Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 5:25

[1] Дар Масеҳ рост мегӯям, дурӯғ намегӯям, виҷдонам дар Рӯҳулқудс бо ман шаҳодат медиҳад,

[2] Ки ғуссаи бузургест барои ман, ва сӯзи дили ман поён надорад:

[3] Зеро ман мехостам, ки ба хотири бародаронам, ки ба ҳасби ҷисм хешони мананд, худам аз Масеҳ маҳрум шавам.

[4] Онҳо исроилиёнанд; фарзандхондагӣ ва ҷалол, аҳдҳо ва шариат, ибодат ва ваъдаҳо ба онҳо тааллуқ доранд;

[5] Ва падарон аз онҳоянд, ва аз онҳо Масеҳ ба ҳасби ҷисм ба ҷаҳон омадааст, ки Худо бар ҳама ва то абад муборак аст, омин.

[6] Аммо чунин нест, ки каломи Худо аз эътибор соқит шуда бошад. Зеро на ҳама исроилиянд, ки аз Исроил бошанд,

[7] Ва на ҳама фарзандони Иброҳиманд, ки наслаш ҳастанд; балки «насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд».

[8] Яъне на ҳамаи фарзандони ҷисм фарзандони Худо ҳастанд; балки фарзандони ваъда насл ҳисоб меёбанд.

[9] Зеро ки каломи ваъда чунин аст: «Дар ҳамин вақт хоҳам баргашт, ва Сороро писаре хоҳад шуд».

[10] Ва на фақат ин, балки ба Ривқо низ ҳамин тавр шуд, вақте ки вай аз яке, яъне аз падарамон Исҳоқ ба як шикам ду писарро ҳомила буд.

[11] Зеро ки пеш аз таваллуди онҳо, ки ҳанӯз ҳеҷ амали неке ё баде накарда буданд, — барои он ки пешбинии Худо дар интихобашон на аз аъмол, балки аз Даъваткунанда содир шавад, —

[12] Ба вай гуфта шуд: «Калонӣ ба хурдӣ хизмат кунад»,

[13] Чунон ки навишта шудааст: «Яъқубро Ман дӯст доштам, аммо Эсовро бад дидам».

[14] Пас чӣ гӯем? Магар назди Худо беинсофӣ ҳаст? Ба ҳеҷ ваҷҳ.

[15] Зеро ки Ӯ ба Мусо мегӯяд: «Ҳар киро марҳамат кардан хоҳам, марҳамат мекунам; ба ҳар кӣ раҳм кардан хоҳам, раҳм мекунам».

[16] Пас, гап на дар он кас аст, ки майл дорад ва саъю кӯшиш мекунад, балки дар марҳамати Худост.

[17] Зеро ки Навиштаҳо ба фиръавн мегӯяд: «Барои он Ман туро ба по гузоштаам, ки қуввати Худро бар ту нишон диҳам, то ки исми Ман дар тамоми ҷаҳон интишор ёбад».

[18] Пас, Ӯ ҳар киро хоҳад, марҳамат мекунад, ва ҳар киро хоҳад, сангдил мегардонад.

[19] Ту ба ман ҳоҳӣ гуфт: «Пас чаро Ӯ боз мазаммат мекунад? Зеро кист, ки ба иродаи Ӯ муқобилат карда тавонад?»

[20] Аммо ту кистӣ, эй одамизод, ки бо Худо баҳсу мунозира мекунӣ? Оё маснӯъ ба сонеъ мегӯяд: «Чаро маро чунин соҳтӣ?»

[21] Оё кӯзагар ихтиёр надорад, ки аз айни як гил зарфе барои истеъмолоти олӣ ва зарфи дигаре барои истеъмолоти паст бисозад?

[22] Пас, чӣ ҷои баҳс аст, ки агар Худо, бо мақсади нишон додани ғазаби Худ ва зоҳир сохтани иқтидори Худ, зарфҳои ғазабро, ки барои ҳалокат сохта шудаанд, бо пурсабрии азиме таҳаммул карда бошад,

[23] То ки фаровонии ҷалоли Худро бар зарфҳои марҳамат, ки Ӯ пешакӣ онҳоро барои ҷалол омода кардааст, зоҳир созад.

[24] Ва он зарфҳои марҳамат моем, ки Ӯ моро на фақат аз байни яҳудиён, балки аз байни халқҳо ҳам даъват намудааст,

[25] Чунон ки дар Ҳушаъ низ мегӯяд: «Онҳоеро, ки қавми Ман нестанд, қавми Худ хоҳам хонд, ва онро, ки маҳбуба нест, маҳбуба хоҳам ҳонд;

[26] Ва дар он ҷое ки ба онҳо гуфта шудааст: „Шумо қавми Ман нестед, онҳо фарзандони Худои Ҳай номида хоҳанд шуд“».

[27] Ва Ишаъё дар бораи Исроил нидо мекунад, ки: «Агар шумораи банӣ‐Исроил мисли реги баҳр бошад ҳам, бақияе наҷот хоҳад ёфт;

[28] Зеро ки Худованд коре ба итмом мерасонад ва ба зудӣ аз рӯи адолат ҳал мекунад, кори қатъие бар замин анҷом медиҳад».

[29] Ва чунон ки Ишаъё пешгӯӣ кардааст: «Агар Худованди лашкарҳо барои мо насле боқӣ намегузошт, мо мисли Садӯм мешудем ва ба Амӯро монандӣ медоштем».

[30] Пас чӣ гӯем? Халқҳое ки дар паи адолат набуданд, адолат ба даст оварданд: адолате ки аз имон аст;

[31] Аммо Исроил, ки дар паи шариати адолат буд, ба шариати адолат нарасид.

[32] Чаро? Чунки онро на дар имон, балки дар аъмол толиб шуданд. Онҳо ба санги пешпое пешпо хӯрданд,

[33] Чунон ки навишта шудааст: «Инак, дар Сион санги пешпо ва сахраи васваса мегузорам, ва ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд».

Номаи ба Румиён — Chapters