Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Худованд ба Ҳорун гуфт: «Ту, ва писаронат ва хонадони падарат бо ту, барои ҳар гуноҳи оид ба қудс масъул хоҳед буд; ва ту, ва писаронат бо ту, барои ҳар гуноҳи оид ба каҳонати шумо масъул хоҳед буд.

[2] Ва бародарони худро низ, яъне сибти Левиро, ки сибти падари туст, ба худ наздик бикун, то ки бо ту ҳамроҳӣ намоянд ва хизматгузорони ту бошанд; валекин ту, ва писаронат бо ту, пеши хаймаи шаҳодат хоҳед буд.

[3] Бигзор онҳо хизмати ту ва хизмати тамоми хаймаро ба ҷо оваранд, аммо ба колои муқаддас ва ба қурбонгоҳ наздик нашаванд, то ки на шумо бимиред, на онҳо.

[4] Ва бигзор онҳо бо ту ҳамроҳӣ намуда, хизматгузории хаймаи ҷомеъ ва ҳар кори хаймаро ба ҷо оваранд; ва каси бегонае набояд ба шумо наздик ояд.

[5] Ва шумо хизмати қудс ва хизмати қурбонгоҳро ҳамин тавр ба ҷо оваред, то ки ғазаб бар банӣ‐Исроил дигар рӯй надиҳад.

[6] Валекин Ман, инак бародарони шумо левизодагонро аз миёни банӣ‐Исроил гирифтаам, ки онҳо ба шумо барои Худованд инъом карда шудаанд, то ки корҳои хаймаи ҷомеъро иҷро кунанд.

[7] Вале ту, ва писаронат бо ту, каҳонати худро аз ҷиҳати ҳар кори қурбонгоҳ ва он чи андарун, дар пушти парда аст, риоя намуда, хизмат кунед; кори каҳонатро Ман ба шумо инъом меқунам, ва ҳар бегонае ки наздик ояд, кушта хоҳад шуд».

[8] Ва Худованд ба Ҳорун гуфт: «Инак, Ман бақияи ҳадияҳои Худро аз ҳамаи қурбониҳои муқаддаси банӣ‐Исроил ба ту бахшидам, онҳоро ба ту ва писаронат ба фаризаи доимӣ насиб кардам.

[9] Аз вақфҳои муқаддасе ки аз оташ боқӣ мемонад, инҳо аз они ту хоҳад буд: ҳар қурбонии онҳо, яъне ҳар ҳадияи ордии онҳо ва ҳар қурбонии гуноҳи онҳо ва ҳар қурбонии ҷурми онҳо, ки ба Ман тақдим мекунанд; инҳо барои ту ва писаронат чизи муқаддастарин аст.

[10] Онро дар макони муқаддас бихӯред; ҳар мардина метавонад аз он бихӯрад. Он барои ту муқаддас аст.

[11] Ва ин ҳам барои ту ҳиссаи бахшиши онҳо аз ҳамаи инъомҳои ҷунбонидании банӣ‐Исроил хоҳад буд: онро Ман ба ту, ва ба писаронат ва духтаронат бо ту, ба фаризаи доимӣ бахшидам; ҳар касе ки дар хонаи ту пок бошад, метавонад аз он бихӯрад.

[12] Тамоми гузини равғанро, ва тамоми гузини шароб ва ғалларо, яъне навбарҳои онҳоро, ки ба Худованд тақдим менамоянд, ба ту бахшидам.

[13] Ҳамаи меваҳои аввалини замини онҳо, ки ба Худованд меоваранд, бигзор аз они ту бошад; ҳар касе ки дар хонаи ту пок бошад, метавонад аз онҳо бихӯрад.

[14] Ҳар он чи дар Исроил вақф карда мешавад, бигзор аз они ту бошад.

[15] Ҳар раҳимкушои ҳар башар, ки аз одамон ва аз чорпоён ба Худованд тақдим менамоянд, бигзор аз они ту бошад; аммо барои нахустзодаи одамон албатта фидия бигир, ва барои нахустзодаи чорпоёни наҷис фидия бигир.

[16] Ва онҳое ки барояшон фидия дода мешавад, бояд якмоҳа бошанд, ва барояшон мувофиқи қиматдиҳии худат панҷ сиқл нуқра бо сиқли муқаддас, ки аз бист ҷеро иборат аст, фидия бигир.

[17] Аммо барои нахустзодаи говон ё нахустзодаи гӯсфандон ё нахустзодаи бузон фидия нагир: онҳо муқаддас аст; хуни онҳоро бар қурбонгоҳ бипош, ва чарбуи онҳоро ҳамчун қурбонии оташин бисӯзон, то ки атри гуворо барои Худованд бошад.

[18] Ва гӯшти онҳо аз они ту хоҳад буд; мисли синаи ҷунбониданӣ ва мисли соқи рост аз они ту хоҳад буд.

[19] Ҳамаи ҳадияҳоро аз қурбониҳое ки банӣ‐Исроил ба Худованд тақдим менамоянд, ба ту, ва ба писарону духтаронат бо ту, ба фаризаи доимӣ медиҳам; ин ба ҳузури Худованд барои ту, ва барои насли ту бо ту, аҳди намак то абад хоҳад буд».

[20] Ва Худованд ба Ҳорун гуфт: «Ту дар замини онҳо мулке нахоҳӣ дошт, ва ҳиссае барои ту дар миёни онҳо нахоҳад буд; Ман ҳиссаи ту ва мулки ту дар миёни банӣ‐Исроил ҳастам.

[21] Вале ба банӣ‐Левӣ, инак, Ман тамоми ушри банӣ‐Исроилро барои моликият додам, дар ивази хизмате ки онҳо ба ҷо меоваранд, яъне хизмати хаймаи ҷомеъ.

[22] Ва банӣ‐Исроил дигар ба хаймаи ҷомеъ наздик нахоҳанд шуд, то ки гуноҳкор нашаванд ва намиранд.

[23] Ва левизодагон бигзор хизмати хаймаи ҷомеъро ба ҷо оваранд, вале онҳо барои гуноҳашон ҷазо хоҳанд ёфт; ин барои наслҳои шумо фаризаи доимӣ хоҳад буд, ва дар миёни банӣ‐Исроил онҳо мулке нахоҳанд дошт,

[24] Зеро ки ушри банӣ‐Исроилро, ки барои Худованд ҳадия мекунанд, Ман ба левизодагон ҳамчун мулк медиҳам; бинобар ин Ман ба онҳо гуфтам, ки дар миёни банӣ‐Исроил мулке нахоҳанд дошт».

[25] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:

[26] «Ба левизодагон сухан ронда, ба онҳо бигӯ: вақте ки ушреро, ки аз банӣ‐Исроил ба шумо ҳамчун моликият додаам, аз онҳо мегиред, шумо ҳадияи Худовандро аз он, яъне ушре аз ушр тақдим намоед.

[27] Ва ҳадияи шумо барои шумо мисли гандуми хирман ва мисли маҳсули фаровони чархушт ба шумор хоҳад рафт.

[28] Ҳамин тавр шумо низ аз ҳамаи ушрҳое ки аз банӣ‐Исроил мегиред, ҳадияи Худовандро тақдим хоҳед кард, ва ҳадияи Худовандро аз он ба Ҳоруни коҳин хоҳед дод.

[29] Аз ҳамаи инъомҳое ки мегиред, ҳар ҳадияи Худовандро аз тамоми чарбуи онҳо, аз қисми тақдисьёфтаи онҳо тақдим намоед.

[30] Ва ба онҳо бигӯ: вақте ки шумо чарбуи онҳоро аз онҳо тақдим менамоед, ин барои левизодагон мисли гандуми хирман ва мисли маҳсули чархушт ба шумор хоҳад рафт.

[31] Ва онро шумо ва аҳли байти шумо метавонед дар ҳар ҷо бихӯред, зеро ки ин музди шумост дар ивази хизмате ки дар хаймаи ҷомеъ ба ҷо меоваред.

[32] Ва агар чарбуи онҳоро аз онҳо ҷудо карда тақдим намуда бошед, шумо ба сабаби онҳо гуноҳкор нахоҳед буд; ва он чиро, ки банӣ‐Исроил тақдис менамоянд, палид нагардонед, то ки намиред».

Китоби чоруми Мусо, Ададҳо — Chapters