Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун сухан ронда, гуфт:

[2] «Бигзор банӣ‐Исроил ҳар яке назди байрақи худ бар ҳасби нишонҳои хонадонашон хайма зананд; дар рӯ ба рӯи хаймаи ҷомеъ гирдогирд хайма зананд.

[3] Ва аз тарафи пеши шарқӣ аҳли байрақи ӯрдуи Яҳудо бар ҳасби фавҷҳошон хайма мезананд, ва раиси банӣ‐Яҳудо Наҳшӯн ибни Амминодоб аст;

[4] Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, ҳафтоду чор ҳазору шашсад нафаранд.

[5] Ва дар паҳлуи вай сибти Иссокор хайма мезананд, ва раиси банӣ‐Иссокор Натанъил ибни Суор аст;

[6] Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, панҷоҳу чор ҳазору чорсад нафаранд;

[7] Ва сонӣ сибти Забулун, ки раиси сибти Забулун Элиоб ибни Ҳилӯн аст;

[8] Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, панҷоҳу ҳафт ҳазору чорсад нафаранд.

[9] Ҳамаи дар шумор овардашудагон дар ӯрдуи Яҳудо бар ҳасби фавҷҳошон саду ҳаштоду шаш ҳазору чорсад нафаранд; онҳо бояд аввалин шуда кӯч кунанд.

[10] Байрақи ӯрдуи Реубен бояд ба тарафи ҷанубӣ бар ҳасби фавҷҳошон бошад, ва раиси банӣ‐Реубен Элисур ибни Шадиур аст;

[11] Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, чилу шаш ҳазору панҷсад нафаранд;

[12] Ва дар паҳлуи вай сибти Шимъӯн хайма мезананд, ки раиси банӣ‐Шимъӯн Шалумиил ибни Суришаддой аст;

[13] Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, панҷоҳу нӯҳ ҳазору сесад нафаранд;

[14] Ва сонӣ сибти Ҷод, ки раиси банӣ‐Ҷод Эльёсоф ибни Рауил аст;

[15] Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, чилу панҷ ҳазору шашсаду панҷоҳ нафаранд.

[16] Ҳамаи дар шумор овардашудагон дар ӯрдуи Реубен бар ҳасби фавҷҳошон саду панҷоҳу як ҳазору чорсаду панҷоҳ нафаранд; онҳо бояд дуюмин шуда кӯч кунанд.

[17] Ва ҳангоме ки хаймаи ҷомеъ кӯч кунад, ӯрдуи левизодагон дар миёни ӯрдуҳо хоҳад буд; чунон ки ист кардаанд, ончунон бояд ҳар яке дар ҷои ҳуд бар ҳасби байрақҳои худ кӯч кунанд.

[18] Байрақи ӯрдуи Эфроим бояд ба тарафи ғарбӣ бар тибқи фавҷҳошон бошад, ва раиси банӣ‐Эфроим Элишомоъ ибни Аммиҳуд аст;

[19] Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, чил ҳазору панҷсад нафаранд;

[20] Ва дар паҳлуи вай — сибти Менашше, ки раиси банӣ‐Менашше Ҷамлиил ибни Фадоҳсур аст;

[21] Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, сию ду ҳазору дусад нафаранд.

[22] Ва сонӣ — сибти Биньёмин, ки раиси банӣ‐Биньёмин Абидон ибни Ҷидъӯнӣ аст;

[23] Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, сию панҷ ҳазору чорсад нафаранд.

[24] Ҳамаи дар шумор овардашудагон дар ӯрдуи Эфроим бар ҳасби фавҷҳошон саду ҳашт ҳазору сад нафаранд; онҳо бояд сеюмин шуда кӯч кунанд.

[25] Байрақи ӯрди Дон бояд ба тарафи шимолӣ бар тибқи фавҷҳошон бошад, ва раиси банӣ‐Дон Аҳиозар ибни Аммишаддой аст;

[26] Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, шасту ду ҳазору ҳафтсад нафаранд.

[27] Ва дар паҳлуи вай сибти Ошер хайма мезананд, ки раиси банӣ‐Ошер Фаҷъиил ибни Окрон аст;

[28] Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, чилу як ҳазору панҷсад нафаранд.

[29] Ва сонӣ — сибти Нафтолӣ, ки раиси банӣ‐Нафтолӣ Аҳираъ ибни Энон аст;

[30] Ва фавҷи ӯ, ки дар шумор оварда шудаанд, панҷоҳу се ҳазору чорсад нафаранд.

[31] Ҳамаи дар шумор овардашудагон дар ӯрдуи Дон саду панҷоҳу ҳафт ҳазору шашсад нафаранд; онҳо бояд охирин шуда таҳти байрақҳои худ кӯч кунанд.

[32] Инҳоянд дар шумор овардашудагони банӣ‐Исроил бар ҳасби хонадонашон; ҳамаи дар шумор овардашудагони ӯрдуҳо бар ҳасби фавҷҳошон шашсаду се ҳазору панҷсаду панҷоҳ нафаранд».

[33] Валекин левизодагон дар миёни банӣ‐Исроил дар шумор оварда нашуданд, чунон қи Худованд ба Мусо амр фармуда буд.

[34] Ва банӣ‐Исроил мувофиқи ҳар он чи Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба амал оварданд; ҳамин тавр таҳти байрақҳои худ хайма мезаданд, ва ҳамин тавр ҳар яке бар ҳасби қабила ва хонадони худ кӯч мекарданд.

Китоби чоруми Мусо, Ададҳо — Chapters