[1] Ва баъд аз вабо чунин воқеъ шуд, ки Худованд ба Мусо ва ба Элъозор ибни Ҳоруни коҳин сухан ронда, гуфт:
[2] «Тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро, бар ҳасби хонадонҳои онҳо, аз бистсола ва болотар, яъне ҳамаи онҳоеро, ки ба лашкари Исроил мераванд, саросар дар шумор оваред».
[3] Ва Мусо ва Элъозори коҳин ба онҳо дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ, сухан ронда, гуфтанд:
[4] «Аз бистсола ва болотар дар шумор оваред, чунон ки Худованд ба Мусо ва ба банӣ‐Исроил, ки аз замини Миср берун омаданд, амр фармуда буд».
[5] Реубен, нахустзодаи Исроил: банӣ‐Реубен: аз Ҳанӯх қабилаи ҳанӯхиён, аз Фаллу қабилаи фаллуиён,
[6] Аз Ҳесрӯн қабилаи ҳесрӯниён, аз Кармӣ қабилаи кармиён.
[7] Инҳоянд қабилаҳои реубениён; ва дар шумор овардашудагони онҳо чилу се ҳазору ҳафтсаду сӣ нафар буданд.
[8] Ва банӣ‐Фаллу: Элиёб.
[9] Ва банӣ‐Элиёб: Намуил ва Дотон ва Абиром; ҳамон Дотон ва Абиром, ки калоншавандагони ҷамоат буда, ба зидди Мусо ва Ҳорун бо якҷоягии дастаи Қӯраҳ фитна андохта буданд, вақте ки онҳо ба зидди Худованд фитна андохтанд;
[10] Ва замин даҳони худро кушода, онҳоро бо Қӯраҳ фурӯ бурда буд, вақте ки он даста мурданд, ва оташ дусаду панҷоҳ нафарро сӯзонид, ва онҳо ба аломате мубаддал шуданд.
[11] Вале банӣ‐Қӯраҳ намурданд.
[12] Банӣ‐Шимъӯн бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Намуил қабилаи намуилиён, аз Ёмин қабилаи ёминиён, аз Ёкин қабилаи ёкиниён,
[13] Аз Зораҳ қабилаи зораҳиён, аз Шоул қабилаи шоулиён.
[14] Инҳоянд қабилаҳои шимъӯниён — бисту ду ҳазору дусад нафар.
[15] Банӣ‐Ҷод бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Сафӯн қабилаи сафӯниён, аз Ҳаҷҷӣ қабилаи ҳаҷҷиён, аз Шунӣ қабилаи шуниён,
[16] Аз Ознӣ қабилаи озниён, аз Эрӣ қабилаи эриён,
[17] Аз Арӯд қабилаи арӯдиён, аз Арэлӣ қабилаи арэлиён.
[18] Инҳоянд қабилаҳои банӣ‐Ҷод бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — чил ҳазору панҷсад нафар.
[19] Банӣ‐Яҳудо: Эр ва Ӯнон; ва Эр ва Ӯнон дар замини Канъон мурданд.
[20] Ва банӣ‐Яҳудо бар ҳасби қабилаҳои онҳо инҳоянд: аз Шело қабилаи шелоиён, аз Форас қабилаи форасиён, аз Зораҳ қабилаи зораҳиён.
[21] Ва банӣ‐Форас инҳоянд: аз Ҳесрӯн қабилаи ҳесрӯниён, аз Ҳомул қабилаи ҳомулиён.
[22] Инҳоянд қабилаҳои Яҳудо бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — ҳафтоду шаш ҳазору панҷсад нафар.
[23] Банӣ‐Иссокор бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Тӯлоъ қабилаи тӯлоиён, аз Фувво қабилаи фуввоиён,
[24] Аз Ёшув қабилаи ёшувиён, аз Шимрӯн қабилаи шимрӯниён.
[25] Инҳоянд қабилаҳои Иссокор бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — шасту чор ҳазору сесад нафар.
[26] Банӣ‐Забулун бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Сорад қабилаи сорадиён, аз Элӯн қабилаи элӯниён, аз Яҳлаил қабилаи яҳлаилиён.
[27] Инҳоянд қабилаҳои забулуниён бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — шаст ҳазору панҷсад нафар.
[28] Банӣ‐Юсуф бар ҳасби қабилаҳои онҳо: Менашше ва Эфроим.
[29] Банӣ‐Менашше: аз Мокир қабилаи мокириён; ва Мокир Ҷилъодро ба дуньё овард; аз Ҷилъод қабилаи ҷилъодиён.
[30] Инҳоянд банӣ‐Ҷилъод: аз Иозар қабилаи иозариён, аз Ҳелақ қабилаи ҳелақиён,
[31] Ва аз Асриил қабилаи асриилиён, ва аз Шокам қабилаи шокамиён,
[32] Ва аз Шамидоъ қабилаи шамидоиён, ва аз Ҳефар қабилаи ҳефариён.
[33] Ва Салофҳод ибни Ҳефар писаре надошт, балки духтаронаш буданд, ва номи духтарони Салофҳод ин аст: Маҳло, Нӯо, Ҳоҷло, Милко ва Тирсо.
[34] Инҳоянд қабилаҳои Менашше, ва дар шумор овардашудагони онҳо панҷоҳу ду ҳазору ҳафтсад нафар буданд.
[35] Инҳоянд банӣ‐Эфроим бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Шутолаҳ қабилаи шутолаҳиён, аз Бокар қабилаи бокариён, аз Таҳан қабилаи таҳаниён.
[36] Ва инҳоянд банӣ‐Шутолаҳ: аз Эйрон қабилаи эйрониён.
[37] Инҳоянд қабилаҳои банӣ‐Эфроим бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — сию ду ҳазору панҷсад нафар. Инҳоянд банӣ‐Юсуф бар ҳасби қабилаҳои онҳо.
[38] Банӣ‐Биньёмин бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Болаъ қабилаи болаиён, аз Ашбил қабилаи ашбилиён, аз Аҳиром қабилаи аҳиромиён,
[39] Аз Шафуфом қабилаи шафуфомиён, аз Ҳуфом қабилаи ҳуфомиён.
[40] Ва банӣ‐Болаъ инҳоянд: Ард ва Наамон; аз Ард қабилаи ардиён, аз Наамон қабилаи наамониён.
[41] Инҳоянд банӣ‐Биньёмин бар ҳасби қабилаҳои онҳо, ва дар шумор овардашудагони онҳо чилу панҷ ҳазору ҳаштсад нафар буданд.
[42] Инҳоянд банӣ‐Дон бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Шуҳом қабилаи шуҳомиён; инҳоянд қабилаҳои Дон бар ҳасби қабилаҳои онҳо.
[43] Ҳамаи қабилаҳои шуҳомиён бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — шасту чор ҳазору чорсад нафар буданд.
[44] Банӣ‐Ошер бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Йимно қабилаи йимноиён, аз Йишвӣ қабилаи йишвиён, аз Барио қабилаи бариоиён.
[45] Аз банӣ‐Барио: аз Ҳибар қабилаи ҳибариён, аз Малкиил қабилаи малкиилиён.
[46] Ва номи духтари Ошер Сораҳ буд.
[47] Инҳоянд қабилаҳои банӣ‐Ошер бар ҳасби дар шумор овардашудагони онҳо — панҷоҳу се ҳазору чорсад нафар буданд.
[48] Банӣ‐Нафтолӣ бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Яҳсаил қабилаи яҳсаилиён, аз Ҷунӣ қабилаи ҷуниён,
[49] Аз Есар қабилаи есариён, аз Шиллим қабилаи шиллимиён.
[50] Инҳоянд қабилаҳои Нафтолӣ бар ҳасби қабилаҳои онҳо, ва дар шумор овардашудагони онҳо чилу панҷ ҳазору чорсад нафар буданд.
[51] Инҳоянд дар шумор овардашудагони банӣ‐Исроил: шашсаду як ҳазору ҳафтсаду сӣ нафар.
[52] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[53] «Ба инҳо, бар ҳасби шумораи номҳо, замин бояд барои моликият тақсим карда шавад.
[54] Ба он ки сершумор аст, мулкашро зиёдтар бидеҳ, ва ба он ки камшумор аст, мулкашро камтар бидеҳ; ба ҳар яке мулки вай бояд мувофиқи дар шумор овардашудагонаш дода шавад.
[55] Замин бояд фақат аз рӯи қуръа тақсим карда шавад; бар тибқи номҳои сибтҳои падарони худ онҳо бояд мулк бигиранд.
[56] Ҳам ба онҳое ки сершуморанд, ва ҳам ба онҳое ки камшуморанд, мулкашон бояд аз рӯи қуръа тақсим карда шавад».
[57] Ва инҳоянд дар шумор овардашудагони Левӣ бар ҳасби қабилаҳои онҳо: аз Ҷершӯн қабилаи ҷершӯниён, аз Қаҳот қабилаи қаҳотиён, аз Марорӣ қабилаи марориён.
[58] Инҳоянд қабилаҳои Левӣ: қабилаи либниён, қабилаи ҳебрӯниён, қабилаи маҳлиён, қабилаи мушиён, қабилаи қӯраҳиён; ва Каҳот Амромро ба дуньё овард.
[59] Ва номи зани Амром Юкобад буд, ки ӯ духтари Левӣ буд, ва ӯро зани Левӣ дар Миср зоида буд; ва ӯ барои Амром Ҳорун ва Мусо ва хоҳарашон Марьямро зоид.
[60] Ва барои Ҳорун Нодоб, Абиҳу, Элъозор ва Итомор зоида шуданд.
[61] Вале Нодоб ва Абиҳу мурданд, вақте ки оташи бегонае ба ҳузури Худованд тақдим карданд.
[62] Ва дар шумор овардашудагони онҳо, яъне мардинае аз якмоҳа ва болотар, бисту се ҳазор нафар буданд; зеро ки онҳо дар миёни банӣ‐Исроил дар шумор оварда нашуда буданд, чунки ба онҳо дар миёни банӣ‐Исроил моликият дода нашудааст.
[63] Инҳоянд дар шумор овардашудагон ба воситаи Мусо ва Элъозори коҳин, вақте ки онҳо банӣ‐Исроилро дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун, дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ дар шумор оварданд.
[64] Ва дар миёни онҳо касе набуд аз онҳое ки Мусо ва Ҳоруни коҳин дар шумор оварда буданд, вақте ки банӣ‐Исроилро дар биёбони Сино дар шумор оварданд;
[65] Зеро ки Худованд ба онҳо гуфта буд: «Ба яқин онҳо дар биёбон хоҳанд мурд», ва аз онҳо, ба ҷуз Колеб ибни Ефунне ва Еҳушаъ ибни Нун, касе боқӣ намонд.