[1] Овозае ба гӯшам расид, ки дар байни шумо зино пайдо шудааст, он ҳам чунон зино, ки ҳатто дар байни бутпарастон шунида нашудааст, яъне шахсе зани падари худро гирифтааст.
[2] Ва шумо мағрур шудаед, ба ҷои он ки мотам гиред, то он касе ки чунин коре кардааст, аз миёни шумо бадар шавад.
[3] Зеро ки ман, агарчи ҷисман ғоибам, лекин рӯҳан ҳозирам, аллакай, гӯё ки назди шумо бошам, дар ҳаққи шахсе ки чунин коре кардааст, ҳукм намудам:
[4] Ба исми Худованди мо Исои Масеҳ, вақте ки шумо бо якҷоягии рӯҳи ман ва бо қуввати Худованди мо Исои Масеҳ ҷамъ шавед,
[5] Он шахс барои ҳалокати ҷисмаш ба шайтон супурда шавад, то ки рӯҳаш дар рӯзи Худованди мо Исои Масеҳ наҷот ёбад.
[6] Фахри шумо хуб нест. Оё намедонед, ки андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад?
[7] Пас, хамиртуруши кӯҳнаро тоза кунед, то ки шумо хамири нав бошед, чунки шумо бе хамиртуруш ҳастед, зеро ки Фисҳи мо , Масеҳ, барои мо забҳ шудааст.
[8] Бинобар ин идро на бо хамиртуруши кӯҳна, на бо хамиртуруши шарорат ва макр, балки бо фатири покӣ ва ростӣ ба ҷо хоҳем овард.
[9] Ба шумо дар нома навиштаам, ки бо зинокорон алоқа накунед;
[10] Лекин на умуман бо зинокорони ин ҷаҳон, ё бо ҳаромризқон, ё бо ғоратгарон, ё бо бутпарастон, зеро дар ин сурат шуморо лозим меомад, ки аз ҷаҳон берун шавед;
[11] Балки ба шумо навиштаам, ки бо касе алоқа накунед, ки худро бародар номида, зинокор, ё ҳаромризқ, ё бутпараст, ё бадзабон, ё бадмаст, ё ғоратгар шуда мондан мегирад; бо чунин одам якҷоя хӯрок ҳам нахӯред.
[12] Зеро ки чаро ман ба онҳое ки дар берунанд, доварӣ кунам? Оё шумо ба онҳое ки дар дохиланд, доварӣ намекунед?
[13] Ба онҳое ки дар берунанд, Худо доварӣ мекунад. Пас шумо фосиқро аз миёни худ бадар кунед.