[1] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[2] «Интиқоми банӣ‐Исроилро аз мидьёниён бигир; баъд аз он ба қавми худ хоҳӣ пайваст».
[3] Ва Мусо ба қавм сухан ронда, гуфт: «Аз миёни худ одамонро барои лашкар мусаллаҳ намоед, то ки онҳо ба Мидьён ҳуҷум карда, интиқоми Худовандро аз Мидьён бигиранд.
[4] Ҳазор нафар аз ҳар сибт, аз ҳамаи сибтҳои Исроил, ба лашкар бифиристед».
[5] Ва аз қабилаҳои Исроил ҳазор нафар аз ҳар сибт, ҷамъ дувоздаҳ ҳазор нафар ҷанговарони мусаллаҳ супурда шуданд.
[6] Ва Мусо онҳоро, ҳазор нафар аз ҳар сибт, ба ҷанг фиристод, онҳоро бо Финҳос ибни Элъозори коҳин, ки колои муқаддас ва карнайҳо барои навохтан дар дасташ буд, ба ҷанг фиристод.
[7] Ва онҳо бо Мидьён, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ҷанг карданд, ва ҳамаи мардҳоро куштанд.
[8] Ва дар миёни мақтулон подшоҳони Мидьён: Авӣ, Роқам, Сур, Ҳур ба Рабаъро, яъне панҷ подшоҳи Мидьёнро куштанд; ва Билъом ибни Баӯрро бо шамшер куштанд.
[9] Ва банӣ‐Исроил занони Мидьён ва бачагони онҳоро ба асирӣ бурданд; ва ҳамаи чорпоён ва ҳамаи рамаҳо ва тамоми дороии онҳоро тороҷ карданд.
[10] Ва ҳамаи шаҳрҳои онҳоро дар бошишгоҳҳои онҳо, ва тамоми деҳоти онҳоро бо оташ сӯзониданд.
[11] Ва тамоми ғанимат ва ҳамаи одамон ва чорпоёни забтшударо гирифтанд,
[12] Ва асирон ва чорпоёни забтшуда ва ғаниматро пеши Мусо ва Элъозори коҳин ва ҷамоати банӣ‐Исроил ба ӯрдугоҳ, ба даштҳои Мӯоб, ки назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ буд, оварданд.
[13] Ва Мусо ва Элъозори коҳин ва ҳамаи раисони ҷамоат ба пешвози онҳо, берун аз ӯрдугоҳ баромаданд.
[14] Ва Мусо бар сардорони лашкар, яъне бар мириҳазорҳо ва мирисадҳо, ки аз ҷанг омада буданд, дарғазаб шуд,
[15] Ва Мусо ба онҳо гуфт: «Оё ҳамаи занонро зинда ингоҳ доштед?
[16] Инҳо, охир, аз рӯи машварати Билъом, банӣ‐Исроилро васваса дода буданд, ки ба хотири Фаӯр ба Худованд хиёнат кунанд, ва дар ҷамоати Худованд вабо рӯй дод.
[17] Ва алҳол, ҳар писарбачаро бикушед, ва ҳар занеро, ки бо мард ҳамхоб шуда бошад, бикушед.
[18] Ва ҳар духтарро, ки бо мард ҳамхоб нашуда бошад, барои худ ингоҳ доред.
[19] Ва шумо ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ хайма занед; ҳар кӣ касеро кушта бошад, ва ҳар кӣ ба мақтуле расида бошад, аз шумо ва асирони шумо, дар рӯзи сеюм ва дар рӯзи ҳафтум худро татҳир намояд.
[20] Ва ҳар либос, ва ҳар колои чармин, ва ҳар ашьёи аз пашми буз сохташуда, ва ҳар колои чӯбинро татҳир намоед».
[21] Ва Элъозори коҳин ба ҷанговароне ки ба ҷанг рафта буданд, гуфт: «Ин аст фаризаи шариат, ки Худованд ба Мусо амр фармудааст:
[22] Фақат тилло, нуқра, мис, оҳан, қалъагӣ ва қӯрғошимро,
[23] Яъне ҳар чиро, ки ба оташ тоб меоварад, аз оташ бигзаронед, ва он татҳир хоҳад ёфт, аммо бо оби татҳири нопокӣ низ он бояд татҳир карда шавад; ва ҳар чиро, ки ба оташ тоб намеоварад, аз об бигзаронед.
[24] Ва либосҳои худро дар рӯзи ҳафтум бишӯед, ва татҳир хоҳед ёфт, ва баъд аз он метавонед ба ӯрдугоҳ дохил шавед».
[25] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[26] «Ту ва Элъозори коҳин ва сардорони хонаводаҳо ғанимати асириро, чи аз одамон, чи аз чорпоён, саросар дар шумор оваред.
[27] Ва ин ғаниматро дар миёни ҷанговароне ки ба ҷанг рафтаанд, ва тамоми ҷамоат ду тақсим намо.
[28] Ва аз ҷанговароне ки ба ҷанг рафтаанд, хироҷ барои Худованд бигир: як адад аз панҷсад адад — чи аз одамон, чи аз говон, чи аз харон, чи аз гӯсфандон.
[29] Инро аз ҳиссаи онҳо гирифта, ба Элъозори коҳин бидеҳ, то ки ҳадия барои Худованд бошад.
[30] Ва аз ҳиссаи банӣ‐Исроил як адад аз панҷоҳ адад — чи аз одамон, чи аз говон, чи аз харон, чи аз гӯсфандон, яъне аз ҳамаи чорпоён — бигир, ва онҳоро ба левизодагон, ки хизмати маскани Худовандро ба ҷо меоваранд, бидеҳ».
[31] Ва Мусо ва Элъозори коҳин бар тибқи он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, амал карданд.
[32] Ва ғанимат, ғайр аз он чи мардони ҷангӣ тороҷ карда буданд, чунин буд: гӯсфандон — шашсаду ҳафтоду панҷ ҳазор сар;
[33] Ва говон — ҳафтоду ду ҳазор сар;
[34] Ва харон — шасту як ҳазор сар;
[35] Ва одамон, аз заноне ки бо мард ҳамхоб нашудаанд, ҷамъ сию ду ҳазор нафар.
[36] Ва нимае ки ҳиссаи ба ҷанг рафтагон шуда буд, чунин буд: миқдори гӯсфандон — сесаду сию ҳафт ҳазору панҷсад сар;
[37] Ва хироҷи Худованд аз ин гӯсфандон — шашсаду ҳафтоду панҷ сар;
[38] Ва говон — сию шаш ҳазор сар, ва аз онҳо хироҷ барои Худованд — ҳафтоду ду сар;
[39] Ва харон — сӣ ҳазору панҷсад сар, ва аз онҳо хироҷ барои Худованд — шасту як сар;
[40] Ва одамон — шонздаҳ ҳазор нафар, ва аз онҳо хироҷ барои Худованд — сию ду нафар.
[41] Ва Мусо ин хироҷро, ки ҳадия барои Худованд буд, ба Элъозори коҳин дод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
[42] Ва аз ҳиссаи банӣ‐Исроил, ки онро Мусо аз мардони ҷангӣ ҷудо карда буд, —
[43] Ин ҳиссаи ҷамоат чунин буд: гӯсфандон — сесаду сию ҳафт ҳазору панҷсад сар,
[44] Ва говон — сию шаш ҳазор,
[45] Ва харон — сӣ ҳазору панҷсад сар,
[46] Ва одамон — шонздаҳ ҳазор нафар, —
[47] Ва Мусо аз ҳиссаи банӣ‐Исроил як адад аз панҷоҳ адад — чи аз одамон, чи аз чорпоён — гирифт, ва онҳоро ба левизодагон, ки хизмати маскани Худовандро ба ҷо меоварданд, дод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
[48] Ва сардороне ки бар ҳазораҳои лашкар буданд, яъне мириҳазорҳо ва мирисадҳо, назди Мусо омаданд,
[49] Ва ба Мусо гуфтанд: «Бандагонат ҷанговаронеро, ки зердасти мо мебошанд, саросар дар шумор овардем, ва як нафар ҳам аз онҳо кам нашудааст;
[50] Пас, мо ҳадия барои Худованд овардаем аз он чи ҳар кас аз колои тилло: занҷирҳо, дастпонаҳо, ангуштаринҳо, ҳалқаҳо ва гарданбандҳо пайдо кардааст, то ки ҷонҳои моро ба ҳузури Худованд кафорат намояд».
[51] Ва Мусо ва Элъозори коҳин тилло, яъне тамоми колои санъатро аз онҳо гирифтанд.
[52] Ва тамоми тиллои ҳадия, ки ба Худованд аз ҷониби мириҳазорҳо ва мирисадҳо тақдим карданд, шонздаҳ ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ сиқл буд.
[53] Ҷанговарон ҳар яке барои худ тороҷ карда буданд.
[54] Ва Мусо ва Элъозори коҳин тиллоро аз мириҳазорҳо ва мирисадҳо гирифта, ба хаймаи ҷомеъ оварданд, то ки барои банӣ‐Исроил ба ҳузури Худованд ёдгорӣ бошад.