Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Марьям ва Ҳорун Мусоро дар бораи зани ҳабашие ки гирифта буд, мазаммат карданд, зеро ки ӯ зани ҳабашӣ гирифта буд;

[2] Ва гуфтанд: «Оё Худованд фақат бо Мусо сухан рондааст? Ӯ, охир, бо мо низ сухан рондааст». Ва Худованд инро шунид.

[3] Ва Мусо марди бағоят фурӯтан буд, бештар аз ҳар одаме ки бар рӯи замин аст.

[4] Ва Худованд ногаҳон ба Мусо ва Ҳорун ва Марьям гуфт: «Ҳар сеятон сӯи хаймаи ҷомеъ берун оед». Ва ҳар сеяшон берун омаданд.

[5] Ва Худованд дар сутуни абр фурӯд омада, назди дари хайма истод, ва Ҳорун ва Марьямро хонд. Ва ҳар дуяшон берун омаданд.

[6] Ва Ӯ гуфт: «Суханони Маро бишнавед: агар дар миёни шумо набии Худованд бошад, Ман дар рӯъё ба вай зоҳир мешавам, дар хоб бо вай сухан меронам.

[7] Аммо бандаи Ман Мусо чунин нест; ӯ дар тамоми хонаи Ман амин аст.

[8] Ман бо ӯ рӯ ба рӯ ва ошкоро, ва на бо рамз, сухан меронам, ва ӯ симои Худовандро мебинад; пас, чаро шумо натарсида, бандаи Ман Мусоро мазаммат кардед?»

[9] Ва хашми Худованд бар онҳо аланга зад, ва Ӯ рафт.

[10] Ва абр аз болои хайма дур шуд, ва инак, Марьям аз махав мисли барф сафед шуда буд; ва Ҳорун ба Марьям назар андохт, ва инак, вай махавӣ гардидааст.

[11] Ва Ҳорун ба Мусо гуфт: «Лутфан, эй оғоям, бори ин гуноҳро, ки аҳмақона рафтор карда, гуноҳкор шудаем, ба гардани мо намон;

[12] Бигзор вай мисли мурдае нагардад, ки чун аз раҳими модараш берун ояд, нисфи баданаш пӯсида бошад».

[13] Ва Мусо сӯи Худованд фарьёд кашида, гуфт: «Лутфан, эй Худо, ба вай шифо бибахш!»

[14] Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Агар падараш ба рӯи вай туф мекард, оё вай ҳафт рӯз наҷис намешуд? Пас, бигзор вай ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ ҷудо гузошта шавад, ва баъд аз он баргардад».

[15] Ва Марьям ҳафт рӯз берун аз ӯрдугоҳ ҷудо гузошта шуд; ва қавм то вақти баргаштани Марьям кӯч накарданд.

[16] Ва баъд аз он, қавм аз Ҳасирӯт кӯч карда, дар биёбони Форон ӯрду заданд.

Китоби чоруми Мусо, Ададҳо — Chapters