Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 4:16

[1] Пас, яҳудӣ чӣ бартарӣ дорад, ё ки хатна чӣ фоида дорад?

[2] Бартарии бузурге аз ҳар ҷиҳат, ва пеш аз ҳама аз он ҷиҳат, ки ба дасташон каломи Худо супурда шудааст.

[3] Зеро ки чӣ гӯем? Агар баъзеашон бевафо бошанд, оё бевафогии онҳо вафои Худоро ботил мекунад?

[4] Ба ҳеҷ ваҷҳ. Балки Худо барҳақ аст, агарчи ҳар одам козиб бошад, чунон ки навишта шудааст: «То ки Ту дар суханони Худ ҳақ бароӣ ва дар доварии Худ ғолиб оӣ».

[5] Лекин агар шарорати мо адолати Худоро зоҳир мекарда бошад, чӣ гӯем? Оё Худо, ҳангоме ки ба ғазаб меояд, бендолат аст? — Инро ман ба таври муҳокимаронии одамӣ мегӯям.

[6] Ба ҳеҷ ваҷҳ. Зеро ки дар он сурат Худо чӣ тавр метавонад оламро доварӣ кунад?

[7] Зеро ки агар ба воситаи дурӯғи ман ростии Худо барои ҷалоли Ӯ афзун мешуда бошад, пас чаро ман боз ҳамчун гуноҳкоре маҳкум мешавам?

[8] Ва чӣ гуна баъзеҳо ба мо бӯҳтон зада, даъво мекунанд, ки гӯё мо мегуфта бошем: «Биёед, бадӣ кунем, то ки некӣ ҳосил шавад»? Маҳкумияти чунин касон ҳаққонист.

[9] Пас чӣ гӯем? Оё мо бартарӣ дорем? Не, надорем, зеро ки мо аллакай исбот кардем, ки ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, ҳама гирифтори гуноҳ ҳастанд,

[10] Чунон ки навишта шудааст: «Касе одил нест, як нафар ҳам нест;

[11] Касе соҳибфаҳм нест; касе толиби Худо нест;

[12] Ҳама гумроҳ шудаанд, аз як сар ношояманд: некӯкоре нест, як нафар ҳам нест.

[13] Гулӯяшон қабри кушода аст; бо забонашон фиреб медиҳанд; бар лабонашон заҳри мор аст;

[14] Даҳонашон пур аз ғайбат ва ҳасрат аст.

[15] Пойҳошон барои хунрезӣ шитобон аст;

[16] Харобкорӣ ва ҳалокат дар роҳҳои онҳост;

[17] Онҳо роҳи сулҳу осоиштагиро намедонанд.

[18] Дар пеши чашмашон тарси Худо нест».

[19] Лекин мо медонем, ки ҳар чи шариат мегӯяд, ба аҳли шариат рӯ оварда мегӯяд, то ки ҳар даҳоне баста шавад ва тамоми олам пеши Худо айбдор гардад,

[20] Чунки бо аъмоли шариат ҳеҷ одаме пеши Ӯ сафед нахоҳад шуд; зеро ки гуноҳ ба воситаи шариат дониста мешавад.

[21] Аммо алҳол, сарфи назар аз шариат, адолати Худо зоҳир шудааст, ки Таврот ва анбиё бар он шаҳодат медиҳанд, —

[22] Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест,

[23] Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд

[24] Ва ройгон, бо файзи Ӯ, ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд,

[25] Ки Ӯро Худо пешниҳод кард, то ки дар Хуни Ӯ ба воситаи имон кафорате бошад, барои нишон додани адолати Ӯ дар омурзиши гуноҳҳое ки пештар, дар замони пурсабрии Худо содир шудаанд,

[26] Ва барои нишон додани адолати Ӯ дар замони ҳозира, то ки Ӯ одил бошад ва ҳар киро, ки ба Исо имон меоварад, сафед кунад.

[27] Пас, куҷост он чи боиси болидан бошад? Он тамоман аз байн рафтааст. Ба кадом шариат? Оё ба шариати аъмол? Не, балки ба шариати имон.

[28] Зеро мо эътироф менамоем, ки одамизод, сарфи назар аз аъмоли шариат, ба воситаи имон сафед мешавад.

[29] Ё ки Худо фақат Худои яҳудиён аст? Магар Худои халқҳо ҳам нест? Албатта, Худои халққо ҳам мебошад;

[30] Чунки Худо ягона аст, ва Ӯ махтунонро аз рӯи имон ва номахтунонро ба воситаи имон сафед мекунад.

[31] Пас, оё мо шариатро ба воситаи имон ботил мекунем? Ба ҳеҷ ваҷҳ, балки шариатро устувор мегардонем.

Номаи ба Румиён — Chapters