Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 5:19

[1] Павлус, бандаи Исои Масеҳ, ҳаввории даъватшуда ва барои башорати Худо интихобгардида,

[2] Ки онро Худо пештар, ба воситаи анбиёи Худ, дар Навиштаҳои муқаддас ваъда карда буд

[3] Дар бораи Писари Худ, ки ба ҳасби ҷисм аз насли Довуд таваллуд шудааст,

[4] Ва ба ҳасби рӯҳи қудсият, ба воситаи эҳьё шуданаш аз мурдагон, чун Писари Худо маълум шудааст, яъне дар бораи Худованди мо Исои Масеҳ,

[5] Ки ба воситаи Ӯ мо файз ва ҳаввориятро пайдо кардаем, то ки ба хотири исми Ӯ ҳамаи халқҳоро ба итоати имон дароварем,

[6] Ки дар миёни онҳо шумо низ даъватшудагони Исои Масеҳ ҳастед, —

[7] Ба ҳамаи маҳбубони Худо, ки дар Рум ҳастед ва ба муқаддасӣ даъват шудаед, аз ҷониби Падари мо Худо ва Исои Масеҳи Худованд файз ва осоиштагӣ бар шумо бод.

[8] Пеш аз ҳама ба Худои ҳуд ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамаи шумо шукр мегӯям, ки имони шумо дар тамоми ҷаҳон шӯҳрат ёфтааст;

[9] Худое ки Ӯро дар башорати Писари Ӯ бо рӯҳи ҳуд ибодат мекунам, маро шоҳид аст, ки муттасил шуморо ба ёд меоварам

[10] Ва ҳамеша дар дуоҳои худ илтимос мекунам, ки иродаи Худо ягон вақт ба ман мусоидат намояд, ки назди шумо биёям.

[11] Зеро ки хеле орзуманди дидани шумо мебошам, то ки як атои рӯҳоние, барои устувор шуданатон, ба шумо тақдим намоям,

[12] Яъне бо якҷоягии шумо аз имони умумиамон, аз имони шумо ва худам, тасаллӣ ёбам.

[13] Эй бародарон, намехоҳам бехабар бошед аз ин ки дафъаи бисьёр ният доштам назди шумо биёям, — лекин то кунун ҷизе ба ман монеъ мешуд, — то ки дар миёни шумо низ, монанди халқҳои дигар, самаре ҳосил кунам.

[14] Ман нисбат ба юнониён ва варвариён, нисбат ба оқилон ва ҷоҳилон, дайне ба гардан дорам;

[15] Пас, роғиби онам, ки ба шумо низ, ки дар Рум ҳастед, башорат диҳам.

[16] Зеро ки башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он — қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор: ҳам, аввалан, яҳудӣ ва ҳам юнонӣ.

[17] Зеро ки адолати Худо дар он аз имон ба имон зоҳир мешавад, чунон ки навишта шудааст: «Одил ба василаи имон хоҳад зист».

[18] Зеро ки ғазаби Худо аз осмон зоҳир мешавад бар ҳар гуна маъсият ва шарорати одамоне ки ростиро бо шарорат поймол мекунанд.

[19] Зеро ки он чи дар бораи Худо донистан мумкин аст, ба онҳо маълум аст, чунки Худо ба онҳо маълум кардааст;

[20] Зеро ки моҳияти нонамоёни Ӯ, яъне қуввати ҷовидонӣ ва Илоҳияти Ӯ, аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст, бинобар ин онҳо ҳеҷ узре надоранд.

[21] Агарчи онҳо Худоро шиноҳта бошанд, Ӯро чун Худо ситоиш накарданд ва шукр нагуфтанд, балки хаёлоти онҳо ботил, ва дили бефаросаташон тира шуд:

[22] Бо вуҷуди он ки ҳудашонро оқил номиданд, ақли худро гум карда,

[23] Ҷалоли Худои бефаноро ба сурате табдил доданд, ки ба одами фонӣ, ба мургон, чорпоён ва хазандагон монанд аст,

[24] Бинобар ин Худо онҳоро бо нафси шаҳвониашон ба нопокӣ гирифтор кард, ба тавре ки онҳо баданҳои худро бо ҳамдигар нангин карданд;

[25] Онҳо ростии Худоро ба дурӯғ иваз карданд ва парастишу ибодат карданд махлуқро ба ҷои Холиқе ки то абад муборак аст, омин.

[26] Аз ин сабаб Худо онҳоро ба ҳавасҳои нангин гирифтор кард: занони онҳо ҷимои табииро ба ҷимои ғайритабиӣ иваз карданд;

[27] Ҳамчунин мардон ҷимои табииро бо занон тарк карда, оташи шаҳваташон ба якдигар баланд шуд, ва мард бо мард ба кирдори нангин машғул шуда, сазои иштибоҳи худро дар вуҷуди худашон диданд.

[28] Ва азбаски онҳо Худоро бо ақли худ шиноҳтан нахостанд, Худо онҳоро ба афкори фосид гирифтор кард, то ки корҳои носазо кунанд,

[29] Бинобар ин онҳо аз ҳар гуна кизб, зино, макр, тамаъ ва кина, ҳамчунин аз ҳасад, қатл, ҷидол, фиреб ва бадҳӯӣ пур ҳастанд,

[30] Бадгап, тӯҳматчӣ, худобадбин, дилозор, худсито, мағрур ва бадандеш ҳастанд, ба падару модарон итоат намекунанд,

[31] Беандеша, аҳдшикан, беилтифот, бадкина ва бераҳманд.

[32] Агарчи доварии Худоро медонанд, ки кунандагони чунин корҳо сазовори марганд, бо вуҷуди ин на фақат худашон ин корҳоро мекунанд, балки кунандагони дигарро низ таҳсин менамоянд.

Номаи ба Румиён — Chapters