[1] Павлус, ки бо иродаи Худо ҳаввории даъватшудаи Исои Масеҳ аст, ва бародари мо Сӯстинис,
[2] Ба калисои Худо, ки дар Қӯринтӯс воқеъ аст, ба муқаддасони даъватшуда, ки дар Исои Масеҳ тақдис гардидаанд, бо ҳамаи онҳое ки дар ҳар ҷо исми Худованди мо Исои Масеҳро мехонанд, ки Ӯ Худованди онҳо ва Худованди мост, —
[3] Файз ва осоиштагӣ аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд бар шумо бод.
[4] Худои худро ҳамеша барои шумо шукр мегӯям: барои файзи Худо, ки ба шумо дар Исои Масеҳ ато шудааст,
[5] Чунки дар Ӯ шумо аз ҳар чиз: аз ҳар сухан ва аз ҳар дониш бой шудаед,
[6] Зеро шаҳодати Масеҳ дар шумо барқарор гардидааст,
[7] Ба тавре ки шумо аз ҳеҷ лаёқат норасогӣ надоред, модоме ки мунтазири зуҳури Худованди мо Исои Масеҳ мебошед,
[8] Ки Ӯ низ шуморо то ба охир устувор хоҳад кард, то ки дар рӯзи Худованди мо Исои Масеҳ беайб бошед.
[9] Амин аст Худое ки шуморо ба ширкати Писари Худ Исои Масеҳи Худованди мо даъват намудааст.
[10] Аз шумо, эй бародарон, ба исми Худованди мо Исои Масеҳ илтимос мекунам, ки ҳамаатон айни як суханро гӯед, ва дар байни шумо ҷудоие набошад, балки шумо дар як рӯҳ ва дар як фикр муттаҳид бошед.
[11] Зеро ки аз аҳли байти Хлӯо ба ман дар бораи шумо, эй бародарон, маълум шудааст, ки дар байнатон баҳсу мунозира вуҷуд дорад.
[12] Ман онро дар назар дорам, ки ҳар яке аз шумо мегӯяд: «Ман аз они Павлус ҳастам»; «Ман аз они Апӯллӯс»; «Ман аз они Кифо»; «Ман аз они Масеҳ».
[13] Оё Масеҳ аз ҳам ҷудо шудааст? Оё Павлус барои шумо маслуб гардидааст? Ё ки шумо ба исми Павлус таъмид ёфтаед?
[14] Худоро шукр мегӯям, ки ман ҳеҷ яке аз шуморо, ба ғайр аз Криспус ва Ғоюс, таъмид надодаам,
[15] То касе нагӯяд, ки ман ӯро ба исми худ таъмид додаам.
[16] Ман инчунин аҳли байти Истефанусро таъмид додаам; ҷуз инҳо дар хотир надорам, ки каси дигареро таъмид дода бошам.
[17] Зеро Масеҳ маро нафиристодааст, ки таъмид диҳам, балки башорат диҳам, на дар ҳикмати калом, то ки салиби Масеҳ ботил нашавад.
[18] Зеро паёми салиб барои гирифторони ҳалокат ҷаҳолат аст, вале барои мо, ки дар роҳи наҷот ҳастем, қуввати Худост.
[19] Зеро навишта шудааст: «Ҳикмати ҳакимонро ба ҳалокат хоҳам расонд ва ақли оқилонро нопадид хоҳам кард».
[20] Куҷост ҳаким? Куҷост китобдон? Куҷост воизи ин ҷаҳон? Оё Худо ҳикмати ин ҷаҳонро ба ҷаҳолат табдил надодааст?
[21] Зеро, дар ҳикмати Худо, модоме ки ҷаҳон бо ҳикмати худ Худоро нашинохт, — Худо салоҳ донист, ки ба воситам ҷаҳолати мавъиза имондоронро наҷот диҳад.
[22] Зеро ки яҳудиён мӯъҷизот металабанд, ва юнониён ҳикмат меҷӯянд;
[23] Лекин мо Масеҳи маслубшударо мавъиза мекунем, ки барои яҳудиён васваса ва барои юнониён ҷаҳолат аст,
[24] Аммо барои худи даъватшудагон, чи яҳудиён, чи юнониён, Масеҳро мавъиза мекунем, ки Ӯ қуввати Худо ва ҳикмати Худост;
[25] Чунки ҷаҳолати Худо аз ҳикмати одамон пурҳикматтар аст, ва нотавонии Худо аз қуввати одамон тавонотар аст.
[26] Зеро, эй бародарон, бингаред, ки шумо, вақте ки даъват шудед, чӣ будед: бисьёре ба ҳасби ҷисм ҳаким нестед, бисьёре тавоно нестед, бисьёре наҷиб нестед;
[27] Лекин Худо ҷоҳилони ҷаҳонро баргузид, то ки ҳакимонро шарманда кунад, ва нотавонони ҷаҳонро баргузид, то ки тавонгаронро шарманда кунад;
[28] Ва Худо бекасони ҷаҳон ва ҳақиронро, ва он чиро, ки номавҷуд аст, баргузид, то ки мавҷудро ботил кунад, —
[29] Барои он ки ҳеҷ ҷисме дар пеши Худо фахр накунад.
[30] Ва аз Ӯ шумо дар Исои Масеҳ ҳастед, ки барои мо ҳикмате аз ҷониби Худо, яъне адолат ва қудсият ва кафорат шудааст,
[31] То, чунон ки навишта шудааст, «фахркунанда бигзор ба Худованд фахр кунад».