Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:49

[1] Эй бародарон! Орзуи дили ман ва дуои ман назди Худо барои Исроил ин аст, ки онҳо наҷот ёбанд.

[2] Зеро дар бораи онҳо шаҳодат медиҳам, ки рашки Худоро доранд, аммо на аз рӯи фаҳм.

[3] Зеро ки ба адолати Худо сарфаҳм нарафта, адолати худашонро барқарор карданӣ шуданд ва ба ин сабаб ба адолати Худо итоат накарданд;

[4] Чунки Масеҳ анҷоми шариат аст барои адолати ҳар касе ки имон меоварад.

[5] Мусо дар бораи адолате ки аз рӯи шариат аст, чунин менависад: «Ҳар кӣ онро ба ҷо оварад, ба воситаи он хоҳад зист».

[6] Аммо адолате ки аз рӯи имон аст, чунин мегӯяд: «Дар дили худ нагӯ: „Кӣ ба осмон сууд мекунад?“» — барои он ки Масеҳро поён фурорад.

[7] Ё: «Кӣ ба варта нузул мекунад?» — барои он ки Масеҳро аз мурдагон боло барорад.

[8] Аммо вай чӣ мегӯяд? «Калом наздики туст, дар даҳони ту ва дар дили туст», яъне каломи имон, ки мо онро мавъиза мекунем.

[9] Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, наҷот хоҳӣ ёфт;

[10] Чунки одам бо дили худ имон меоварад, ки ин барои адолати ӯст, ва бо даҳони худ эътироф мекунад, ки ин барои наҷоти ӯст.

[11] Зеро Навиштаҳо мегӯяд: «Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, хиҷил нахоҳад шуд».

[12] Ва дар ин бобат ҳеҷ тафовуте дар миёни яҳудиён ва юнониён нест, зеро ҳама Худованди Ягонае доранд, ки барои ҳамаи онҳое ки исми Ӯро мехонанд, сарватманд аст.

[13] Зеро «ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт».

[14] Аммо чӣ гуна онҳо бихонанд Онро, ки ба Ӯ имон наовардаанд? Чӣ гуна онҳо имон оваранд ба Он ки дар бораи Ӯ чизе нашунидаанд? Чӣ гуна онҳо бидуни воизон чизе бишнаванд?

[15] Ва чӣ гуна ба онҳо воизон мавъиза кунанд бе он ки фиристода шаванд? Чунон ки навишта шудааст: «Чӣ гуна зебост пойҳои онҳое ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳанд, аз некӣ башорат медиҳанд!»

[16] Лекин на ҳама башоратро гӯш карданд. Зеро Ишаъё мегӯяд: «Худовандо! Кӣ ба ваъзи мо имон овардааст?»

[17] Пас, имон аз шунидани ваъз аст ва шунидани ваъз ба воситаи каломи Худост.

[18] Аммо мегӯям: оё онҳо нашунидаанд? Баръакс: «Садои онҳо дар тамоми замин паҳн шуд, ва каломашон то ақсои дуньё расид».

[19] Аммо мегӯям: оё Исроил намедонист? Пеш аз ҳама Мусо мегӯяд: «Ман ба воситаи он чи қавм нест, рашки шуморо ба вуҷуд хоҳам овард, ба воситаи мардуми бефаҳм шуморо ба хашм хоҳам овард».

[20] Ва Ишаъё далерона мегӯяд: «Касоне Маро ёфтанд, ки толиби Ман набуданд, ба касоне Худро зоҳир сохтам, ки ҷӯёи Ман набуданд».

[21] Аммо дар бораи Исроил Ӯ мегӯяд: «Тамоми рӯз дастҳои Худро сӯи қавми беитоат ва гарданкаш дароз кардам».

Номаи ба Румиён — Chapters