Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 4:28

[1] Касеро, ки дар имон суст аст, қабул кунед бе он ки дар бораи ақидаҳо мубоҳиса намоед.

[2] Яке боварӣ дорад, ки хӯрдани ҳама ҷиз ҷоиз аст, вале он ки суст аст, фақат сабзавот мехӯрад.

[3] Касе ки мехӯрад, набояд он касро, ки намехӯрад, хор шуморад; ва касе ки намехӯрад, набояд он касро, ки мехӯрад, маҳкум кунад: чунки Худо ӯро қабул кардааст.

[4] Ту кистӣ, ки бандаи каси дигарро маҳкум мекунӣ? Пеши оғои худ ӯ меистад ё меафтад; аммо ба по хоҳад истод, зеро ки Худо қодир аст ӯро ба по бархезонад.

[5] Як кас як рӯзро аз рӯзи дигар авло медонад; лекин каси дигар рӯзҳоро баробар медонад. Бигзор ҳар яке дар эътиқоди худ устувор бошад.

[6] Он ки рӯзеро авло медонад, барои Худованд чунин мекунад; ва он ки рӯзҳоро баробар медонад, барои Худованд чунин мекунад. Он ки мехӯрад, барои Худованд мехӯрад, зеро ки Худоро шукр мегӯяд. Ва он ки намехӯрад, барои Худованд намехӯрад ва Худоро шукр мегӯяд.

[7] Зеро ки ҳеҷ яке аз мо барои худ зист намекунад, ва ҳеҷ яке барои худ намемирад.

[8] Зеро ки агар зист кунем, барои Худованд зист мекунем, ва агар бимирем, барои Худованд мемирем. Бинобар ин, хоҳ зист кунем, хоҳ бимирем, ба Худованд тааллуқ дорем.

[9] Зеро Масеҳ барои он мурд ва аз нав зинда шуд, ки ҳам бар мурдагон ва ҳам бар зиндагон Худованд бошад.

[10] Пас чаро ту бародаратро маҳкум мекунӣ? Ё ту низ чаро бародаратро хор мешуморӣ? Охир, ҳамаи мо пеши курсии доварии Худо ҳозир хоҳем шуд.

[11] Зеро ки навишта шудааст: «Қасам ба ҳаёти Худам, мегӯяд Худованд: пеши Ман ҳар зонуе хам хоҳад шуд, ва ҳар забоне Худоро ситоиш хоҳад кард».

[12] Пас, ҳар яке аз мо дар бораи худ ба Худо ҳисобот хоҳад дод.

[13] Пас, якдигарро дигар маҳкум накунем; балки беҳтар аст дар он хусус муҳокима кунед, ки касе дар сари роҳи бародараш пешпое ё васвасае нагузорад.

[14] Ман медонам ва дар Исои Худованд яқин дорам, ки ҳеҷ як чиз ба худии худ наҷис нест; фақат барои касе ки чизеро наҷис мешуморад, он наҷис аст.

[15] Ва агар бародарат аз барои хӯрок озурда шавад, ту дигар аз рӯи муҳаббат рафтор намекунӣ; бо хӯроки худ он касро, ки Масеҳ барои ӯ мурдааст, нобуд накун.

[16] Пас эҳтиёт бошед, ки аз кори неки шумо бадгӯӣ накунанд.

[17] Зеро ки Малакути Худо аз хӯрдан ва нӯшидан иборат нест, балки адолат, сулху осоиштагӣ ва шодмонӣ дар Рӯҳулқудс аст.

[18] Ва ҳар кӣ ба ин тариқа Масеҳро бандагӣ мекунад, вай писандидаи Худо ва мақбули мардум аст.

[19] Пас, дар роҳи сулҳу осоиштагӣ ва тақвияти якдигар саъю кӯшиш кунем.

[20] Аз барои хӯрок кори Худоро вайрон накун. Ҳама чиз пок аст, лекин агар ба сабаби хӯрдан касе ба васваса афтад, ин кор савоб надорад.

[21] Беҳтар аст, ки ту гӯшт нахӯрӣ, май нанӯшӣ ва коре накунӣ, ки боиси пешпо хӯрдан, ё ба васваса афтодан ва ё суст шудани бародарат мегардида бошад.

[22] Имоне ки ту дорӣ, барои худат, дар пеши Худо дошта бош. Хушо касе ки худро барои он чи баргузидааст, маҳкум намекунад.

[23] Аммо он ки шубҳа дорад, агар бихӯрад, махкум мегардад, чунки ин корро аз рӯи имон накард; ва ҳар коре ки мувофиқи имон нест, гуноҳ аст.

[24] Ба Ӯ, ки қодир аст шуморо устувор гардонад ба ҳасби башорати ман ва мавъизаи Исои Масеҳ, ба ҳасби кашфи он сирре ки аз замонҳои азалӣ ниҳон буд,

[25] Вале алҳол зоҳир шуда, ба воситаи навиштаҳои анбиё, бо амри Худои ҷовидонӣ ба ҳамаи халқҳо маълум шудааст, то ки ба итоати имон дароянд,

[26] Ба Худои ҳакими якто, ба воситаи Исои Масеҳ, то абад ҷалол бод. Омин.

Номаи ба Румиён — Chapters