Skip to content
Opens in a new window
Listen to this chapter • 3:24

[1] Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд;

[2] Худро ба ин дуньё ҳамшакл насозед, балки ба воситаи таҷдиди ақлатон шакли тозае ба худ бигиред, то дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист.

[3] Зеро ба ҳасби файзе ки ба ман ато шудааст, ба ҳар яке аз шумо мегӯям: дар ҳаққи худатон бештар аз он чи шоён аст, фикр накунед, балки хоксорона, ба андозаи имоне ки Худо ба ҳар кас насиб кардааст, фикр ронед.

[4] Зеро, чунон ки дар як бадан андоми бисьёре дорем, лекин на ҳамаи андомҳо айни як корро ба ҷо меоваранд,

[5] Ҳамчунин мо, ки бисьёрем, як баданро дар Масеҳ ташкил мекунем, аммо ҳар яке ба танҳоӣ андоми якдигарем;

[6] Ва ба ҳасби файзе ки ба мо дода шудааст, атоҳои гуногун дорем: агар атои нубувват дошта бошӣ, ба андозаи имон нубувват кун;

[7] Агар атои хизмат дошта бошӣ, бо хизматгузорӣ машғул шав; агар касе муаллим бошад, бо таълим машғул шавад;

[8] Агар касе воиз бошад, бо мавъиза машғул шавад; ҳар кӣ бахшанда аст, бо саховат бахшиш диҳад; ҳар кӣ сардор аст, бо ҷидду ҷаҳд сардорӣ кунад; ҳар кӣ эҳсонкор аст, бо меҳрубонӣ некӣ кунад.

[9] Муҳаббати шумо бигзор бе риёкорӣ бошад; аз бадӣ нафрат кунед, ба некӣ бичаспед;

[10] Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед;

[11] Ҷидду ҷаҳдро суст накунед; рӯҳи пурҳарорат дошта бошед; Худовандро бандагӣ намоед.

[12] Аз умедворӣ тасаллӣ ёбед; дар мусибат пуртоқат бошед; ҳамеша дуо гӯед.

[13] Дар рафъи эҳтиёҷоти муқаддасон иштирок кунед; дар меҳмоннавозӣ бикӯшед.

[14] Баракат бихоҳед барои онҳое ки шуморо таъқиб мекунанд: баракат бихоҳед, вале лаънат нахонед.

[15] Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирьякунандагон гирья кунед.

[16] Бо якдигар ҳамфикр бошед; ҳавобаландӣ накунед, балки бо ҳакирон муошират намоед; худро доно мапиндоред.

[17] Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ, бадӣ накунед; пеши тамоми мардум дар паи некӣ бошед.

[18] Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон мувосо кунед.

[19] Эй маҳбубон, интиқоми худро нагиред, балки ба ғазаби илоҳӣ вогузор кунед; зеро ки навишта шудааст: «Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд».

[20] Пас, агар душманат гурусна бошад, шикамашро сер кун; агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ; зеро ки бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ хоҳӣ рехт.

[21] Ба бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун.

Номаи ба Румиён — Chapters