Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва банӣ‐Исроил кӯч карда, дар даштҳои Мӯоб, дар он тарафи Урдун, дар наздикии Ериҳӯ ӯрду заданд.

[2] Ва Болоқ ибни Сипӯр ҳар он чиро, ки Исроил ба амӯриён карда буд, дид;

[3] Ва Мӯоб аз ин қавм бағоят ҳаросон шуд, зеро ки онҳо сершумор буданд; ва Мӯоб аз банӣ‐Исроил дар изтироб афтод.

[4] Ва Мӯоб ба пирони Мидьён гуфт: «Алҳол ин ҷамоат ҳар он чиро, ки дар атрофи мост, хоҳанд лесид, чунон ки барзагов сабзаи саҳроро мелесад». Ва Болоқ ибни Сипӯр дар он замин подшоҳи Мӯоб буд.

[5] Ва ӯ қосидонро ба Фатӯр, ки дар соҳили наҳр аст, назди Билъом ибни Баӯр, ба замини писарони қавми вай фиристод, то ки варо хонда, бигӯянд: «Инак, қавме аз Миср берун омадаанд, ва онҳо рӯи заминро пӯшонидаанд, ва рӯ ба рӯи ман маскан гирифтаанд.

[6] Ва алҳол, лутфан, омада, ин қавмро лаънат намо, зеро ки онҳо аз ман қавитаранд: шояд, комьёб шавам, ва мо онҳоро зарба занем, ва ман онҳоро аз ин замин бадар ронам; зеро ки медонам: ҳар киро ту баракат диҳӣ, муборак хоҳад буд, ва ҳар киро лаънат намоӣ, малъун хоҳад буд».

[7] Ва пирони Мӯоб бо пирони Мидьён рафтанд, ва музди ҷодугарии вай дар дасташон буд, ва назди Билъом омада, суханони Болоқро ба вай гуфтанд.

[8] Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Имшаб дар ин ҷо бимонед, ва чӣ тавре ки Худованд ба ман бигӯяд, ба шумо ҷавоб хоҳам гардонид». Ва сарварони Мӯоб назди Билъом монданд.

[9] Ва Худо назди Билъом омада, гуфт: «Кистанд ин касоне ки назди ту мебошанд?»

[10] Ва Билъом ба Худо гуфт: «Болоқ ибни Сипӯр, подшоҳи Мӯоб, назди ман фиристодааст, ки:

[11] „Инак, қавми аз Миср баромадае рӯи заминро пӯшонидаанд; акнун омада, онҳоро аз барои ман лаънат намо: шояд, комьёб шавам, ки ба онҳо ҷанг карда, онҳоро бадар ронам“».

[12] Ва Худо ба Билъом гуфт: «Бо онҳо нарав, он қавмро лаънат нанамо, зеро ки онҳо қавми мубораканд».

[13] Ва Билъом бомдодон бархоста, ба сарварони Болоқ гуфт: «Ба замини худ биравед, зеро Худованд намехоҳад ба ман изн диҳад, ки бо шумо биравам».

[14] Ва сарварони Мӯоб бархостанд, ва назди Болоқ омада, гуфтанд: «Билъом розӣ нашуд, ки бо мо биёяд».

[15] Ва Болоқ боз сарваронеро фиристод, ки назар ба инҳо бештар ва мӯҳтарамтар буданд.

[16] Ва онҳо назди Билъом омада, ба вай гуфтанд: «Болоқ ибни Сипӯр чунин мегӯяд: „Лутфан, аз омадан назди ман рӯй нагардон.

[17] Зеро ки туро бағоят иззату икром хоҳам кард, ва ҳар он чи ба ман бигӯӣ, ба ҷо хоҳам овард; лутфан, омада, аз барои ман ин қавмро лаънат намо“».

[18] Ва Билъом ҷавоб гардонида, ба бандагони Болоқ гуфт: «Агарчи Болоқ хонаи худро пур аз нуқра ва тилло ба ман бидиҳад, фармони Худованд Худои худро наметавонам поймол намуда, кори хурде ё бузурге бикунам;

[19] Ва алҳол, лутфан, шумо низ имшаб дар ин ҷо бимонед, то бидонам, ки Худованд ба ман боз чӣ хоҳад гуфт».

[20] Ва Худо шабона назди Билъом омада, ба вай гуфт: «Модоме ки ин одамон барои хондани ту омадаанд, бархоста, бо онҳо бирав; вале фақат он чиро, ки ман ба ту хоҳам гуфт, ба амал овар».

[21] Ва бомдодон Билъом бархост, ва модахари худро зин карда, бо сарварони Мӯоб равона шуд.

[22] Ва хашми Худо барои рафтани ӯ аланга зад, ва фариштаи Худованд дар роҳ истод, то ки ба ӯ мамониат расонад; ва ӯ бар модахараш савор буд, ва ду навкараш ҳамроҳаш буданд.

[23] Ва модахар фариштаи Худовандро дид, ки дар сари роҳ истодааст, ва шамшери бараҳнааш дар дасти ӯст, — ва модахар аз роҳ тоб хӯрда, ба киштзор рафт; ва Билъом модахарро зад, то ки онро ба роҳ баргардонад.

[24] Ва фариштаи Худованд дар пайроҳае дар миёни токзор истод, ки деворе ба ин тарафаш ва деворе ба он тарафаш буд.

[25] Ва модахар фариштаи Худовандро дида, худро ба девор часпонид, ва пои Билъомро ба девор фушурд; ва ӯ боз онро зад.

[26] Ва фариштаи Худованд онсӯтар гузашта, дар макони танге истод, ки барои гаштан ба тарафи рост ё чап роҳе набуд.

[27] Ва модахар фариштаи Худовандро дида, зери Билъом хобид; ва хашми Билъом аланга зад, ва ӯ модахарро бо таёқаш задан гирифт.

[28] Ва Худованд даҳони модахарро кушод, ва он ба Билъом гуфт: «Ба ту чӣ кардаам, ки маро ин се карат задӣ?»

[29] Ва Билъом ба модахар гуфт: «Зеро ки ту маро ба хашм овардӣ; агар шамшер дар дастам мебуд, алҳол туро мекуштам».

[30] Ва модахар ба Билъом гуфт: «Ман, охир, модахари ту ҳастам, ки дер вақт боз ва то имрӯз ту бар ман савор мешавӣ; оё ягон вақт ман одат доштам, ки бо ту чунин рафтор кунам!» Ва ӯ гуфт: «Не».

[31] Ва Худованд чашмони Билъомро кушод, ва ӯ фариштаи Худовандро дид, ки дар сари роҳ истодааст, ва шамшери бараҳна дар дасташ; ва ӯ хам шуда, пеши вай саҷда кард.

[32] Ва фариштаи Худованд ба ӯ гуфт: «Аз барои чӣ модахари худро ин се карат задӣ? Инак, ман баромадаам, то ки ба ту мамониат расонам, зеро ки ин роҳ ба муддаои табъи ман нест;

[33] Ва модахар маро дида, ин се карат худро аз ман канор гирифт; агар он худро аз ман канор намегирифт, ман ҳатто туро алҳол мекуштам, вале онро зинда мегузоштам».

[34] Ва Билъом ба фариштаи Худованд гуфт: «Ман гуноҳ кардам, зеро надонистам, ки ту ба пеши ман дар сари роҳ истодаӣ; ва алҳол, агар ин дар назарат бад бошад, ман хоҳам баргашт».

[35] Ва фариштаи Худованд ба Билъом гуфт: «Бо ин одамон бирав, валекин фақат суханеро, ки ман ба ту хоҳам гуфт, бигӯ». Ва Билъом бо сарварони Болоқ рафт.

[36] Ва Болоқ омадани Билъомро шунида, ба пешвози ӯ ба шаҳри Мӯоб, ки дар сарҳади Арнӯн, дар канори худудаш буд, берун омад.

[37] Ва Болоқ ба Билъом гуфт: «Ман, охир, барои хондани ту фиристода будам; пас, чаро назди ман наомадӣ? Оё ҳақиқатан гумон мекунӣ, ки ман наметавонам туро иззату икром намоям?»

[38] Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Инак, назди ту омадаам; алҳол, оё ман метавонам чизе бигӯям? Он чи Худо дар даҳонам бигузорад, ҳамонро хоҳам гуфт».

[39] Ва Билъом бо Болоқ рафт, ва онҳо ба Қирьят‐Ҳусӯт расиданд.

[40] Ва Болоқ говон ва гӯсфандон забҳ кард, ва назди Билъом ва сарвароне ки бо ӯ буданд, фиристод.

[41] Ва бомдодон Болоқ Билъомро гирифт, ва ӯро ба баландиҳои Баал баровард; ва ӯ аз он ҷо як қисми қавмро мушоҳида намуд.

Китоби чоруми Мусо, Ададҳо — Chapters