[1] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[2] «Ба банӣ‐Исроил амр фармуда, ба онҳо бигӯ: вақте ки шумо ба замини Канъон дохил шавед, ин аст замине ки ба шумо ҳамчун моликият хоҳад расид, яъне замини Канъон бо сарҳадҳояш:
[3] Тарафи ҷанубии шумо аз биёбони Син дар паҳлуи Адӯм хоҳад буд; ва сарҳади ҷанубии шумо аз канори баҳри Намак ба тарафи шарқ хоҳад буд.
[4] Ва сарҳади шумо аз ҷануб ҷониби Маале‐Ақрабим тоб хӯрда, сӯи Син хоҳад гузашт; ва канорҳои он аз ҷануби Қодеш‐Барнеа хоҳад буд, ва назди Ҳасар‐Аддор баромада, сӯи Асмӯн хоҳад гузашт.
[5] Ва аз Асмӯн сарҳад ҷониби водии Миср тоб хоҳад хӯрд; ва канорҳояш назди баҳр хоҳад буд.
[6] Ва сарҳади ғарбии шумо баҳри Бузург бо соҳили он хоҳад буд; ин сарҳади ғарбии шумост.
[7] Ва сарҳади шимолии шумо чунин хоҳад буд: аз баҳри Бузург онро ҷониби кӯҳи Ҳӯр нишона намоед;
[8] Аз кӯҳи Ҳӯр ҷониби даромадгоҳи Ҳамот нишона намоед; ва канорҳои сарҳад назди Садод хоҳад буд.
[9] Ва сарҳад ҷониби Зифрӯн хоҳад рафт, ва канорҳояш назди Ҳасар‐Эйнон хоҳад буд; ин сарҳади шимолии шумо хоҳад буд.
[10] Ва сарҳади шарқиро барои худ аз Ҳасар‐Эйнон ҷониби Шафом нишона намоед.
[11] Ва сарҳад аз Шафом ҷониби Рибло, аз тарафи шаркии Ойин фурӯд хоҳад омад; ва сарҳад боз фурӯд омада, аз тарафи шарқӣ ба соҳили баҳри Кинерет хоҳад расид.
[12] Ва сарҳад ҷониби Урдун фурӯд хоҳад омад; ва канорҳояш назди баҳри Намак хоҳад буд. Ҳамин замин бар ҳасби сарҳадҳояш гирдогирд аз они шумо хоҳад буд».
[13] Ва Мусо ба банӣ‐Исроил амр фармуда, гуфт: «Ҳамин аст замине ки онро шумо аз рӯи қуръа тақсим хоҳед кард, ки Худованд ба нӯҳу ним сибт додани онро амр фармудааст.
[14] Зеро ки сибти банӣ‐Реубен бар ҳасби хонаводаи худ, ва сибти банӣ‐Ҷод бар ҳасби хонаводаи худ, ва нисфи сибти Менашше мулки худро гирифтаанд;
[15] Ин дую ним сибт мулки худро аз он тарафи Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ, ҷониби шарқ гирифтаанд».
[16] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[17] «Ин аст номҳои касоне ки заминро барои шумо тақсим хоҳанд кард: Элъозори коҳин ва Еҳушаъ ибни Нун.
[18] Ва як раисро аз ҳар сибт барои тақсим кардани замин бигиред.
[19] Ва ин аст номҳои он касон: аз сибти Яҳудо — Колеб ибни Ефунне;
[20] Аз сибти банӣ‐Шимъӯн — Шамуил ибни Аммиҳуд;
[21] Аз сибти Биньёмин — Элидод ибни Кислӯн;
[22] Аз сибти банӣ‐Дон — раис Буққӣ ибни Ёҷлӣ;
[23] Аз банӣ‐Юсуф: аз сибти банӣ‐Менашше — раис Ҳанниил ибни Эфӯд;
[24] Аз сибти банӣ‐Эфроим — раис Камуил ибни Шифтон;
[25] Аз сибти банӣ‐Забулун — раис Элисофон ибни Фарнок;
[26] Аз сибти банӣ‐Иссокор — Фалтиил ибни Аззон;
[27] Аз сибти банӣ‐Ошер — раис Аҳиҳуд ибни Шалӯмӣ;
[28] Аз сибти банӣ‐Нафтолӣ — раис Фадаҳъил ибни Аммиҳуд.
[29] Ҳаминҳоянд, ки Худованд ба онҳо амр фармудааст, ки мулкро дар замини Канъон барои банӣ‐Исроил тақсим кунанд».