низ Лаъзорро, ки Ӯ аз мурдагон эҳьё карда буд, бубинанд.

[10] Он гоҳ саркоҳинон қарор доданд, ки Лаъзорро низ бикушанд,

[11] Чунки ба хотири вай бисьёре аз яҳудиён ба он ҷо меомаданд ва ба Исо имон меоварданд.

[12] Фардои он, мардуми бисьёре ки ба ид омада буданд, чун шуниданд, ки Исо ба Ерусалим меояд,

[13] Шохаҳои дарахти хурморо ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарьёд мекарданд: «Хӯшаъно! Муборак аст Подшоҳи Исроил, ки ба исми Худованд меояд!»

[14] Ва Исо харкуррае ёфта, бар он савор шуд, чунон ки навишта шудааст:

[15] «Натарс, эй духтари Сион! Инак, Подшоҳи ту бар куррае савор шуда, меояд».

[16] Шогирдонаш аввал ин чизҳоро нафаҳмиданд, лекин чун Исо ҷалол ёфт, он гоҳ ба хотир оварданд, ки ин чизҳо дар бораи Ӯ навишта шуда буд, ва ҳамчунон барои Ӯ ба ҷо оварда шуд.

[17] Ва мардуме ки бо Ӯ буданд, шаҳодат доданд, ки Ӯ Лаъзорро аз қабр хонд ва аз мурдагон эҳьё кард;

[18] Ба ин сабаб низ мардум ба пешвози Ӯ баромаданд, зеро шунида буданд, ки Ӯ чунин мӯъҷиза нишон додааст.

[19] Лекин фарисиён ба якдигар гуфтанд: «Оё мебинед, ки ҳеҷ фоида намебаред? Инак, тамоми ҷаҳон аз паи Ӯ меравад».

[20] Дар байни онҳое ки дар ид барои ибодат омада буданд, баъзе юнониҳо буданд;

[21] Онҳо назди Филиппус, ки аз Байт‐Сайдои Ҷалил буд, омаданд ва илтимос намуда, гуфтанд: «Эй оғо! Мо мехоҳем Исоро бубинем».

[22] Филиппус омада, ба Андриёс гуфт; баъд Андриёс ва Филиппус ба Исо гуфтанд.

[23] Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Соати он расидааст, ки Писари Одам ҷалол ёбад.

[24] Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар донаи гандум дар хок афтода, намирад, фақат худаш боқӣ мемонад; лекин агар бимирад, донаҳои фаровон меоварад.

[25] Касе ки ҷони худро дӯст дорад, онро барбод медиҳад; ва касе ки аз ҷони худ дар ин ҷаҳон нафрат кунад, то ҳаёти ҷовидонӣ онро нигоҳ ҳоҳад дошт.

[26] Ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд Маро пайравӣ намояд; ва ҳар куҷо ки бошам, ҳодими Ман низ он ҷо хоҳад буд; ва ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, Падар вайро мӯҳтарам хоҳад дошт.

[27] Алҳол ҷони Ман дар изтироб аст; чӣ бигӯям? Эй Падар! Маро аз ин соат раҳо намо! Аммо маҳз барои ҳамин соат Ман омадаам.

[28] Эй Падар! Исми Худро ҷалол деҳ». Дарҳол садое аз осмон даррасид: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол ҳоҳам дод».

[29] Мардуме ки дар он ҷо истода буданд, инро шунида, гуфтанд: «Раъд ғуррид». Дигарон гуфтанд: «Фариштае бо Ӯ сухан гуфт».

[30] Исо дар ҷавоб гуфт: «Ин садо на аз барои Ман, балки барои шумо омад;

[31] Алҳол доварӣ бар ин ҷаҳон аст; алҳол мири ин ҷаҳон бадар ронда мешавад;

[32] Ва ҳангоме ки Ман аз замин боло бурда мешавам, ҳамаро сӯи Худ хоҳам кашид».

[33] Инро гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна марг Ӯ бояд бимирад.

[34] Мардум дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Мо аз Таврот шунидаем, ки Масеҳ то абад боқӣ хоҳад монд; пас чӣ сон мегӯӣ, ки Писари Одам бояд боло бурда шавад? Ин Писари Одам кист?»

[35] Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе нур бо шумост; то даме ки нур бо шумост, роҳ равед, то ки зулмот шуморо фаро нагирад, ва касе ки дар торикӣ роҳ меравад, намедонад, ки куҷо меравад;

[36] То даме ки нур бо шумост, ба нур имон оваред, то ки писарони нур гардед». Ин суханонро гуфта, Исо аз пеши онҳо рафт ва пинҳон шуд.

[37] Бо вуҷуди мӯъҷизоти бисьёре ки дар пеши назарашон нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд,

[38] То сухани Ишаъёи набӣ ба амал ояд, ки гуфта буд: «Худовандо! Кӣ ба пайғоми мо бовар кард, ва бозуи Худованд ба кӣ ошкор гардид?»

[39] Бинобар ин натавонистанд имон оваранд, чунон ки Ишаъё боз гуфтааст:

[40] «Чашмони онҳоро нобино ва дилҳои онҳоро сахт гардондааст, то бо чашмони худ набинанд ва бо дилҳои худ нафаҳманд ва руҷӯъ накунанд, то ки Ман онҳоро шифо диҳам».

[41] Чунин гуфт Ишаъё, ҳангоме ки ҷалоли Ӯро дид ва дар бораи Ӯ сухан ронд.

[42] Бо вуҷуди ин бисьёре аз сардорон низ ба Ӯ имон оварданд, аммо аз тарси фарисиён иқрор накарданд, ки мабодо аз куништ ронда шаванд;

[43] Зеро ки ҷалоли мардумро бештар аз ҷалоли Худо дӯст медоштанд.

[44] Лекин Исо нидо карда, гуфт: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ба Ман не, балки ба Фиристандаи Ман имон овардааст;

[45] Ва ҳар кӣ Маро бинад, Фиристандаи Маро дидааст.

[46] Ман нур ҳастам, ки ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад.

[47] Ва агар касе суҳанони Маро шунида, риоят накунад, Ман бар вай доварӣ нахоҳам кард: зеро наомадаам, ки бар ҷаҳон доварӣ кунам, балки ҷаҳонро наҷот баҳшам.

[48] Ҳар кӣ Маро рад карда, суханонамро қабул накунад, доваре бар худ дорад: каломе ки гуфтам, дар рӯзи вопасин бар вай доварӣ хоҳад кард;

[49] Зеро ки Ман аз Худ нагуфтаам, балки Падаре ки Маро фиристод, ба Ман ҳукм дод, ки чӣ бигӯям ва чӣ гуна сухан ронам;

[50] Ва Ман медонам, ки ҳукми Ӯ ҳаёти ҷовидонист. Пас, он чи Ман мегӯям, хамон аст, ки Падар фармудааст, то бигӯям».

Инҷили Юҳанно — Chapters