Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:39

[1] Хоҳари мо Фубиро, ки ходимаи калисои Канхария аст, ба шумо маъруфӣ менамоям,

[2] То ки вайро ба хотири Худованд, ба тавре ки шоистаи муқаддасон бошад, қабул кунед ва дар ҳар бобат, ки ба шумо эҳтиёҷ дошта бошад, ба вай мадад расонед; зеро ки вай ҳам ба бисьёр касон ва ба худи ман низ мададгор буд.

[3] Ба Прискила ва Акило, ки ҳамкорони ман дар Исои Масеҳ буданд, салом гӯед;

[4] Онҳо ҷони худро барои ман ба хатар андохтаанд, ва аз онҳо на фақат ман, балки ҳамаи калисоҳои халқҳо низ мамнун ҳастанд; ҳамчунин ба аҳли калисое ки дар хонаи онҳо ҷамъ мешаванд, салом гӯед.

[5] Ба маҳбуби ман Апинтус, ки барои Масеҳ навбари Охоия аст, салом гӯед.

[6] Ба Марьям, ки барои мо бисьёр меҳнат кардааст, салом гӯед.

[7] Ба хешони ман Андрониқӯс ва Юниёс, ки бо ман бандӣ буданд, салом гӯед; онҳо дар миёни ҳаввориён машҳур ҳастанд ва аз ман пештар ба Масеҳ имон овардаанд.

[8] Ба Амплиёс, ки дар Худованд маҳбуби ман аст, салом гӯед.

[9] Ба Урбонус, ки дар Масеҳ ҳамкори мост, ва ба Истохис, ки маҳбуби ман аст, салом гӯед.

[10] Ба Апалис, ки дар Масеҳ озмуда шудааст, салом гӯед. Ба аҳли байти Аристоблус салом гӯед.

[11] Ба хеши ман Ҳиродиюн салом гӯед. Ба онҳое ки аз аҳли байти Наркисус ба Худованд имон доранд, салом гӯед.

[12] Ба Труфино ва Трифосо, ки дар кори Худованд фаъол ҳастанд, салом гӯед. Ба Парсиси маҳбуба, ки дар кори Худованд бисьёр фаъол аст, салом гӯед.

[13] Ба Руфус, ки баргузидаи Худованд аст, ва ба модари ӯ, ки барои ман мисли модар аст, салом гӯед.

[14] Ба Асункритус, Флигӯн, Ҳермос, Патрубос, Ермис ва бародароне ки бо онҳоянд, салом гӯед.

[15] Ба Филӯлӯгус ва Юлиё, Нирвас ва хоҳараш, ва Ӯлумпос, ва ҳамаи муқаддасоне ки бо онҳоянд, салом гӯед.

[16] Ба якдигар бо бӯсаи муқаддасона салом гӯед. Ҳамаи калисоҳои Масеҳ ба шумо салом мегӯянд.

[17] Шуморо, эй бародарон, даъват менамоям, ки аз касоне ки бар хилофи таълиме ки шумо ёфтаед, дар миён ҷудоӣ ва васваса меандозанд, эҳтиёт бошед ва аз онҳо канорагирӣ кунед;

[18] Зеро ки онҳо на ба Худованди мо Исои Масеҳ, балки ба шиками худ хизмат мекунанд ва бо тамаллуқкорӣ ва суханороӣ дилҳои соддалавҳонро фиреб медиҳанд.

[19] Итоати шумо ба ҳама маълум аст; ва ман аз шумо хурсандам, лекин орзумандам, ки шумо дар некӣ хирадманд ва дар бадӣ соддадил бошед.

[20] Ва Худои сулҳу осоиштагӣ ба зудӣ шайтонро зери пойҳои шумо сарнагун хоҳад кард. Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо шумо бод!

[21] Ҳамкорам Тимотиюс ва хешонам Лукюс, Ёсӯн ва Сӯсипатрус ба шумо салом мегӯянд.

[22] Ман — Тартиюс низ, ки ин номаро навиштаам, ба шумо дар Худованд салом мегӯям.

[23] Ғоюс, ки мизбони ман ва тамоми аҳли калисо мебошад, ба шумо салом мегӯяд. Хазинадори шаҳр Арастус ва бародари мо Квартус ба шумо салом мегӯянд.

[24] Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо ҳамаи шумо бод. Омин.

Номаи ба Румиён — Chapters