[1] Ҳар шахс бояд ба ҳокимиятҳои боло итоат кунад; зеро ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад, ва ҳокимиятҳои мавҷуда аз ҷониби Худо барқарор шудаанд.
[2] Бинобар ин ҳар кӣ ба ҳокимият муқобилат кунад, бар зидди амри Худо исьён кардааст; ва исьёнгарон гирифтори маҳкумият хоҳанд шуд.
[3] Зеро ки ҳокимон на барои некӯкорон, балки барои бадкорон хавфноканд. Оё мехоҳӣ аз ҳокимият тарсе надошта бошӣ? Корҳои нек кун, ва сазовори таърифи вай хоҳӣ шуд;
[4] Чунки вай хизматгори Худост бар нафъи ту. Аммо агар корҳои бад кунӣ, битарс; зеро ки вай шамшерро беҳуда бардошта нагаштааст: вай хизматгори Худост ва бо ғазаб аз бадкорон интиқом мегирад.
[5] Бинобар ин на фақат аз тарси ҷазо, балки низ аз рӯи виҷдон итоат кардан лозим аст.
[6] Ба ҳамин сабаб шумо андоз ҳам медиҳед; зеро онҳо мулозимони Худо ҳастанд, ки доим бо ин кор машғуланд.
[7] Пас, ба ҳар кас он чиро, ки бар зиммаи шумо дайн аст, адо кунед: андозро — ба касе ки андоз меситонад; хироҷро — ба касе ки хироҷ мегирад; тарсро — ба касе ки лоиқи тарс аст; иззатро — ба касе ки шоистаи иззат аст.
[8] Аз касе чизе қарздор нашавед, ҷуз қарзи муҳаббат нисбат ба якдигар; зеро ҳар кӣ каси дигарро дӯст медорад, шариатро ба ҷо овардааст.
[9] Зеро ки аҳкоми: «Зино накун», «Қатл накун», «Дуздӣ накун», «Шаҳодати дурӯғ надеҳ», «Тамаъ накун» ва тамоми аҳкоми дигар дар ҳамин як калом, чунончи: «Ёратро мисли худат дӯст дор» ҷамъбаст карда шудааст.
[10] Муҳаббат ба ёр бадӣ намекунад; пас, муҳаббат иҷрои пурраи шариат аст.
[11] Дар айни ҳол шумо вақтро медонед, ки аллакай соати аз хоб бедор шуданатон расидааст: зеро ки алҳол наҷоти мо назар ба он вақте ки имон овардем, наздиктар аст.
[12] Шаб гузашту рӯз наздик омад: пас, биёед, аъмоли зулмотро як сӯ монему аслиҳаи нурро дар бар кунем.
[13] Мисли он ки рӯзона бошад, боодобона рафтор кунем: на бо айёшӣ ва мастигарӣ, на бо шаҳватпарастӣ ва фисқу фуҷур, на бо низоъ ва ҳасад;
[14] Балки Худованди мо Исои Масеҳро дар бар кунед ва дар бораи ҳавасҳои шаҳвонии ҷисм ғамхорӣ нанамоед.