[1] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[2] «Ба банӣ‐Исроил сухан бирон, ва аз онҳо асоҳо бигир, як асо аз ҳар хонадон, аз ҳамаи раисони онҳо бар ҳасби хонадонҳошон дувоздаҳ асо; ва номи ҳар касро бар асои вай бинавис.
[3] Ва номи Ҳорунро бар асои Левӣ бинавис, зеро ки як асо барои раиси хонадони онҳо хоҳад буд.
[4] Ва онҳоро дар хаймаи ҷомеъ пеши сандуқи шаҳодат, ки он ҷо Ман ба шумо зоҳир мешавам, бимон.
[5] Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар киро Ман интихоб намоям, асои вай гул хоҳад кард; бо ин Ман шикваҳои банӣ‐Исроилро, ки аз шумо мекунанд, аз ҷониби Худ сокит хоҳам намуд».
[6] Ва Мусо ба банӣ‐Исроил сухан ронд, ва ҳамаи раисони онҳо ба ӯ асоҳо доданд, як асо барои ҳар раис, дувоздаҳ асо бар ҳасби хонадонҳошон; ва асои Ҳорун дар миёни асоҳои онҳо буд.
[7] Ва Мусо асоҳоро ба ҳузури Худованд дар хаймаи шаҳодат гузошт.
[8] Ва фардояш чунин воқеъ шуд, ки Мусо ба хаймаи шаҳодат даромад, ва инак, асои Ҳорун, аз хонадони Левӣ, гул карда ва ғунча баста, бодом оварда буд.
[9] Ва Мусо ҳамаи асоҳоро аз пеши Худованд назди банӣ‐Исроил берун овард; ва онҳо инро диданд ва ҳар яке асои худро гирифтанд.
[10] Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Асои Ҳорунро пеши сандуқи шаҳодат аз нав бимон, то ки ҳамчун аломат барои абнои исьён нигоҳ дошта шавад, ва шиквае ки онҳо аз Ман мекунанд, хотима ёбад, ва онҳо намиранд».
[11] Ва Мусо чунин кард; чунон ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд, ончунон кард.
[12] Ва банӣ‐Исроил ба Мусо сухан ронда, гуфтанд: «Инак, мо мемирем, ба ҳалокат мерасем, ҳамаамон ба ҳалокат мерасем!
[13] Ҳар кӣ ба маскани Худованд наздик ояд, мемирад; оё ҳамаамон ба мурдан маҳкум шудаем?»