[1] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[2] «Ба банӣ‐Исроил амр фармо ва ба онҳо бигӯ: „Қурбонии Маро, яъне нони Маро, ки барои қурбонии оташини Ман аст, ва атри гуворои Ман аст, риоя намуда, дар сари вақташ тақдим кунед“.
[3] Ва ба онҳо бигӯ: ин аст қурбонии оташине ки бояд ба Худованд тақдим кунед: барраҳои нари яксолаи беайб, ҳар рӯз ду адад, барои қурбонии сӯхтании доимӣ.
[4] Як барраро дар субҳ тақдим намо, ва барраи дигарро шомгоҳ тақдим намо.
[5] Ва барои ҳадияи ордӣ — ба андозаи як ушри эфа орди маҳине ки бо чорьяк ҳин равғани зайтуни кӯфта омехта шуда бошад.
[6] Ин — қурбонии сӯхтании доимиест, ки дар кӯҳи Сино ҳамчун атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд ба амал оварда шуда буд.
[7] Ва ҳадияи рехтании он чорьяк ҳин барои ҳар барра аст; ин ҳадияи рехтании шаробро барои Худованд дар макони муқаддас бирез.
[8] Ва барраи дигарро шомгоҳ тақдим намо; мисли ҳадияи ордии субҳ ва мисли ҳадияи рехтании он тақдим намо, то ки қурбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд бошад.
[9] Ва дар рӯзи шанбе — ду барраи нари яксолаи беайб, ва барои ҳадияи ордӣ ду ушр орди маҳини омехта бо равған, ва ҳадияи рехтании он.
[10] Ин — қурбонии сӯхтанӣ барои ҳар рӯзи шанбе мебошад, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он.
[11] Ва дар навмоҳҳои худ қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд тақдим намоед: ду наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксолаи беайб,
[12] Ва ҳадияи ордӣ ба андозаи се ушр орди маҳини омехта бо равған барои ҳар наргов, ва ҳадияи ордӣ ба андозаи ду ушр орди маҳини омехта бо равған барои ҳар қӯчқор,
[13] Ва ҳадияи ордӣ ба андозаи як ушр орди маҳини омехта бо равған барои ҳар барра, то ки қурбонии сӯхтанӣ, атри гуворо, қурбонии оташин барои Худованд бошад.
[14] Ва ҳадияҳои рехтании онҳо — ба андозаи нисфи ҳин шароб барои ҳар наргов бояд бошад, ва сеяки ҳин барои ҳар қӯчқор, ва чорьяки ҳин барои ҳар барра; ин аст қурбонии сӯхтании ҳар як навмоҳ дар моҳҳои сол.
[15] Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он бояд тақдим карда шавад.
[16] Ва дар моҳи якум, дар рӯзи чордаҳуми моҳ, фисҳ барои Худованд аст.
[17] Ва дар рӯзи понздаҳуми ин моҳ ид аст; ҳафт рӯз бояд фатир хӯрда шавад.
[18] Дар рӯзи аввал ҷамъомади муқаддас аст, ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед.
[19] Ва қурбонии оташин, қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд тақдим кунед: ду наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксола; бигзор онҳо барои шумо беайб бошад.
[20] Ва ҳадияи ордии онҳо: орди маҳини омехта бо равған се ушр барои ҳар наргов, ва ду ушр барои ҳар қӯчқор тақдим кунед.
[21] Ва як ушр барои ҳар барра аз он ҳафт барра тақдим намо.
[22] Ва як нарбуз барои қурбонии гуноҳ, то ки шуморо кафорат намояд.
[23] Инҳоро ба иловаи қурбонии сӯхтании субҳ, ки қурбонии сӯхтании доимист, тақдим кунед.
[24] Ҳамин тавр ҳар рӯз аз он ҳафт рӯз ба амал оваред; нони ҳадияи оташин атри гуворо барои Худованд аст; ин бояд ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи рехтании он тақдим карда шавад.
[25] Ва дар рӯзи ҳафтум бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед.
[26] Ва дар рӯзи навбарҳо, вақте ки ҳадияи ордии тоза барои Худованд дар иди ҳафтаҳои худ тақдим менамоед, бигзор ҷамъомади муқаддас барои шумо бошад; ҳеҷ кори пурзаҳмат накунед.
[27] Ва қурбонии сӯхтание ҳамчун атри гуворо барои Худованд тақдим кунед: ду наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксола;
[28] Ва ҳадияи ордии онҳо: орди маҳини омехта бо равған се ушр барои ҳар наргов, ва ду ушр барои ҳар қӯчқор,
[29] Ва як ушр барои ҳар барра аз он ҳафт барра;
[30] Ва як нарбуз, то ки шуморо кафорат намояд.
[31] Онҳоро ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордии он тақдим намоед; бо ҳадияи рехтании онҳо; онҳо барои шумо беайб бошад.