[1] Бинобар ин ту, эй одами маҳкумкунанда, ҳар кӣ бошӣ ҳам, узре надорӣ, чунки дигареро маҳкум карда, ҳудатро маҳкум менамоӣ, зеро ки ту, эй маҳкумкунанда, айни ҳамон корҳоро содир мекунӣ.
[2] Лекин мо медонем, ки доварии Худо бар кунандагони чунин корҳо барҳақ аст.
[3] Наҳод ки ту, эй одамизод, гумон мекунӣ, ки бо маҳкум кардани кунандагони чунин корҳо ту аз доварии Худо халос хоҳӣ шуд, дар сурате ки худат айни ҳамон корҳоро содир менамоӣ?
[4] Ё ки ту ба фаровонии меҳрубонӣ, ҳилм ва пурсабрии Ӯ беэътиноӣ мекунӣ, бехабар аз он ки меҳрубонии Худо туро ба роҳи тавба ҳидоят менамояд?
[5] Аммо, аз боиси саркашӣ ва дили тавбанопазири худ, ту ғазабро барои худ дар рӯзи ғазаб ва зуҳури доварии ҳаққонии Худо афзун мегардонӣ,
[6] Ки Ӯ ба ҳар кас мувофиқи аъмоли вай подош хоҳад дод:
[7] Ба онҳое ки доим кори нек карда, толиби ҷалол, шараф ва ҷовидӣ мешаванд, ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад дод;
[8] Вале онҳоеро, ки саркашӣ карда, ростиро рад менамоянд, ва мутеи норостӣ мешаванд, ба хашму ғазаб гирифтор хоҳад кард.
[9] Андӯҳу фалокат ояд бар ҷони ҳар одаме ки кори бад мекунад: ҳам, аввалан, бар ҷони яҳудӣ ва ҳам бар ҷони юнонӣ!
[10] Лекин ҷалол, шараф ва осоиштагӣ ояд ба ҳар касе ки кори нек мекунад: ҳам, аввалан, ба яҳудӣ ва ҳам ба юнонӣ!
[11] Зеро ки Худо рӯйбинӣ надорад.
[12] Онҳое ки дорои шариат набуда, гуноҳ кардаанд, берун аз шариат низ ҳалок хоҳанд шуд; вале онҳое ки дорои шариат буда, гуноҳ кардаанд, аз рӯи шариат маҳкум хоҳанд шуд, —
[13] Чунки на шунавандагони шариат пеши Худо одиланд, балки иҷрокунандагони шариат сафед карда хоҳанд шуд;
[14] Зеро, ҳар гоҳ халқҳое ки шариат надоранд, табиатан фармудаҳон шариатро ба ҷо меоваранд, онҳо шариат надошта бошанд ҳам, худашон барои худ шариат ҳастанд:
[15] Рафторашон нишон медиҳад, ки амали шариат дар дилашон навишта шудааст; виҷдон ва афкорашон низ, ки якдигарро гоҳе айбдор ва гоҳе сафед мекунанд, дар ин бобат гувоҳӣ медиҳанд, —
[16] Дар ҳамон рӯзе ки Худо, ба ҳасби башорати ман, асрори одамонро ба воситаи Исои Масеҳ доварӣ хоҳад кард.
[17] Инак, ту яҳудӣ ном дорӣ, ва ба шариат такья мекунӣ, ва аз шинохтани Худо меболӣ.
[18] Ва иродаи Ӯро медонӣ, ва азбаски шариатро омӯхтаӣ, фарқи байни неку бадро мефаҳмӣ,
[19] Ва яқин дорӣ, ки ту роҳнамои кӯрон, нуре барои бошандагони зулмот,
[20] Носеҳи ҷоҳилон ва муаллими кӯдакон ҳастӣ, ва дар шариат намунаи маърифат ва ростиро дорӣ, —
[21] Пас, чӣ гуна ту, ки дигаронро таълим медиҳӣ, ҳудатро таълим намедиҳӣ?
[22] Ваъз мегӯӣ, ки дуздӣ набояд кард, вале ҳудат дуздӣ мекунӣ! Мегӯӣ, ки «зинокорӣ накун», вале худат зинокорӣ мекунӣ! Аз бутҳо нафрат дорӣ, вале маъбадҳоро ғорат мекунӣ!
[23] Бо шариат меболӣ, вале шариатро вайрон карда, обрӯи Худоро мерезонӣ!
[24] Зеро ки ба туфайли шумо, чунон ки навишта шудааст, дар миёни халқҳо исми Худоро хор медоранд.
[25] Хатна фоиданок аст, ба шарте ки шариатро риоя кунӣ; аммо агар шариатро вайрон кунӣ, махтунии ту ба номахтунӣ мубаддал шуд.
[26] Пас, агар номахтуне фармудаҳои шариатро риоя кунад, оё номахтунии вай махтунӣ шумурда намешавад?
[27] Ва номахтуни табиӣ, ки шариатро ба ҷо меоварад, оё туро маҳкум намекунад, ки дорои Навиштаҳо ва хатна ҳастию шариатро вайрон мекунӣ?
[28] Зеро яҳудӣ на он кас аст, ки аз рӯи қиёфати зоҳирӣ чунин бошад, ва хатна на он чиз аст, ки бар ҷисм намоён бошад,
[29] Балки яҳудӣ он кас аст, ки дар ботин ҷунин бошад, ва хатна он чиз аст, ки дар дил ба ҳасби рӯҳ, на ин ки ба ҳасби ҳарф, ҷо дошта бошад; ва ҳамди чунин одам на аз ҷониби одамон, балки аз ҷониби Худост.