Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва дар рӯзи якуми моҳи дуюм, дар соли дуюми берун омаданашон аз замини Миср, Худованд ба Мусо дар биёбони Сино дар хаймаи ҷомеъ сухан ронда, гуфт:

[2] «Саршумории тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳошон, мувофиқи адади номҳошон, — ҳамаи мардҳоро саросар ба амал оваред.

[3] Аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки дар Исроил ба лашкар мераванд, — ту ва Ҳорун онҳоро бар тибқи фавҷҳошон дар шумор оваред.

[4] Ва ҳамроҳи шумо як нафар аз ҳар сибт хоҳад буд, ки ҳар яке раиси хонадони худ бояд бошад.

[5] Ва ин аст номҳои шахсоне ки ҳамроҳи шумо хоҳанд буд: аз Реубен — Элисур ибни Шадиур;

[6] Аз Шимъӯн — Шалумиил ибни Суришаддой;

[7] Аз Яҳудо — Наҳшӯн ибни Амминодоб;

[8] Аз Иссокор — Натанъил ибни Суор;

[9] Аз Забулун — Элиоб ибни Ҳилӯн;

[10] Аз писарони Юсуф: аз Эфроим — Элишомоъ ибни Аммиҳуд; аз Менашше — Ҷамлиил ибни Фадоҳсур;

[11] Аз Биньёмин — Абидон ибни Ҷидъӯнӣ;

[12] Аз Дон — Аҳиозар ибни Аммишаддой;

[13] Аз Ошер — Фаҷъиил ибни Окрон;

[14] Аз Ҷод — Эльёсоф ибни Дауил;

[15] Аз Нафтолӣ — Аҳираъ ибни Энон.

[16] Ҳаминҳоянд даъватшудагони ҷамоат, раисони сибтҳои падаронашон, ки сарварони ҳазораҳои Исроил мебошанд».

[17] Ва Мусо ва Ҳорун ин шахсонро, ки номҳошон зикр ёфт, гирифтанд.

[18] Ва тамоми ҷамоатро дар рӯзи якуми моҳи дуюм ҷамъ карданд, ва онҳо насабномаҳои худро бар ҳасби қабилаҳо ва хонадонҳои худ, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар саросар эълон намуданд,

[19] Чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд; ва ӯ онҳоро дар биёбони Сино дар шумор овард.

[20] Ва банӣ‐Реубен, нахустзодаи Исроил, бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳошон, саросар ҳамаи мардҳои аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

[21] Дар шумор овардашудагон аз сибти Реубен чилу шаш ҳазору панҷсад нафар буданд.

[22] Аз банӣ‐Шимъӯн бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳои саросар дар шумор овардашудагон, ҳамаи мардҳои аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

[23] Дар шумор овардашудагон аз сибти Шимъӯн панҷоҳу нӯҳ ҳазору сесад нафар буданд.

[24] Аз банӣ‐Ҷод бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

[25] Дар шумор овардашудагон аз сибти Ҷод чилу панҷ ҳазору шашсаду панҷоҳ нафар буданд.

[26] Аз банӣ‐Яҳудо бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

[27] Дар шумор овардашудагон аз сибти Яҳудо ҳафтоду чор ҳазору шашсад нафар буданд.

[28] Аз банӣ‐Иссокор бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

[29] Дар шумор овардашудагон аз сибти Иссокор панҷоҳу чор ҳазору чорсад нафар буданд.

[30] Аз банӣ‐Забулун бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

[31] Дар шумор овардашудагон аз сибти Забулун панҷоҳу ҳафт ҳазору чорсад нафар буданд.

[32] Аз писарони Юсуф: аз банӣ‐Эфроим бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

[33] Дар шумор овардашудагон аз сибти Эфроим чил ҳазору панҷсад нафар буданд.

[34] Аз банӣ‐Менашше бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

[35] Дар шумор овардашудагон аз сибти Менашше сию ду ҳазору дусад нафар буданд.

[36] Аз банӣ‐Биньёмин бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

[37] Дар шумор овардашудагон аз сибти Биньёмин сию панҷ ҳазору чорсад нафар буданд.

[38] Аз банӣ‐Дон бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

[39] Дар шумор овардашудагон аз сибти Дон шасту ду ҳазору ҳафтсад нафар буданд.

[40] Аз банӣ‐Ошер бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

[41] Дар шумор овардашудагон аз сибти Ошер чилу як ҳазору панҷсад нафар буданд.

[42] Аз банӣ‐Нафтолӣ бар ҳасби насабномаи қабила ва хонадонашон, мувофиқи адади номҳо, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки ба лашкар мераванд, —

[43] Дар шумор овардашудагон аз сибти Нафтолӣ панҷоҳу се ҳазору чорсад нафар буданд.

[44] Инҳоянд дар шумор овардашудагон, ки Мусо ва Ҳорун бо раисони Исроил дар шумор оварданд, — бо он дувоздаҳ нафар, ки ҳар яке аз як хонадони онҳо буданд.

[45] Ва ҳамаи дар шумор овардашудагони банӣ‐Исроил бар ҳасби хонадонашон, аз бистсола ва болотар, ҳамаи онҳое ки дар Исроил ба лашкар мераванд, —

[46] Ҳамаи дар шумор овардашудагон шашсаду се ҳазору панҷсаду панҷоҳ нафар буданд.

[47] Валекин левизодагон бар ҳасби сибти падаронашон дар миёни онҳо дар шумор оварда нашуданд,

[48] Зеро ки Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфта буд:

[49] «Аммо сибти Левиро дар шумор наовар, ва саршумории онҳоро дар миёни банӣ‐Исроил ба амал наовар,

[50] Балки левизодагонро бар маскани шаҳодат ва бар тамоми колои он ва бар ҳар чизе ки ба он тааллуқ дорад, таъин намо; бигзор онҳо маскан ва тамоми колои онро бардоранд ва хизмати онро ба ҷо оваранд, ва дар атрофи маскан хайма зананд;

[51] Ва дар вақти кӯч кардани маскан левизодагон онро фурӯд оваранд, ва дар вақти ист кардани маскан левизодагон онро барқарор намоянд; ва шахси бегонае ки ба он наздик меояд, кушта хоҳад шуд.

[52] Ва банӣ‐Исроил бояд ҳар яке дар ӯрдугоҳи худ ва ҳар яке назди байрақи худ бар ҳасби фавҷҳои худ хайма зананд.

[53] Ва левизодагон дар атрофи маскани шаҳодат хайма хоҳанд зад, то ки ғазабе бар ҷамоати банӣ‐Исроил ба амал наояд; ва левизодагон посбонии маскани шаҳодатро ба ҷо хоҳанд овард».

[54] Ва банӣ‐Исроил ба амал оварданд; чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ончунон ба амал оварданд.

Китоби чоруми Мусо, Ададҳо — Chapters