[1] Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил дар моҳи якум ба биёбони Син расиданд, ва қавм дар Қодеш ӯрду заданд; ва Марьям дар он ҷо вафот ёфт, ва дар он ҷо дафн карда шуд.
[2] Ва барои ҷамоат об набуд, ва онҳо ба муқобили Мусо ва Ҳорун ҷамъ шуданд.
[3] Ва қавм бо Мусо низоъ карда, гуфтанд: «Кошки мо ҳам мемурдем, вақте ки бародарони мо ба ҳузури Худованд мурданд!
[4] Ва чаро ҷамоати Худовандро ба ин биёбон овардед, то ки мо ва чорпоёни мо дар ин ҷо бимирем?
[5] Ва чаро моро аз Миср берун овардед, то ки моро ба ин ҷои нобоб биёред, ки ҷои зироат ва анҷир ва ангур ва анор нест, ва об ҳам барои нӯшидан нест?»
[6] Ва Мусо ва Ҳорун аз пеши ҷамоат назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ омада, бар рӯи худ афтоданд; ва ҷалоли Худованд ба онҳо зоҳир шуд.
[7] Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:
[8] «Асоро бигир, ва ту ва бародарат Ҳорун ҷамоатро ҷамъ карда, пеши назари онҳо ба сахра бигӯед, ки оби худро бидиҳад: ва ту барои онҳо аз сахра об бароварда, ҷамоат ва чорпоёни онҳоро хоҳӣ нӯшонид».
[9] Ва Мусо асоро аз пеши Худованд гирифт, чунон ки ба ӯ амр фармуда буд.
[10] Ва Мусо ва Ҳорун ҷамоатро назди сахра ҷамъ карданд, ва ӯ ба онҳо гуфт: «Бишнавед, эй саркашон! Оё аз ин сахра об барои шумо берун оварем?»
[11] Ва Мусо дасти худро бардошта, сахраро бо асои худ ду карат зад, ва оби бисьёре берун омад; ва ҷамоат ва чорпоёни онҳо нӯшиданд.
[12] Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун гуфт: «Азбаски шумо ба Ман имон наовардед, то ки қудсияти Маро пеши назари банӣ‐Исроил нишон диҳед, бинобар ин, ин ҷамоатро ба замине ки ба онҳо ваъда кардаам, нахоҳед овард».
[13] Ин аст оби Мерибо , ҷое ки банӣ‐Исроил бо Худованд низоъ карданд, ва Ӯ қудсияти Худро дар миёни онҳо зоҳир сохт.
[14] Ва Мусо қосидонро аз Қодеш назди подшоҳи Адӯм фиристод, то ки бигӯянд: «Бародари ту Исроил чунин мегӯяд: тамоми машаққатеро, ки бар сари мо омадааст, ту медонӣ.
[15] Падарони мо ба Миср фурӯд омаданд, ва мо айёми зиёде дар Миср сокин будем, ва мисриён бо мо ва бо падарони мо рафтори бад карданд.
[16] Ва мо сӯи Худованд фиғон кашидем, ва Ӯ овози моро шунид, ва элчие фиристода, моро аз Миср берун овард, ва инак, мо дар Қодеш мебошем, ки шаҳрест дар канори ҳудуди ту.
[17] Лутфан, мо аз замини ту убур кунем, аз киштзор ва токзор нахоҳем гузашт, ва об аз чоҳҳо нахоҳем нӯшид; аз шоҳроҳ хоҳем рафт, ба тарафи рост ё чап тоб нахоҳем хӯрд, то даме ки аз ҳудуди ту убур кунем».
[18] Вале Адӯм ба ӯ гуфт: «Аз замини ман убур нахоҳӣ кард, вагар на ба пешвози ту бо шамшер берун хоҳам омад».
[19] Ва банӣ‐Исроил ба вай гуфтанд: «Мо аз роҳҳои ом равона хоҳем шуд, ва агар ман ва рамаи ман аз оби ту бинӯшем, қимати онро хоҳем дод; ҳеҷ зиёне ба ту нахоҳад расид, фақат бо пойҳоям убур хоҳам кард».
[20] Вале вай гуфт: «Убур нахоҳӣ кард!» Ва Адӯм бо қавми зиёде ва бо дасти қавӣ ба пешвози ӯ берун омад.
[21] Ва Адӯм розӣ нашуд, ки аз ҳудуди худ барои убур кардани Исроил роҳ диҳад; ва исроилиён аз пеши ӯ ба тарафи дигар рӯ оварданд.
[22] Ва онҳо аз Қодеш кӯч карданд, ва банӣ‐Исроил, тамоми ҷамоаташон, ба кӯҳи Ҳӯр расиданд.
[23] Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун дар кӯҳи Ҳӯр, назди сарҳади замини Адӯм, сухан ронда, гуфт:
[24] «Ҳорун ба қавми худ хоҳад пайваст, зеро ки ӯ ба замине ки Ман ба банӣ‐Исроил ваъда кардаам, дохил нахоҳад шуд, ба сабаби он ки шумо назди оби Мерибо аз амри Ман саркашӣ кардед.
[25] Пас, Ҳорунро бо писараш Элъозор бигир, ва онҳоро ба кӯҳи Ҳӯр барор.
[26] Ва либоси Ҳорунро бикаш, ва онро ба писараш Элъозор бипӯшон; ва Ҳорун дар он ҷо вафот карда, ба қавми худ хоҳад пайваст».
[27] Ва Мусо ончунон ки Худованд амр фармуда буд, амал кард, ва онҳо пеши назари тамоми ҷамоат ба кӯҳи Ҳӯр баромаданд.
[28] Ва Мусо либоси Ҳорунро кашид, ва онро ба писараш Элъозор пӯшонид, ва Ҳорун дар он ҷо, бар сари кӯҳ вафот ёфт; ва Мусо ва Элъозор аз кӯҳ фурӯд омаданд.
[29] Ва чун тамоми ҷамоат диданд, ки Ҳорун мурдааст, тамоми хонадони Исроил сӣ рӯз мотам гирифтанд.