[1] Пас, фаразан, падари мо Иброҳим ба ҳасби ҷисм чӣ чизе пайдо кард?
[2] Агар Иброҳим бо аъмоли худ сафед шуда бошад, ӯ шоёни таъриф аст, аммо на дар пеши Худо.
[3] Зеро ки дар Навиштаҳо чӣ гуфта шудааст? «Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд».
[4] Барои касе ки амал мекунад, муздаш на аз рӯи эҳсон, балки аз рӯи ӯҳдадорӣ ҳисоб карда мешавад;
[5] Лекин барои касе ки амал намекунад, балки имон меоварад ба Он ки осиёнро сафед мекунад, имонаш адолат ҳисоб карда мешавад.
[6] Чунон ки Довуд низ одамеро хушбахт меномад, ки Худо ба вай адолатро сарфи назар аз аъмолаш ато мекунад:
[7] «Хушо касоне ки ҷиноятҳошон омурзида ва хатоҳошон пӯшида шудааст;
[8] Хушо касе ки Худованд гуноҳи варо ба ҳисоб намеоварад».
[9] Оё ин хушбахтӣ ба махтунон тааллуқ дорад ё ки ба номахтунон низ? Мо гуфтем, ки барои Иброҳим имонаш адолат ҳисоб карда шуд.
[10] Кай ҳисоб карда шуд? Баъд аз хатна ё ки пеш аз хатна? Баъд аз хатна не, балки пеш аз хатна буд.
[11] Ва аломати хатнаро ӯ, ҳамчун мӯҳри адолат мувофиқи имоне ки дар ҳолати номахтунии худ дошт, пайдо кард, бинобар ин ӯ падари ҳамаи имондорони номахтун шуд, то ки ба онҳо низ адолат ато шавад,
[12] Ва ҳамчунин падари махтунон шуд, ки онҳо на фақат хатна шудаанд, балки низ имонеро, ки Иброҳим дар ҳолати номахтунӣ дошт, пайравӣ мекунанд.
[13] Зеро ки ба Иброҳим, ё ба наслаш, ваъдаи он ки ӯ вориси ҷаҳон хоҳад буд, ба воситаи шариат не, балки ба воситаи адолати имон ато шудааст.
[14] Зеро ки агар аҳли шариат ворис бошанд, дар он сурат имон пуч асту ваъда ботил;
[15] Чунки шариат сабаби ғазаб мешавад, зеро дар ҷое ки шариат нест, вайронкунии он ҳам нест.
[16] Бинобар ин мувофиқи имон аст, то ки мувофиқи файз бошад, барои он ки ваъда ба тамоми насли Иброҳим, на фақат ба насли мувофиқи шариат, балки ба насли мувофиқи имони ӯ низ таъмин шавад, ки ӯ падари ҳамаи мост,
[17] Чунон ки навишта шудааст: «Ман туро падари халқҳои бисьёр гардондам», — дар пеши Худое ки Иброҳим ба Ӯ имон овард, дар пеши Худое ки мурдагонро зинда мекунад ва номавҷудро ҳамчун мавҷуд мехонад.
[18] Дар сурате ки ҳеҷ умеде набуд, Иброҳим умедвор шуда, имон овард, то ки падари халқҳои бисьёр шавад, аз рӯи он чи гуфта шудааст: «Насли ту чунин хоҳад буд».
[19] Ва имонаш суст нашуд, ва ба он ҳам назар накард, ки ҷисми ӯ, дар синни қариб садсолагӣ, аллакай пир шудааст, ва батни Соро низ аз кор баромадааст;
[20] Ва ба ваъдаи Худо аз беимонӣ шубҳа накард, балки дар имонаш устувор истода, Худоро ҳамду сано хонд,
[21] Ва боварии комил дошт, ки Ӯ ба иҷрои ваъдаи Худ низ қодир аст.
[22] Аз ҳамин сабаб барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.
[23] Аммо на фақат нисбат ба ӯ навишта шудааст, ки барои ӯ ҳисоб карда шуд,
[24] Вале нисбат ба мо низ: барои мо низ ҳисоб карда хоҳад шуд, ки имон дорем ба Он ки Худованди мо Исоро аз мурдагон эҳьё кард,
[25] Ки Ӯ ба сабаби гуноҳҳои мо таслим карда шуд ва аз барои сафед кардани мо эҳьё гардид.